РУШДИ САЙЁҲӢ САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ РУШДИ КИШВАР

Вазорати туризм ва мероси фарҳангӣ бо рӯзномаи “Овози тоҷик” ҳамеша аз наздик ҳамкорӣ карда меояд.

Ин бесабаб нест, зеро ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони маҳалливу хориҷӣ ба ҷойҳои таърихиву меъморӣ ва зиёратгоҳҳои мамлакатамон аз авлавияти вазифаҳои моро ташкил мекунад. Дар ин самт тибқи дастурҳои Президент корҳои зиёд ба сомон расонида мешаванд, ки натиҷаҳои он дар ҷараёни як нишасти хабарӣ ба ҷамъи журналистони маҳалливу хориҷӣ ироа гардид.
Дар се-чаҳор соли охир мо дар мавриди рушди туризм ё гардишгарӣ ба нишондиҳандаҳои баланд ноил шудем. Аммо ин ҳаргиз моро қонеъ намегардонад ва нуқтаи охир низ нест. Дар ҳар маҷлису ҷамъомад ҷонишини Сарвазир – вазири туризм ва мероси фарҳангӣ Азиз Абдуҳакимов аз мо тақозо менамояд, ки шумораи пресстурҳоро афзоиш диҳем ва журналистони маҳалливу хориҷӣ имкон пайдо кунанд, ки он ҷойҳои барои сайёҳон қобили таваҷҷуҳро аввал рафта бо чашмони худ бубинанд, дар бораи он мавод интишор намоянд. 
Бемуҳобот, гуфта метавонам, ки дар рӯзномаи “Овози тоҷик” аз натиҷаи ин сафарҳои матбуотӣ маводи зиёд ба табъ расидаанд, ки қобили эътироф мебошад.
Дар нишасти матбуотии навбатӣ, ки дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавии назди Дастгоҳи Президент баргузор гардид, намояндагони  вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ оид ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати такмили заминаи меъёрию ҳуқуқии соҳа, дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, таҳкими иқтидори кадрӣ ва ҷалби сармоя маълумоти муфассал доданд.
Соли 2021 ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Ӯзбекистон  дар маҷмӯъ ҳудуди 1 миллиону 881 ҳазору 345 нафарро ташкил намуд ва аз ин ҳисоб содири хадамоти туризм ба 422,1 миллион доллари ИМА расид. Баъди пандемия таваҷҷуҳи асосӣ ба барқарор намудани туризми дохилӣ ва роҳандозии сафарҳои мунтазами мардуми кишвар буд. 
Он сол теъдоди равуокунандагон барои сафару боздид аз шаҳру вилоятҳо, хоссатан, аз шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон  6 миллион нафарро фаро гирифт. Дар вилоятҳои кишварамон 133 меҳмонхонаи нав (бо 3384 ҳуҷра) ва 210 хостел (бо 1946 ҳуҷра) таъсис дода шуд.
Барои ба шабакаҳои интернет васл намудани объектҳои туристӣ соли равон 702 нуқтаи Wi-Fi ба роҳ монда шуд ва дар саросари ҷумҳурӣ ин рақам ба 3450 адад расид. Дар баробари ин, аввали сол барои беҳбуди инфрасохтори сайёҳӣ ва идоракунии дурусти самтҳои сайёҳӣ-мусофирӣ ё аз хатсайр бероҳа нашудани сайёҳон 1747 аломати  нишондиҳандаи роҳи сайёҳӣ насб гардид, 437 адади он дар соли 2021 анҷом дода шудааст.
Ҳоло яке аз ҷиҳатҳои кори хуби мардуми мо барои ҷалби сайёҳон ташкил намудани меҳмонхонаҳои оилавӣ мебошад. Шумораи умумии меҳмонхонаҳои оилавӣ дар ҷумҳурӣ  ба 2458 расид. Гузашта аз ин, дар амал татбиқ намудани нақшаҳо мунҷар ба он гардид, ки соли равон 137 ташкилоти нав ба сайёҳон хизмат расонад. Ҳоло шумораи умумии он ба 1 ҳазору 483 расидааст.
Дар саросари ҷумҳурӣ, ки мавзеъҳои туристиро соҳиб мебошанд,  бунгоҳҳои санитариву эпидемиологӣ, шабакаҳои фурӯши сӯзишворӣ барои нақлиёт ташкил карда шуданд. Инчунин, роҳҳои зиёди мошингард тармим гардиданд.
Масъалаи дигаре, ки дар ин нишасти хабарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, дастгирии субъектҳои соҳибкорие мебошад, ки маҳз ба соҳаи туризм фаъолиятҳои худро равона хоҳанд кард. Агар ба таври мушаххас гуфтанӣ бошем:
– 58 нафар туроператорҳо ва гидҳо барои таҳия ва таблиғи маҳсулоти нави сайёҳӣ ва иҷрои корҳои марбут ба ин самт 510 миллион сӯм грант гирифтанд;
– барои қисман пӯшонидани хароҷоти туроператорҳо барои чиптаҳои ҳавопаймо ва роҳи оҳан ба маблағи 102,9 миллион сӯм субсид ҷудо карда шуд;
– ба ташаббускорони 4 лоиҳа барои ташкили хидматрасонӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ, хариди маҳсулоти хӯрокворӣ, инчунин таъмин намудани тӯҳфаҳои хотиравӣ 281  миллион сӯм маблағҳои грант ихтисос дода шуданд.
Метавонем ин рақамҳоро боз давом диҳем. Аммо матлаби асосӣ аз ҳамин иборат аст, ки таҳти раҳнамоии Президенти мамлакат рушди сайёҳӣ хеле аҳамияти вижа касб намудааст. 
Дар соли 2021 арзиши умумии ҳамаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ 6,9 триллион сӯмро ташкил дод. Агар то охири сол 490 лоиҳаи пешбинишуда амалӣ гардад, бидуни ягон шубҳа 6 ҳазору 850 ҷойи нави кор таъсис меёбад.
Барои фарохтар намудани домани корҳое, ки марбут ба туризм мебошанд, як қатор чорабиниҳои зарурӣ мадди назар гирифта шудаанд. Яке аз масъалаҳои умда таъмини кадрҳо мебошад. Вазорати туризм ва мероси фарҳангӣ ба ин ҷиҳати кор низ таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунад. 
Ғайр аз 3 ҳазору 207 нафар донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимии касбии системаи вазорат таҳсил мекунанд, ҳамзамон барои 899 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ–коллеҷу техникумҳои тобеи Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ дар Донишкадаи сайёҳӣ ва мероси маданӣ чорабиниҳои такмили касб гузаронида шуд.
Вазорат дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалие, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунад (мисли ТИКА ва СЕСРИС), барои 150 нафар донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ машғули таҳсил мебошанд, аз рӯйи ихтисоси туризм курсҳои омӯзишӣ ташкил намуд. Дар пайи ин, таъмини хатмкунандагони муассисаҳои туризм бо ҷойи кор платформаи электронии “travel-job.uz”  ба кор андохта шуд.
Дар водии Фарғона вилояти Андиҷон дорои салоҳияти зиёди туризм мебошад. Инчунин, 27-29 июни соли равон ҳайате таҳти сарпарастии Азиз Абдуҳакимов дар ёздаҳумин иҷлосияи конфронси Вазорати туризми Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Боку ширкат кард. Дар ин ҷо шаҳри Хива ба ҳайси Пойтахти дунёи ислом эълон гардид. 

Лола РАҲМОНӢ,
раҳбари 
Маркази ахбори
Вазорати туризм
 ва мероси 
фарҳангии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: