ДАР РИГА ҶАШНИ ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

21 октябр сафорати Ӯзбекистон дар Рига якҷоя бо Китобхонаи академии Донишгоҳи Латвия бахшида ба Рӯзи забони ӯзбекӣ чорабинӣ ташкил намуд.

21 октябр сафорати Ӯзбекистон дар Рига якҷоя бо Китобхонаи академии Донишгоҳи Латвия бахшида ба Рӯзи забони ӯзбекӣ чорабинӣ ташкил намуд.
Сафир Қадамбой Султонов дар баромади худ қайд кард, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон ба таҳкими нақш ва аҳамияти забони ӯзбекӣ диққати махсус дода мешавад. Таъкид гардид, ки 21 октябри соли 2019 бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев як санади воқеан таърихӣ – Фармон «Дар бораи чораҳои куллан баланд бардоштани нақш ва нуфузи забони ӯзбекӣ ҳамчун забони давлатӣ» қабул карда шуд. Дар заминаи он оид ба қатъиян баланд бардоштани нуфузи забони ӯзбекӣ дар ҳаёти халқи мо ва дар сатҳи байналмилалӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба урфу одатҳои миллӣ, давомнокии мероси бойи гузаштагони бузург ва таъмини татбиқи пурраи забони давлатӣ дар кишвар корҳои пайваста идома доранд.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ маросими супоридани китоби 5 ҷилдаи «Ӯзбек тилининг изоҳли луғати» («Луғати тафсирии забони ӯзбекӣ») ба Маркази иттилоотии Ӯзбекистон дар Донишгоҳи Латвия баргузор гардид. Қайд гардид, ки ин луғат зиёда аз 80 ҳазор калима ва ибораҳои дар забони адабии ӯзбек маъмул, истилоҳоти техникӣ, илмӣ ва таърихӣ, лаҳҷаҳо ва таърифҳоро аз соҳаи фарҳанг ва санъат дар бар мегирад. Садҳо калима ва истилоҳоти нав ворид карда шуданд, ки дар натиҷаи тағйироти ҷомеа дар солҳои охир ба муомилот ворид шуданд.
Директори Китобхонаи академӣ Вента Костере халқи Ӯзбекистонро бо ид табрик гуфт. Вай барои тӯҳфаи ба фонди китобҳои Маркази иттилоотии Ӯзбекистон додашуда, инчунин дастгирии фаъолияти он изҳори миннатдорӣ намуд ва омодагии худро барои  омӯзиши васеи забони ӯзбекӣ тасдиқ кард. Дар бораи коркарди муштараки масъалаи ташкили «Клуби дӯстони забони ӯзбекӣ» мувофиқа ба даст омад.
Маркази иттилоотии Ӯзбекистони назди Донишгоҳи Латвия 23 январи соли 2017 дар сохтори Китобхонаи академии ДЛ бо қарори ректори ин донишгоҳ Индрикис Муизниекс таъсис ёфтааст.

АИ «Дунё»,
РИГА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: