Дар ноҳияи нав корхонаи нав ба истифода дода шуд

  • Дар ноҳияи нав корхонаи нав ба истифода дода шуд
  • Дар ноҳияи нав корхонаи нав ба истифода дода шуд
  • Дар ноҳияи нав корхонаи нав ба истифода дода шуд
  • Дар ноҳияи нав корхонаи нав ба истифода дода шуд
  • Дар ноҳияи нав корхонаи нав ба истифода дода шуд
  • Дар ноҳияи нав корхонаи нав ба истифода дода шуд
  • Дар ноҳияи нав корхонаи нав ба истифода дода шуд
  • Дар ноҳияи нав корхонаи нав ба истифода дода шуд

Президент Шавкат Мирзиёев 21 апрел ба вилояти Қашқадарё омад. Аввалин нуқтаи барномаи сафар ноҳияи Кӯкдала буд.

Ташаббуси ташкили ин воҳиди ҳудудӣ-маъмурӣ аз барномаи пешазинтихоботии Шавкат Мирзиёев ҷой гирифта буд. Дар асоси қарори Сенати Олий Маҷлис аз 17 марти соли ҷорӣ ба мақсади фароҳам овардани қулайӣ ба аҳолӣ ва ба танзим овардани раванди урбанизатсия дар як қисми ноҳияи Чироқчӣ ноҳияи Кӯкдала таъсис дода шуд.

Дар арафаи сафари Президент дар ноҳияи нав корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Чирокчи кластер» ба истифода дода шуд. Бинои он аз конструксияҳои сабук сохта шудааст. Қариб 500 нафар занону ҷавонони маҳаллӣ кор мекунанд.

Сарвари давлат бо рафти кор дар корхона шинос шуда, бо занон сӯҳбат кард.

– Чунон ки мебинед, дар бобати дастгирӣ намудани занон, тадбирҳои ташкилӣ карорҳои зиёд қабул мекунем. Ҳадафи асосӣ ин аст, ки шумо қаноатманд бошед. Агар занро бо кор таъмин кунед, табъи ӯ ба тамоми оила таъсир мерасонад, фарзандонашро нағз тарбия мекунад. Имрӯз мо бо худ нақшаю имкониятҳои зиёде овардем. Мо кӯшиш менамоем, то айёме фаро расад, ки дар Ӯзбекистон орзуҳо амалӣ мешаванд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Корхона дар як сол 7 миллион адад либоси тайёр истеҳсол карда метавонад. Қисми зиёди маҳсулот бо тамғаи «Samo» ба хориҷа содир карда мешавад. Дар назар аст, ки бо ин мақсад бо брендҳои маъруфи хориҷӣ ҳамкорӣ роҳандозӣ шавад.

Ба роҳбари кластер оид ба баланд бардоштани ҳосили пахта ва азхудкунии заминҳои нав тавсияҳо дода шуд.

Шаҳри Еттитом ҳамчун маркази маъмурии ноҳияи Кӯкдала муайян шудааст. Ҳоло дар ин ҷо бояд инфрасохторро тараққӣ дод.  Президент бо лоиҳаи банақшагирии муфассали шаҳр шинос шуд.

Ҳудуди ноҳия 171 ҳазор гектар буда, аз 32 маҳалла иборат аст. Тибқи лоиҳа дар шаҳри Еттитом биноҳои ҳокимияти ноҳия ва идораҳои маҳаллӣ, мавзеи «Ӯзбекистони Нав», кӯдакистону мактабҳо, дармонгоҳ, боғ, иншооти наздироҳии хидматрасонӣ ва марказҳои савдо сохта мешаванд. 159 километр роҳ таъмир карда, 50 километр шабакаи оби нӯшокӣ ва 80 километр шабакаи электр сохта мешавад.

Президент зарурати бунёди хонаҳои навро бо усули сарфакоронаи энергетикӣ, насби панелҳои офтобиро дар боми хонаҳо таъкид кард. Вазифа гузошта шуд, ки имконияти дар Кӯкдала сохтани неругоҳи барқии офтобии иқтидораш 500-1000 мегаватт ва корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ омӯхта шавад.

Дар ин ҷо бо сокинони маҳал вохӯрӣ барпо гардид. Зимнан зикр гардид, ки қаблан барои расидан то маркази ноҳияи Чироқчӣ 2-3 соат вақт лозим буд, ки боиси мушкилоту хароҷоти зиёд мешуд.

– Мақсади асосии ташкил кардани ноҳияи Кўқдала фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ барои 182 ҳазор нафаре, ки дар ин ҷо истиқомат мекунанд, оид ба рушди иқтисодӣ ва таъмини шуғл ба сатҳи нав баровардани корҳоямон мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Бо ин мақсад барномаи сесолаи рушдии комплексии иҷтимоию иқтисодии ноҳия тартиб дода мешавад. Барои сохтмони шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ ва объектҳои иҷтимоӣ қариб 2 триллион сӯм ҷудо карда хоҳад шуд.  Имсол 18 лоиҳа ба маблағи 260 миллиард сӯм ба кор дароварда мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: