ДАР БОРАИ ТАЙЁРӢ ВА ДАР САТҲИ ОЛӢ БАРГУЗОР КАРДАНИ ҶАШНИ СИЮМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН

Тавре ки маълум аст, соли 2021 аз рӯзи эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки тӯли бисёр садсолаҳо орзуи деринаи халқи мо буд ва дар охири асри XX амалӣ гардиду воқеан ҳодисаи бузургтарину беназир дар ҳаёт ва тақдири кишвари мо ба шумор меравад, сӣ сол пур мешавад.

Тавре ки маълум аст, соли 2021 аз рӯзи эълон гардидани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки тӯли бисёр садсолаҳо орзуи деринаи халқи мо буд ва дар охири асри XX амалӣ гардиду воқеан ҳодисаи бузургтарину беназир дар ҳаёт ва тақдири кишвари мо ба шумор меравад, сӣ сол пур мешавад. 
Тӯли солҳои истиқлолият мардуми сермиллати Ӯзбекистон иқтидори бузурги худ, ирода ва мардонагии босубот зоҳир намуда, санҷиш ва душвориҳои мураккабро мардонавор паси сар сохт ва роҳи бузурги пешрафтро тай намуд. 
Кишвари мо аз ҷумҳурии ақибмондаи иқтисодиёташ якҷониба ба давлати ҳозиразамон, рӯшоду демократӣ табдил ёфт, ки тамоми соҳаҳо муттасил инкишоф меёбанд, сатҳи зиндагӣ ва фаъолнокии ҷамъиятиву сиёсии шаҳрвандон меафзояд, шуур ва ҷаҳонбинии он тағйир меёбад, ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон бо кишварҳои хориҷи наздик ва дур муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориро фаъолона ба роҳ мемонад.
Дар натиҷаи ислоҳоте, ки тӯли солҳои охир, пеш аз ҳама, дар пояи ба ҳаёт татбиқ намудани Стратегияи амалиёт бинобар панҷ самти бартариноки рушди Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 татбиқ мегарданд, дар бозсозии куллии соҳаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, маънавиву маърифатӣ, татбиқ сохтани ғояи «Аз эҳёи миллӣ – ба пешрафти миллӣ» комёбиҳои назаррас ба даст меоянд.
Бо вуҷуди дар тамоми ҷаҳон идома ёфтани пандемияи коронавирус ва буҳрони иқтисодӣ, таҳдид ва хурӯҷҳои дигар халқи мо суботкорона бо роҳи рушди мустақил пеш меравад. 
Дар ҷомеа сулҳу субот, муҳити ҳамдилии шаҳрвандӣ ва байнимиллӣ таҳким меёбад. Ба мақсади бунёди Ӯзбекистони нав ислоҳоти васеъмиқёс бинобар озодкунии тамоми соҳаҳои ҳаёт, рушди бештари иқтисодиёт ва соҳаҳои он, соҳибкории хусусӣ татбиқ мегарданд. Ба дастгирии  ҳамаҷонибаи онҳое, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд, коҳиш додани нодорӣ, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва манбаъҳои даромад барои аҳолӣ эътибори махсус дода мешавад. 
Моҳияти муҳимтарини пешрафти сисолаи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар он аст, ки дар пояи ҷамъбасти натиҷаҳои роҳи гузаштаи мо, таҳлили амиқи равандҳои навсозие, ки дар мамлакат татбиқ мегарданд, саъю кӯшишҳои ба иҷрои вазифаҳои афзалиятноки мо, ташаккул додани пойдевори даврони нави рушди Ӯзбекистон беш аз пеш пурзӯртар карда шавад. 
Бо назардошти аҳамияти бузурги истиқлолияти сиёсӣ, таърихӣ ва маънавиву тарбиявии он, ба мақсади мунтазам ва самарабахш давом додани корҳо бинобар татбиқсозии вазифаҳои асосии мо дар даврони нав, васеъ ва бо тамоми халқ таҷлил кардани ин санаи хотирмон дар сатҳи олӣ, мувофиқи пешрафти кунунӣ ва обрӯи байналхалқи давлат ва ҷамъияти мо:
1. Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба тайёрӣ дидан ва дар сатҳи олӣ баргузор кардани ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (минбаъд – Комиссияи ҷумҳуриявӣ) таъсис дода шавад ва ҳайати он мувофиқи замима тасдиқ гардад.
2. Ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ супурда шавад, ки дар муҳлати як ҳафта барномаи чорабиниҳои ташкиливу амалӣ, маънавиву маърифатӣ ва иттилоотиву маънидодкунӣ (минбаъд – Барнома)-ро таҳти шиори «Мо бояд дар Ӯзбекистони нав – кишвари озоду шукуфон зиндагӣ кунем!» тасдиқ кунад, ба равшанкунии самтҳои зерин эътибори махсус диҳад:
таъмин сохтани волоияти қонун ва мустақилии судҳо, мунтазам ба роҳ мондани ҳисоботи роҳбарони мақомоти ҳуқуқу тартибот дар назди мақомоти намояндагӣ ва ҷамъият, татбиқ сохтани ислоҳоти амиқ бинобар ҳифзи муътамади ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон;
баргузор намудани корҳои васеъмиқёс бинобар бозсозии мамлакат, минбаъд баланд бардоштани сифат ва самаранокии низоми идораи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аксуламал ба тамаъгарӣ, пурзӯр намудани нақши идораҳои ҷамъияти шаҳрвандӣ ва расонаҳои ахбори оммавӣ;
муваффақ шудан ба натиҷаҳо бобати ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ, таъмин сохтани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар пояи чунин равандҳо, аз ҷумла «Манфиати инсон – аз ҳама олӣ», «Халқ ба мақомоти давлатӣ не, балки мақомоти давлатӣ ба халқ бояд хидмат кунанд»;
иҷро кардани вазифаҳои пешбинишуда бобати татбиқ сохтани барномаҳои озодкунии иқтисодиёт, кам кардани таъсири маъмурӣ ба соҳаҳои он, ҷорӣ кардани иқтисодиёти рақамӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва пурзӯр намудани нақши афзалиятноки моликияти хусусӣ, озодкунии бозори асъор, рушди маҷмӯии иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳо, коҳиш додани нодорӣ;
фароҳам овардани имкониятҳои нав барои васеъ ҷалб намудани аҳолӣ ба соҳибкорӣ, осон кардани шароитҳо бинобар ба роҳ мондани тиҷорат, рағбатноксозии соҳибкории оилавӣ, хонакорӣ ва ҳунармандӣ дар пояи ба ҳаёт ҷорӣ кардани раванди «Агар халқ сарватманд бошад, давлат низ сарватманд ва пуриқтидор мегардад»;
татбиқ сохтани чунин лоиҳаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, аз ҷумла «Ободонии деҳот», «Ободонии маҳалла», «Панҷ ташаббуси муҳим», «Як миллион нафар барномасозон», ҳамчунин чораҳо бобати таъмин намудани шуғл ва рушди даромадҳои воқеии аҳолӣ, пешрафти бештари соҳаҳои таълим, илм, фарҳанг, санъат, адабиёт ва варзиш; 
баланд бардоштани нақш ва мақоми занон дар ҷомеа, фаъолнокии ҷамъиятиву сиёсии  онҳо, таъмин намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои бонувон, ҳифзи ҳамаҷонибаи оила, модару кӯдак, кумакрасонӣ ба духтарон бобати аз худ намудани дониш ва касбҳои замонавӣ, дастгирӣ кардани бонувони соҳибкор;
татбиқ сохтани барномаҳо оид ба самарабахш амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, аз ҷумла вусъат додани чораҳои ба таълим дастёбии ҷавонон, таъмин кардани кори сазовори онҳо, омӯзондани касбҳои дар бозори меҳнат харидоргир, дастгирии давлатии ҷавонони соҳибкор;
бо манзил таъмин сохтани аҳолӣ, аз ҷумла сохтмони хонаҳои арзони истиқоматӣ ва шабакаҳои иншооти инфрасохторӣ дар асоси лоиҳаҳои намунавӣ, ҳамаҷониба дастгирӣ кардани намояндагони насли кӯҳансол, оилаҳои ҷавон, шаҳрвандоне, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд;
омӯхтан ва васеъ тарғибу ташвиқ намудани мероси илмӣ ва маънавии гузаштагони бузурги мо, рушди ғояҳои миллӣ дар доираи иҷрои вазифаҳои стратегии дарозмуҳлат бинобар фароҳам овардани асоси даврони нави пешрафти Ӯзбекистон, аз ҷумла баланд бардоштани нақш ва нуфузи забони давлатӣ;
вусъат додани ҷаҳонбинӣ, ташаккул додани мавқеи сиёсати қатъӣ дар ҳамватанон, дигаргун кардани муносибати онҳо ба ҳаёт ва меҳнат, пешбурди ҳамкории самарабахши байни давлат ва идораҳои шаҳрвандӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти иҷтимоӣ;
татбиқ сохтани кори дар ҷамъият таъмин кардани сулҳу субот, ҳамдилии байналмиллӣ ва кушоддилии динӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони мо дар хориҷа, амалӣ намудани сиёсати барои тарафайн муфид ва дастраси хориҷӣ, мустаҳкам кардани муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ҳаллу фасли муштараки мушкилоти минтақавӣ ва байналхалқӣ;
дастгирӣ намудани эътибори зиёде, ки дар ҷумҳурӣ ба соҳаҳои маънавиву маърифатӣ дода мешавад, аз ҷумла бо ташаббуси Ӯзбекистон қабул гардидани баённомаи Ассамблеяи Генералии СММ «Маърифат ва кушодадилии динӣ», чораҳои амалӣ бобати дар мамлакат ташкил намудани Маркази тамаддуни исломӣ, марказҳои байналхалқии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотурудӣ, Академияи байналхалқии исломӣ, мактабҳои ҳадис ва илми калом;
ислоҳоти васеъмиқёс дар низоми Қувваҳои Мусаллаҳ ба мақсади муътамад таъмин сохтани ҳаёти орому осудаи халқи мо, аз ҷумла, дигаргуниҳои азим бинобар бозсозии артиши миллӣ, бунёди маҷмӯи ҳарбиву саноатӣ, такмил додани низоми таълими ҳарбӣ ва фаъолияти мақомоти ҳуқуқу тартибот;
корҳои муҳиме, ки дар замони мураккаби кунунӣ, ҳангоми дар тамоми ҷаҳон шиддат гирифтани зиддият ва талошҳои гуногун ҳамчун экстремизм, терроризм, хариду фурӯши нашъа, савдои одам, пандемия ва хурӯҷҳои дигар амалӣ мешаванд,  ба таъмин сохтани ҳушёрӣ, ки алҳол талаботи худи ҳаёт ба шумор меравад, тарбия кардани ҷавонон дар рӯҳи суннатҳои миллӣ ва умумиинсонӣ нигаронида шудаанд.
3. Ба Комиссияи ҷумҳуриявӣ (А. Н. Арипов) супурда шавад, ки:
корҳои ҳамоҳангсози роҳбарони ҳар як минтақа, вазорат ва идораҳоро бобати тайёрӣ ба ҷашни истиқлолият ва иҷрои чораҳои дар Барнома пешбинишуда таъмин намояд;
дар маҳалҳо чорабиниҳои маърифатӣ ва шабнишиниҳоро гузаронад, вохӯрии олимон, намояндагони зиёиёни эҷодкор ва созмонҳои ҷамъиятиро бо табақаҳои васеи аҳолӣ таъмин кунад;
бобати дар пояи қарордод барои тайёрӣ ба барномаҳои ҷашнӣ ҷалб намудани гурӯҳҳои эҷодӣ аз ҷумлаи намояндагони зиёиёни илмӣ ва эҷодӣ, арбобони фарҳанг ва санъат, ки дорои таҷрибаи баргузор кардани чорабиниҳои оммавӣ мебошанд, аз ҷумла устодони санъати мақом ва бахшиён, иҷрогарони соҳибистеъдоди ҷавон чораҳо андешад.
4. Таклифи Академияи илм, Вазорати фарҳанг, Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон, Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат, Иттифоқи нависандагон ва ҷомеаи васеъ вобаста ба:
дар пойтахт созмон додани маҷмӯи «Истиқлол» ва дар он ба роҳ мондани композитсияи монументалие, ки моҳият ва аҳамияти бузурги таърихии истиқлолияти моро инъикос менамояд; 
ба хатти ҳалқавии рӯйизаминии метро, ки сохта мешавад, додани номи «Ӯзбекистон мустақиллигининг ӯттиз йиллиги» («Сисолагии истиқлолияти Ӯзбекистон»);
баргузор намудани конфронси байналхалқии илмиву амалӣ дар мавзӯи «Даврони нав ва пешомадҳои рушди Ӯзбекистон»;
интишори китоб – мусаввадаи «Янги Ӯзбекистон» («Ӯзбекистони нав») дар бораи комёбиҳои даврони сипаришуда, ҳамчунин китоб – мусаввада ва маҷмӯаҳо бахшида ба ислоҳоте, ки дар ҳар кадом соҳа татбиқ мегарданд;
ташкил кардани тамоми чорабиниҳои байналхалқии маданиву маърифатии дар соли 2021 пешбинигардида, мусобиқаҳои варзишӣ, конфронсҳои илмӣ, ҳамчунин тантанаҳо бахшида ба таҷлили солгарди гузаштагони мо, ки бо рӯҳ ва ғояҳои сисолагии истиқлолият ҳамоҳанг мебошанд;
баргузор кардани ҷашнвора ва намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ бинобар тамоми самтҳои фарҳанг ва санъат (мусиқӣ, театр, кино, санъати тасвирӣ ва амалӣ, сирк, эҷодиёти халқӣ);
ташкил намудани озмунҳо барои суруд ва асарҳои беҳтарини мусиқӣ, ки истиқлолияти моро тараннум мекунанд, ҳамчунин намоишномаҳо дар бораи ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамонони таърихӣ ва кунунӣ;
баргузор кардани намоишгоҳи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва технологияҳо, ки дар тӯли солҳои истиқлолият дар пояи дастовардҳои илмӣ бунёд ёфтаанд, маъқул дониста шавад.
Ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон супурда шавад, ки дар муддати ду моҳ бобати татбиқ сохтани чораҳое, ки дар боби мазкур пешбинӣ шудаанд, қарор қабул кунад.
5. Ба Вазорати фарҳанг (О. А. Назарбеков) супурда шавад, ки:
а) якҷо бо вазорат ва идораҳои масъул барои баргузор намудани чораҳои тантанавӣ бахшида ба сисолагии истиқлолияти мамлакати мо, дар сатҳи баланди бадеӣ, бо истифодаи технологияҳои замонавӣ мутахассисони ботаҷрибаи ватанӣ ва хориҷиро ҷалб намояд;
б) якҷо бо Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсус (И. У. Маҷидов), Вазорати таълими халқ (Ш. Х. Шерматов), Кумитаи оид ба муносибатҳои байнимиллӣ ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ (Р. Ҷ. Қурбонов), Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат (М. М. Ҳоҷиматов), Иттифоқи нависандагон (С. С. Саидов):
дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд тантанаҳои идона ва сайру саёҳатҳои халқиро бо иштироки васеи марказҳои маданию миллие, ки дар мамлакат амал мекунанд, ба роҳ монад;
дар боғҳои маданият ва истироҳат намоиш додани барномаҳои консертиро бо иштироки шахсии ходимони шинохтаи санъат, ҷамоаҳои худфаъоли бадеӣ таъмин кунад;
аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатӣ маҷмӯи мақолаҳои публитсистӣ ва шеърҳои бахшида ба корҳое, ки солҳои охир дар мамлакат бинобар маънавияту маърифат татбиқ мешаванд, саъю кӯшишҳои амалӣ оид ба пойдевори даврони нави рушди Ӯзбекистонро васф мекунанд, интишор диҳад.
6. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ (А. Х. Комилов) супурда шавад, ки якҷо бо Вазорати фарҳанг (О. А. Назарбеков), Аҷонсии миллии «Ӯзбеккино» (Ф. Ф. Абдухолиқов), Фарҳангистони бадеӣ (А. В. Нуриддинов), Маркази ҷумҳуриявии маънавият ва маърифат (М.М. Ҳоҷиматов) дар кишварҳои хориҷӣ бо ҷалби ҷомеаи васеъ, аз ҷумла ҳамватанони мо, ки дар хориҷа зисту зиндагӣ мекунанд, бахшида ба сисолагии истиқлолияти давлатӣ «Рӯзҳои Ӯзбекистон» ва дар доираи онҳо чорабиниҳои маънавиву маърифатӣ баргузор кунад.
7. Ба Аҷонсии миллии «Ӯзбеккино» (Ф.Ф.Абдухолиқов) супурда шавад, ки якҷо бо Ширкати миллии радио ва телевизиони Ӯзбекистон (А. Ҷ. Хӯҷаев), Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимияти вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, вазорату идораҳои дахлдор:
дар зарфи як моҳ барномаи оид ба эҷоди филмҳои бахшида ба сисолагии истиқлолияти давлатиро кор карда барояд ва барои тасдиқ ба Девони Вазирон пешкаш кунад;
дар тӯли соли 2021 дар тамоми шаҳр ва ноҳияҳо, деҳа ва овулҳои мамлакат, ҳамчунин дар шабакаҳои миллии телевизион намоиши беҳтарин филмҳои бадеӣ ва ҳуҷҷатиеро, ки тӯли солҳои истиқлолият ба навор бардошта шудаанд, ба роҳ монад.
8. Ба Вазорати фарҳанг (О. А. Назарбеков) супурда шавад, ки якҷо бо Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон (А. Б. Нуриддинов), Иттифоқи нависандагон (С. С. Саидов) ва дигар ташкилотҳои манфиатдор дар сатҳи баланд гузаронидани озмун-азназаргузарониҳои анъанавии «Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз», «Симои Ватан аз назари мусаввир», «Барои Ватан зием!»-ро таъмин намояд.
9. Муқаррар карда шавад, ки хароҷот барои баргузории чорабиниҳои идона: 
дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо – аз ҳисоби манбаъҳои иловагии буҷаҳои маҳаллӣ, ҳамчунин маблағҳои хайрия;
дар шаҳри Тошканд ба саҳми баробар аз ҳисоби маблағҳои Буҷаи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва буҷаи маҳаллии шаҳри Тошканд мувофиқи сметаи хароҷоте, ки Комиссияи ҷумҳуриявӣ тасдиқ кардааст, таъмин карда мешавад.
10. Ба Ширкати миллии телевизион ва радио (А.Ҷ. Хӯҷаев), Аҷонсии миллии иттилоотии Ӯзбекистон (А. К. Кӯчимов), Аҷонсии иттилоотии «Дунё» (С. Л. Суяров) ва дигар расонаҳои ахбори оммавӣ тавсия дода шавад, ки корҳои амалии оид ба тайёрӣ ва баргузор кардани ҷашни сисолагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ҳамаҷониба равшан кунанд.
11. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Н. Арипов ва роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Ш. Низомиддинов гузошта шавад,

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ш. МИРЗИЁЕВ
Шаҳри ТОШКАНД, 
17 декабри соли 2020.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: