ДАР МАРҒИЛОН ИДИ АТЛАС БАРГУЗОР МЕГАРДАД

20-22 октябр дар шаҳри Марғилон Ҷашнвораи V байналмилалии нассоҷии “Иди атлас” баргузор мегардад. Муассисони он Вазорати туризм ва мероси фарҳангии ҷумҳурӣ, Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО, намояндагиҳои ЮНЕСКО ва ЮНФПА, Иттиҳодияи “Ҳунарманд”, ҳокимиятҳои вилояти Фарғона ва шаҳри Марғилон, Маркази рушди ҳунармандии Марғилон муаррифӣ шудаанд.

Ба ин муносибат нишасти матбуотӣ баргузор шуд. Дар он раиси ҳайати ҳакамон Акбар Ҳакимов, муовини Сарвазир, вазири туризм ва мероси фарҳангӣ Азиз Абдуҳакимов, роҳбари дафтари ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон Сара Ношади, мудири шуъбаи Иттиҳодияи “Ҳунарманд” Бахтиёр Аллаев, муовини ҳокими вилояти Фарғона Хуршед Аҳмедов ширкат карданд. 
 –Яке аз ҷанбаҳои муҳимтарини фестивал ин аст, ки дар доираи он ба шаҳри Марғилон мақоми «Шаҳри ҳунарҳои абрешимӣ ва икат (як навъи матоъ)-и ҷаҳон» дода мешавад, ки ба шабакаи Шӯрои ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ шомил шудани Марғилонро таъмин мекунад. Шӯрои ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ соли 1964 бо мақсади мусоидат барои иштирок дар рушди иқтисод рӯи кор омадааст. Ин мусоидат менамояд, ки нақши Марғилон дар ҳифзи суннатҳои ҳунармандии мардуми мо беш аз пеш мустаҳкам шавад. Дар ҷашнвораи “Иди атлас” аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Малайзия, Ҳиндустон, Туркия, Таиланд, Бангладеш, Индонезия, ИМА, Латвия, Муғулистон, Италия ва кишварҳои дигар ҳунармандону аҳли фарҳанг, тарроҳону мутахассисон ширкат меварзанд, –изҳор кард А. Абдуҳакимов. 
 Вай афзуд, ки иштироки косибон, фарҳангиён, тарроҳон ва коршиносони ин кишварҳо имкони табодули афкор дар бораи сабкҳо, нақшҳо, анъанаҳо ва усулҳо дар соҳаи нассоҷии суннатиро фароҳам меорад. Онҳо як манбаи муҳими илҳом барои ҳунармандони маҳаллӣ ва ҷавон хоҳанд буд. Ин ҷашнвора ба майдони таҷрибаивазкунӣ, огоҳ намудани меҳмонони мамолики дигар бо анъанаҳои бою қадимаи ҳунармандӣ низ мубаддал мегардад. Дар баробари ин, бо ташкил намудани ҷашнвораи байналмилалии Марғилон ҳукумат дар стратегияи ривоҷи иқтисодиёти минтақа саҳми худро мегузорад.
 –Ҷашнвора ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ тавассути пешбурди ноу-хауи истеҳсоли нассоҷии анъанавӣ мусоидат мекунад. Он ҳамчунин беҳбуди сифат ва тарҳи ҳунарҳои мардумӣ дар ҳама навъҳои нассоҷии Ӯзбекистон, аз тавлиди пахта то матоъи абрешим, қолин ва гулдӯзӣ ё тарроҳии либосро таъмин менамояд. Илова бар ин, ҷашнвора эҷодкорӣ ва иқтисодиёти созандаро тавассути муттаҳид кардани ҳунармандон, истеҳсолкунандагон, коршиносони анъанавии нассоҷӣ, тарроҳон ва мутахассисони мӯд дастгирӣ мекунад, –гуфт Сара Ношадӣ.  
  Барномаи ин ҷашнвора инчунин дигар чорабиниҳои муҳим, аз қабили конфронси байналмилалӣ, мизи мудаввар, намоиши мӯд ва намоишгоҳро дар худ фаро хоҳад хонд. Аз ҷумла, ифтитоҳи расмии конфронси байналмилалии «Нақши нассоҷии анъанавӣ дар ҷаҳони муосир»-ро метавон гуфт, ки дар он ҳудуди 15 нафар маърӯзачиён аз кишварҳои хориҷ иштирок мекунанд. Маводи ин конфронс ҳолати кунунии нассоҷии анъанавӣ ва дизайни либосҳоро дар Ӯзбекистон муайян менамояд ва барои рушди он кор карда баромадани индекс ва стратегияи муҳимро фароҳам месозад.
 Интизор меравад, ки дар доираи ҷашнвора намоишгоҳи байналмилалии нассоҷии суннатии “Ворисони Роҳи бузурги абрешим” баргузор гардад ва дар он навъҳои гуногуни ҳунарҳои нассоҷӣ бо ҳузури намояндагони кишварҳои мухталиф ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳамзамон, дар ҷашнвора дарсҳои маҳорат дар истеҳсоли нассоҷӣ ва қолинҳои анъанавӣ, баргузории намоишҳои театрӣ ва мусиқӣ, ҳунарҳои дастӣ, мӯд аз ҷониби тарроҳони Осиёи Марказӣ, қораи Осиё, уқёнуси Ором ва Аврупо, ҳамзамон галаконсерт барномарезӣ шудааст. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик” дар вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: