БӮЗАТОВ ИСТЕЪДОДҲОРО КАШФ МЕНАМОЯД

Дар вилояти Сурхондарё давраи вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Овози ҷавонон» таҳти шиори «Бӯзатов истеъдодҳоро кашф менамояд», ки бо мақсади шавқи ҷавононро ба мусиқа ва санъат зиёд намудан ва дастгирии онҳо ташкил карда шудааст, баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур, ки дар чаҳорчӯби «Олимпиадаи панҷ ташаббус» гузаронда мешавад, ҷавонони аз 10 то 30-сола иштирок намуда, истеъдоди худро аз рӯйи жанрҳои бахшӣ, иҷрои анъанавӣ, эстрада ва опера намоиш доданд. 
– Озмуни «Овози ҷавонон», ки дар худ панҷ марҳиларо таҷассум намудааст, сол аз сол истеъдодҳои навро кашф менамояд, – мегӯяд ходими масъули Садорати кор бо ҷавонони вилояти Сурхондарё Зоҳидҷон Сафаров. – Дар марҳилаҳои маҳалла, сектор ва ноҳиявии он 21 ҳазору 200 нафар ҷавонписарону духтарон интихоб карда шуданд.  Дар марҳилаи вилоятӣ бошад, 158 нафар маҳорати худро намоиш доданд. 
Соҳибони озмуни марҳилаи вилоятӣ бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдиронида шуданд. Ғолибон ба давраи финалии ҷумҳурӣ, ки дар ноҳияи Бӯзатови Қароқалпоқистон гузаронда мешавад, роҳхат гирифтанд. 

Дар сурат: лавҳа аз озмун
Суратгир: Ҷ. ҚӮЗИМУРОДОВ (ӮзА).  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: