«БОЗГАШТ»-И ҶОМӢ ВА НАВОӢ БА САМАРҚАНД

Дар асоси дархосту супориши сарвари давлатамон дар майдони Регистон наворбардории филми муштараки коргардонҳои тоҷику ӯзбек оғоз хоҳад ёфт.

Дар ин бора дар тадбири  аксияи «Кинокорвон», ки дар майдони Регистон ба вуқуъ пайваст, директори Агентии кинематографияи  Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов ба ҳаводорони синамо иттилоъ дод.
Бояд таъкид намуд, ки шоири ширинкалому хушбаёни лирикии форсу тоҷик Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ пас аз 20-солагӣ аз Ҳирот ба Самарқанд омада, аз олимони маъруф Қозизодаи Румӣ ва Файзуллои Абулайсӣ  сабақ гирифт.
Аз байн чандин сол сипарӣ шуд ва ӯ ҳамчун сухандону сухансанҷу суханпардози номдори форсу тоҷик ба бисёр навқаламон устодӣ кард.
Яке аз шогирдони бовафо ва дӯсти арҷманду ҷонсӯзаш асосгузори адабиёти ӯзбек  Алишер Навоӣ буд, ки бо тахаллуси Фонӣ ба тоҷикӣ менавишт. Эшон на танҳо дар Ҳирот, инчунин дар Самарқанд ҳамкорӣ ва суҳбати дилнишину самимӣ доштанд, ки дар филми муштараки Тоҷикистону  Ӯзбекистон акс хоҳад ёфт. 
Албатта, чеҳраҳои маъруфу номдор  чун алломаҳои адабиёти классикии форсу тоҷикро офаридан аз таҳиягарон ва ҳунарпешагони синамо масъулият, маҳорат ва ба далели таърихӣ такя карданро талаб мекунад. 
Умед дорем, ба ҳалли масъалаҳои муҳим Ҷомӣ ва навоишиносон кумаки беғаразона хоҳанд расонд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: