ЧОРАБИНИҲО ОИДИ БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТИ ОЗУҚАВОРӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 31 май ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба чорабиниҳои бетанаффус таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ баргузор гардид.

Дар тамоми ҷаҳон маҳдудият пурзӯр гардида, нархи озуқаворӣ меафзояд. Он чиз, ки дар бозори ҷаҳон ғалладона 50 фоиз, равғани растанӣ 33 фоиз, шакар 14 фоиз, нафт 47 фоиз афзуд, наметавонад ба нарх дар мамлакатамон таъсир нагузорад. Барои мисол, моҳи май дар вилоятҳои Қашқадарё ва Намангон афзоиши нархи картошка, орд ва шакар ба қайд гирифта шудааст.
Бинобар ин дар ҷамъомад масъалаҳои афзоиши истеҳсоли навъҳои асосии маҳсулоти озуқаворӣ, аз он ҷумла мурғи парранда ва ҳайвонот муҳокима гардиданд.
Гӯшти парранда ва тухм озуқавории  арзон ва серғизо мебошад, ки давраи силсилаи истеҳсолашон кутоҳ аст. Аммо дар бисёр минтақаҳо ҳаҷми истеҳсоли гӯшти парранда талаби аҳолиро қонеъ гардонда наметавонад. Беш аз 50 корхонаи калони соҳа бо ними иқтидори худ кор мекунад. Дар таъминоти онҳо бо озуқа, аз он ҷумла ғалладона, мушкилот вуҷуд дорад.
Дар ҷамъомад чорабиниҳои аниқи ҳалли ин мушкилот муайян карда шуданд. Аз он ҷумла аз 1 июн барои хоҷагиҳои паррандапарварӣ ба миқдори 400 миллиард сӯм кредити револвер барои хариди ғалладона ҷудо карда мешавад. Аз тариқи Фонди давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои онҳо ҳомигӣ дар миқдори 50 фоизи товон оид ба кредит ва ҷуброн барои фоизҳои кредит дар қисме, ки аз 17 фоизи ставка зиёд аст, пешниҳод карда мешавад. Инчунин дар бобати пешниҳод оиди дароз намудани муддати сарпур намудани кредите, ки аз ҷониби хоҷагиҳои паррандапарварӣ барои гардиши маблағ дода мешаванд, сухан ба миён омад.
Дар бобати таҳлили бозори маҳсулоти  паррандапарварӣ ва дуруст ҷойгир намудани лоиҳаҳои соҳавӣ, рақамисозии тамоми ҷараён аз истеҳсолот то фурӯши маҳсулот супоришҳо дода шуд.
Ба самаранокии парвариши паррандаи хонагӣ дар асоси кооператсия ишора гардид. Барои мисол, дар ноҳияи Нуробод соҳибкорон бо роҳи тақсими инкубаторҳо таҳия намудани гӯшти парранда ва тухмро якҷоя бо аҳолӣ роҳандозӣ намуданд. Имрӯз ноҳия дар бобати ин маҳсулот ба худкифоӣ расид, гузашта аз он ба шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои ҳамсоя гузоштани маҳсулотро сар кард.
Дар ҷамъомад ногузирии паҳн намудани таҷрибаи мазкур, вобаста намудани хоҷагиҳои паррандапарварӣ ба маҳаллаҳои алоҳида, ташкили курсҳои паррандапарварӣ барои аҳолӣ таъкид гардид. Барои ҳар як маҳаллаи соҳиби чунин хоҷагӣ дар доираи барномаи соҳибкории оилавӣ кредити имтиёзнок ба миқдори 200 миллион сӯм ҷудо карда мешавад. Аз ҳисоби ин маблағ аҳолӣ бо чӯҷа ва озуқаворӣ таъмин карда мешавад.
Чорводорӣ барои зиндагии фаровони аҳолӣ ва барқарории нарх аҳамияти муҳимро молик аст. Дар ин соҳа бисёр маҳсулоти намудҳои озуқаворӣ истеҳсол мегардад.
8 феврали соли ҷорӣ қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои минбаъд инкишоф додани чорводорӣ ва мустаҳкам намудани пойгоҳи озуқа» қабул гардида буд. Бинобар ин ҳуҷҷат ҳаҷми субсид барои хоҷагиҳои чорводорӣ барои ҳар як килограмми гӯшт аз 2 ҳазор то 4 ҳазор, барои ҳар як литри шир аз 200 то 400 сӯм боло бурда шудааст. Техникаи кишоварзие, ки аз хориҷ дохил карда мешавад, аз тамоми пардохтҳо озод карда шудааст. Барои истеҳсолгарон кредитҳои имтиёзнок ба миқдори 170 миллион доллар кушода шудааст. Муайян карда шуд, ки дар бештар аз 200 ҳазор гектар майдонҳои пахта ва ғалла зироати озуқаворӣ бо роҳи гардиши кишт парвариш карда мешавад.
Дар ҷамъомад корҳое, ки дар ин самт ба амал меоянд, дар басти минтақаҳо баррасӣ гардид. Аз он ҷумла, бо истифода аз имконоти бавуҷудоварда дар вилоятҳои Андиҷон, Бухоро, Фарғона ва Хоразм аз ҷониби кластерҳои пахтаву бофандагӣ 35 фермаи чорводорӣ ба миқдори 18 ҳазор сар молҳои  шохдори бузург ба вуҷуд оварда шудааст. Аммо ба роҳ андохтани 70 чунин маҷмӯа дар вилоятҳои Сурхондарё, Самарқанд, Сирдарё, Қашқадарё, Намангон, Ҷиззах ва Тошканд боздошта мешаванд. Ҳамзамон низом дар ташкили истеҳсоли кооперативии гӯшт ва шир дар хоҷагиҳои хонагӣ вуҷуд надорад.
Ғайр аз ин кор дар бобати ташкили гардиши зироати пахта, ғалладона ва намудҳои озуқа дар майдони 200 ҳазор гектар нақшаи муайяне надорад.
Бинобар ин дар назди муовини Сарвазир вазифаи тасдиқ намудан ва ташкил кардани гардиши зироат дар ҳар як ноҳия, таъмини фермерон бо тухмии серҳосили намудҳои озуқа гузошта шуд. Ҳамзамон аҳамияти васеъ намудани домани хидматрасонии байторӣ ба хоҷагиҳои чорводорӣ ва хонагӣ таъкид гардид. Чорабиниҳои дастгирӣ бо мақсади таъмини бетанаффуси аҳолӣ бо озуқаворӣ муайян карда шуданд. Аз он ҷумла, 1 май муддати эътибори тартибе, ки бинобар он 22 намуди маҳсулоти озуқаворӣ, мисли гӯшт, моҳӣ, маҳсулоти шир, мева, равғани растанӣ, ки аз пардохти гумрук озод карда шуда буданд, ба охир расид. Дар бобати дароз намудани ин муддат то 1 январи соли 2023 қарор гардид. Инчунин татбиқи ставкаҳои баланди пардохт барои ворид намудани маҳсулоти озуқаворӣ боздошта мешавад. Маҳдудияти дохил намудани озуқаворӣ дар доираи хариди давлатӣ муваққатан бекор карда мешавад.
Ба Кумитаи зиддимонополия бинобар таъмини рақобат дар бозор ва роҳ надодани беасос баланд гардидани нарх супоришҳо дода шуд.
Дар ҷамъомад ҳокимони вилоятҳо ва ноҳияҳо, роҳбарони соҳаҳо ҳисобот доданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: