ДАР БОРАИ МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БО НАХУСТИН ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН, ПРЕЗИДЕНТҲОИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН, ТУРКМАНИСТОН, ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 30 декабр бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Элбошӣ Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков, Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ кард.

Сарони давлатҳо ба муносибати фарорасии Соли нави 2020 муборакбодиҳои самимӣ ва таманноҳои гарму ҷӯшонашонро ба ҳам диданд. 
Бинобар масъалаҳои муҳими муносибати дуҷониба ва татбиқи созишномаҳои дар соли 2019 ба дастомада мубодилаи афкор ба амал омада, пешомади минбаъд вусъат додан ва таҳкими ҳамкории муфид баррасӣ гардиданд. 
Дар рафти мулоқоти телефонӣ бо Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон – Элбошӣ Нурсултон Назарбоев натиҷаҳои муҳими тӯли соли гузашта  дар таҳкими муносибатҳои бисёрасринаи дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии  Ӯзбекистону Қазоқистон ба дастомада қайд гардиданд. 
Ҳаҷми муомилоти мол муназзам афзуда, кооператсияи соҳаи саноат ва нақлиёт  вусъат ёфта, равобити байниминтақавӣ ва инсонпарварӣ ҷоннок гардиданд. Чорабиниҳо дар доираи Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон бомуваффақият гузаронда шуданд. 
Натиҷаҳои самарабахши Мулоқоти дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябри соли гузашта  дар Тошканд ба амал омад, бо қаноатмандии амиқ қайд гардиданд. 
Дар рафти суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков қайд гардид, ки соли 2019 дар таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ давраи муҳим гардид. 
Мубодилаҳои пуршиддати тарафайн ба мушоҳида расида, нишондиҳандаҳои савдо ду баробар баланд гардид, дар соҳаи саноат ва нақлиёт лоиҳаҳои кооператсия пеш бурда шуда, ҳамкории байниминтақавӣ ва маданиву инсонпарварӣ васеъ мегарданд.
Дар рафти гуфтушунид роҳбарон ба натиҷаҳои Мулоқоти дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд баҳои баланд доданд.
Инчунин пешомади ҳамкории Ӯзбекистону Қирғизистон ва ҷадвали чорабиниҳои муштарак дар соли 2020 баррасӣ гардиданд. 
Дар рафти мулоқоти телефонӣ бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов натиҷаҳои самарабахши ташрифи сарвари Туркманистон ба Ӯзбекистон моҳи ноябри соли гузашта ва Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд бо қаноатмандӣ қайд гардид. 
Таҳкими муносибатҳо дар руҳи некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ, вусъат ёфтани ҳаҷми амалиёти содиротиву воридотӣ, бо муваффақият татбиқ гардидани лоиҳаҳои кооператсия дар соҳаи энергетика, кишоварзӣ, саноат ва нақлиёт ба сифати натиҷаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба зикр гадид. 
Муҳим будани васеъ гардондани мубодилаи маданиву инсонпарварӣ қайд гардид.
Дар рафти мулоқоти телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки соли гузашта ба таърихи муносибатҳои дуҷониба ҳамчун давраи рушди минбаъда ва таҳкими риштаҳои бисёрасринаи дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегӣ ворид мегардад.
Ҳамкории байни ҳукуматҳо, парлумонҳо ва минтақаҳо, аз он ҷумла байни Тошканд ва Душанбе васеъ мегарданд. Болоравии назарраси савдои тарафайн мушоҳида гардида, дар соҳаҳои иқтисодиёт лоиҳаҳои кооператсия татбиқ шуда, равобити маданиву инсонпарварӣ таҳким меёбанд.
Дар ин қарина аҳамияти муҳим доштани Мулоқоти дувуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар пойтахти Ӯзбекистон моҳи ноябр баргузор гардид, алоҳида қайд гардид.
Дар рафти суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки соли сипаришуда дар таҳкими некҳамсоягӣ, шарикии стратегӣ ва ҳамкории сернақша давраи муҳими таърихӣ гардид. Ба ин натиҷаҳои самарабахши ташрифи давлатии Президенти Қазоқистон ба Ӯзбекистон моҳи апрели соли гузашта мусоидат намуд.
Ҷоннок гардидани равобити дуҷониба дар дараҷаҳои гуногун, рушди ҳамкории байнипарлумонӣ ва байниминтақавӣ, афзудани ҳаҷми савдо, бомуваффақият татбиқ гардидани лоиҳаҳои кооператсия дар соҳаҳои мошинсозӣ, нақлиёт ва логистика, вусъат ёфтани равобити маданиву инсонпарварӣ дар доираи Соли Қазоқистон дар Ӯзбекистон  қайд гардиданд.
     * * * * *
Дар рафти мулоқот сарони давлатҳо, инчунин,  бинобар масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналхалқӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд. Ҷадвали  чорабиниҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи минбаъда баррасӣ гардиданд.
Сарони давлатҳо дар Соли нави 2020 ба халқҳои бародар таманнои беҳтарини сулҳ, беҳбудӣ ва шукуфоӣ изҳор намуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: