ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ: «АРМИЯ НА БО СИЛОҲУ ТЕХНИКА, БАЛКИ БО ҲАРБИЁНЕ, КИ БАРОИ ВАТАН ҶОНИ ХУДРО ДАРЕҒ НАМЕДОРАНД, ҚУДРАТМАНД АСТ»

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати Рӯзи муҳофизони Ватан ва 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳ хидматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо рутбаҳои ҳарбӣ, ордену медалҳо сарфароз гардонида шуда буданд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати  Рӯзи муҳофизони Ватан ва 29-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон як гурӯҳ хидматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо рутбаҳои ҳарбӣ, ордену медалҳо сарфароз гардонида шуда буданд. 
14 январ маросими супурдани ин мукофотҳои олӣ баргузор шуд. 
Сардори давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳозиринро, инчунин тамоми хидматчиёни ҳарбии кишварамон ва оилаҳои онҳоро бо ид табрик гуфт. 
Шавкат Мирзиёев дар маросим суханронӣ намуда қайд кард, ки мардуми мо бо сарбозон ва афсарон, ки  ҳаёти худро ба кори муқаддас ва масъулиятноки дифои Ватан бахшидаанд, инро ҳар рӯз, ҳар дақиқа дар амал исбот мекунанд, ифтихор доранд. Кишвар саҳми бузургеро, ки онҳо дар баробари иҷрои вазифаҳои фаврии хидматӣ, мардонавор барои паси сар намудани душвориҳое, ки соли гузашта ба сари мардум омад, гузоштаанд, хуб медонад ва баҳои баланд медиҳад.
Тавре ки шумо медонед, бо мақсади таҳкими минбаъдаи истиқлолияти кишварамон, ҳимояи боэътимоди ҳаёти осоишта ва ором, дахлнопазирии сарҳадҳои давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ ислоҳоти васеъмиқёс гузаронида мешаванд. 
Пештар, артиш дунёи алоҳида  ва халқ дунёи алоҳида буд.
Вазъият пас аз он ки  аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҳамчун сарвари давлат Президент Шавкат Мирзиёев ғояи муҳимро дар бораи як тану як ҷон будани халқ ва артиш ба миён гузошт, ба куллӣ тағйир ёфт.
Дар ин маросим таъкид шуд, ки дарҳои қисмҳои ҳарбӣ бояд барои мардум, барои насли ҷавон — муҳофизони ояндаи Ватан ҳамеша боз бошанд. 
Ҳамзамон, ба тарбияи насли нави кадрҳои ҳарбӣ, ки ба ғояҳои истиқлолият ва ватандӯстӣ  содиқ мебошанд, диққати зиёд дода мешавад. Мақсади асосӣ дар ин раванд ба сарбозон ва афсарон додани дониши замонавӣ, азхудкунии мукаммали техника ва технологияҳои ҳарбӣ, тарбияи ҳарбию ватандӯстии онҳо мебошад.
— Артиш на танҳо бо аслиҳа ва техника, балки ҳарбиён — сарбозон, афсарон, генералҳо, ки дар роҳи Ватан ҷони худро дареғ намедоранд, тавоно аст, —  гуфт Президент. — Ин омили асосиест, ки қобилият ва иқтидори ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи моро муайян мекунад.
Қайд гардид, ки имрӯз таҳдидҳо ва даъватҳо барои сулҳу осоиш вуҷуд доранд, дар минтақаҳои гуногуни олам низоъҳо ва даргириҳо идома доранд. Ин вазъият, албатта, тамоми инсоният ва алалхусус, мардуми моро ба ташвиш меорад. Барои муносиб муқовимат намудан ба ин хатарҳо инсон бояд ватандӯсти ҳақиқӣ буда, дониш ва тафаккури баланд, иродаи қавӣ дошта бошад.
— Лашкаркаши бузурги мо Амир Темур маҳз инро дар назар дошта, гуфта буд:  «Кишвари ҷанговаронаш далер тавоно аст».  Ман борҳо таъкид менамоям, ки ҳар як сарбоз, ҳар як муҳофизи Ватан бояд маҷмӯаи қонунҳои Амир Темур ва лашкаркашони бузургамон, санъати ҳарбии онҳоро амиқан донад. Ин мероси ҷовидонӣ ва бебаҳо то ҳол қалби моро аз ифтихори беандоза саршор мегардонад, ҳисси садоқатро ба сарзамини муқаддасамон мустаҳкам месозад, — қайд намуд Шавкат Мирзиёев. 
Президент сарбозони ҷасурро, ки бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз шудаанд, пайравони ҳақиқии гузаштагони бузург номид.
Дар маросим инчунин кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, Хидмати амнияти давлатӣ, Гвардияи миллӣ, мақомоти гумрук ва корҳои дохилӣ ширкат варзиданд. 
Дар шахси ҳозирин Сарфармондеҳи Олӣ ҳамаи хизматчиёни ҳарбиро, ки бо ордену медалҳои олии давлат мукофотонида шуда, имрӯз ин мукофотҳоро дар маҳалҳо қабул мекунанд, самимона табрик гуфт.  
Президент Шавкат Мирзиёев ба гурӯҳе аз хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳодатномаҳои унвонҳо, орденҳо ва медалҳоро ботантана супурда, ба муҳофизони Ватан саломатии мустаҳкам  ва дар иҷрои вазифаҳои наҷибашон муваффақиятҳои калон орзу кард.
Мукофотонидашудагон ба сарвари давлат барои таваҷҷӯҳи баланд ва дастгирии  низомиён ва оилаҳои онҳо самимона миннатдорӣ изҳор намуданд.
 ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: