Дар бораи фаъолияти Прокуратураи ҳарбӣ маълумот дода шуд

  • Дар бораи фаъолияти Прокуратураи ҳарбӣ маълумот дода шуд
  • Дар бораи фаъолияти Прокуратураи ҳарбӣ маълумот дода шуд
  • Дар бораи фаъолияти Прокуратураи ҳарбӣ маълумот дода шуд

Президент Шавкат Мирзиёев бо ҳисобот дар бораи корҳои иҷронамудаи мақомоти Прокуратураи ҳарбӣ шинос гардид.

Прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз болои риояи қонунгузорӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва ниҳодҳои ҳарбигардондашуда назорат менамояд. Аз ҷониби мақомоти он чорабиниҳо доир ба мустаҳкам намудани истиқлолият, баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакатамон, таъмини ҳуқуқи хидматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи онҳо андешида мешавад.

Аз он ҷумла, соли ҷорӣ қариб 1100 ҳуҷҷати назорати прокурорӣ ба кор бурда шуда, 261 ҳуҷҷат бинобар қонунгузорӣ ба тартиб андохта шудааст. Ҳуқуқи 7858 нафар барқарор карда шуд. Аъзои оилаи 654 хидматчии ҳарбӣ бо кор таъмин гаштааст.

Ба тартиби назоратӣ ҳуҷҷатҳои лоиҳавиву сметавии объектҳое баррасӣ гаштанд, ки ба барномаи сохтмони Қувваҳои Мусаллаҳ дохил гаштаанд, дар натиҷа ба сарфа намудани беш аз 23 миллиард сӯми маблағи буҷа муваффақ гаштааст. Дар асоси эътирозҳои прокуратураи ҳарбӣ 10 қарори суд бинобар қонун мутобиқ гардонда шуда, 6 нафар сафед карда шудааст.

Қариб 2 ҳазор муроҷиати шаҳрвандон баррасӣ гардида, 254-тоаш қонеъ гардонда шудааст. Зимни қабулҳои сайёр 3,2 ҳазор нафар қабул карда шуда, дар бобати мушкилоти фошгардида чораҳо андешида шудааст.

Бинобар Стратегияи рушди мамлакат, принсипи «қадри инсон» ба сифати бартаринок дар идораҳои ҳарбӣ низ муқаррар карда шудааст. Таъмини ҳуқуқ ва манфиат, ҳимояи иҷтимоии хидматчиёни ҳарбӣ дар зери назорати махсус мебошад. Бинобар ин прокуратураи ҳарбӣ чун муҳофизи боэътимод, тарғибгари фаъол дар огоҳии поймоли ҳуқуқ ва ҷиноят хидмат менамояд.

Таъкид гардид, ки ба муттасил то хидматчиёни ҳарбӣ расондани моҳият ва мазмуни ислоҳот дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар соҳаҳо, ҳуҷҷатҳои қонунгузоӣ ва барномаҳои давлатии қабулшаванда эътибори алоҳида дода мешавад.

Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватанпарварии ҳарбӣ ва баланд бардоштани саводнокии ҳуқуқии он прокуратураҳои ҳарбӣ ба мактабҳо дар ноҳияҳои дурдаст вобаста карда шуда, дар онҳо соатҳои прокурорӣ ташкил карда мешаванд.

Имконоти васеъ намудани пойгоҳҳои электронӣ дар таъмини бомақсад харҷ намудани маблағи буҷет истифода хоҳанд гардид.

Роҳбари давлат дар бобати рақамисозии фаъолияти Прокуратураи ҳарбӣ ва таъмини манфиатҳои инсон супоришҳои иловагӣ дод.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: