БОРГОҲИ ИЛМУ МАЪРИФАТ

Имсол ба таъсис ёфтани факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сӣ сол пур шуд.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳанӯз солҳои шастум як шӯъбаи журналистика дар таркиби факултаи филология амал мекард. 

Соли 1992 бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ факултаи журналистика ва тарҷумонӣ арзи ҳастӣ намуд. Он дар заминаи шӯъбаи аввалаи журналистика ва гурӯҳи ихтисосии тарҷумонии факултаи филология созмон  ёфтааст. Он вақт ҳамагӣ 130 нафар донишҷӯ дошт. Дар факултет «Кафедраи матбуот», «Телевизион ва радио», «Услубшиносӣ ва таҳрири адабӣ», «Журналистика ва адабиёти хориҷӣ» , «Тарҷумонӣ»  фаъолият мекард. Ба ғайр аз омӯзгорони худӣ боз аз радиову телевизион ва матбуот журналистони шинохта омада, ба донишҷӯён дарс мегуфтанд, таҷрибаи кории худро меомӯзонданд.
«Кафедраи матбуот»-ро гоҳо «Кафедраи Воҳид Асрорӣ» низ мегуфтанд. Зеро шодравон Воҳид Асрорӣ умре барои қомат рост кардану нуфуз пайдо намудани ин факултаи навтаъсис талош варзид ва  якчанд нафар омӯзгорони  ҷавонро   ҷалб намуд, ки онҳо ҳам ҳастии худро баҳри равнақи ин боргоҳи илму маърифат бахшидаанд.
Профессор Иброҳим Усмонов нахустин декани факултаи журналистика ва тарҷумонӣ буд. Ӯ дар як мусоҳибаи тӯлонии хеш бо рӯзноманигорон Қироншоҳ Шарифзода ва Меҳрофарин Наҷевуллоев (устоду шогирд) мегӯяд, ки: «Дар ҳамин замон (1980-1983) муаллим Асрорӣ чанд нафар ҷавон, ба мисли Пайванди Гулмуродзода, Муртазо Зайниддинов ва  Аъзамҷон Азимовро аспирант гирифтанд ва ба онҳо асрори касб омӯхтанд». 
– Имрӯзҳо факулта бо вазорату идораҳои гуногун, ба монанди Вазорати фарҳанг, Иттифоқи журналистон, Академияи ВАО, бахшҳои гуногуни макотиби олии берун аз Тоҷикистон ҳамкориро роҳандозӣ намудааст ва торафт пойгоҳи моддиву техникиаш мустаҳкам мегардад, – мегӯяд декани кунунии факулта Абдумӯъмин Қутбиддинов. – Дар факулта бахши алоҳидаи радиошунавонӣ таъсис дода шудааст, ки донишҷӯёни гурӯҳи телевизион ва радио дарсҳои амалии худро он ҷо мегузаронанд.
Сангин Гулов, Мурод Муродӣ, Қироншоҳ Шарифзода, Ҷовид Муқим, Саъдулло Ҳайдарӣ ва боз якчанд тан аз омӯзгорон дар факулта роҳи устодони шодравон Воҳид Асрорӣ, Пайванди Гулмуродзода, Асадулло Саъдуллоев, Баҳриддин Камолиддиновҳоро идома мебахшанд. Ин боргоҳи илму маърифат шогирдони бешумор ба ҷодаи матбуот, радиову телевизион тайёр кардааст. Дар матбуоти Ӯзбекистон ҳам чандин нафар дастпарварони шӯъбаву факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ фаъолият мебаранд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ҶИЗЗАХ – ДУШАНБЕ – ҶИЗЗАХ.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: