ҚӮҚАНДИ ЛАТИФ – МИЗБОНИ МАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Бо ибтикории Вазорати фарҳанг ва туризм, Вазорати мактабҳои олӣ ва инноватсияҳои ҷумҳурӣ, ҳокимияти вилояти Фарғона таҳти унвони «Golden Valley Marathon» баргузор гардид.

Дар он сокинони шаҳру ноҳияҳои Қӯқанд, Фарғона, Андиҷон ва Намангон, инчунин  як гурӯҳ ҷавонон ширкат карданд, ки аз кишварҳои гуногун омада, дар муассисаҳои таҳсилоти олии шаҳрҳои водии Фарғона машғули таҳсил мебошанд.

Ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруфҷон Усмонов ҷамъи иштирокчиёни чорабиниро самимона хайрамақдам гуфт. 
Аз майдони назди «Ӯрдаи Худоёрхон» ба иштирокчиёни марафон старт дода шуд. Онҳо масофаҳои ду ва панҷ километрро дар атрофи чунин ҷойи таърихии Қӯқанд тай карданд. Ҳар як ғолиби ҷойҳои ифтихории ин марафонро ҳайкалчаи махсуси Golden Valley Marathon, кубок, диплом ва мукофотҳои пулӣ интизор буд. 
Дере нагузашта аввалин ғолибони мусобиқаи давидан ба масофаи ду километр ба финиш омада расиданд. Баъд ба онҳо ғолибони давидан ба масофаи панҷ километри ин мусобиқа пайвастанд. Дар маросими тантанавӣ ҳар як ғолиби ин марафон сазовори мукофотҳо гардиданд. Мукофотҳоро сардори Садорати гвардияи миллии вилояти Фарғона, полковник Шавкат Акбаров ва муовини ҳокими вилоят дар умури фарҳанг ва туризм Хуршед Аҳмедов супурданд. Дар маросим аз рӯйи мусобиқаҳои давидан ба масофаи ду ва панҷ километр ба ғолибони командаҳои вилоятҳо низ тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуд. Ҷойи якум насиби вилояти Намангон, ҷойи дуюм — Андиҷон ва ҷойи сеюмро вилояти Фарғона ба даст овард.   
– Ман вақтҳои фориғ аз таҳсилро ба давидан ва машғулиятҳои дигари варзишӣ сарф мекунам. Аз иштироки худ дар ин марафони байналмилалӣ хеле хурсанд ҳастам. Сазовор шуданам ба яке аз ҷойҳои ифтихорӣ ин хурсандиамро ба чанд карат афзуд, – мегӯяд Анӣ Баҳори непалӣ, ки дар байни духтарон барои давидан ба масофаи ду километр ҷойи дуюмро соҳиб шудааст. 
Ногуфта намонад, ки шаҳри Қӯқанд ба ҳайси «Шаҳри ҳунармандони ҷаҳон» эътироф шудааст. Он бори нахуст бо баргузории як фестивали бонуфуз ҳунармандони зиёда аз ҳафтод кишвари дунёро ба канор пазируфтааст. Ин шаҳр дар гузашта пойтахти яке аз хонигариҳои калонтарин дар Осиёи Миёна маҳсуб ёфта, дар солҳои касби истиқлоли мамлакат куллан бозсозӣ гардидааст. 

Мирасрор 
АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

Шаҳри ҚӮҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: