ДӮСТИИ АДАБӢ – ДӮСТИИ АБАДӢ

Дар доираи чорабинии ҷашнвораи дӯстӣ таҳти ҳамин унвон дар маҷлисгоҳи Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон намоиши асарҳои шоиру нависандагони халқҳои бародар баргузор гардид.

Дар он намояндагон аз марказҳои миллию фарҳангии рус, қазоқ, қирғиз, тоҷик, туркман, уйғур, озар, турк, қирғиз ва қароқалпоқ иштирок намуданд. Чорабиниро бо суханони муқаддимавӣ ҷонишини раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Ғайрат Маҷид ифтитоҳ бахшид ва гуфт равобити адабӣ байни халқҳои гуногунмиллати мамлакат дар навбати худ ба мустаҳкамшавии риштаҳои меҳру оқибат ва дӯстие, ки ба абадият дахлдор аст, мусоидат менамояд. Ҷонишини раиси Кумитаи муносибатҳои байналхалқӣ ва робитаҳои дӯстона бо мамлакатҳои хориҷӣ Азамат Тошев ҳозиронро ба муносибати иди дӯстии халқҳо, ки фаро мерасад, ҳамчунин бинобар дидорбинии гарми адибони гуногунмиллат дар Иттиҳоди нависандагон муборакбод намуд. Ӯ оид ба корҳои шоёне, ки баҳри боз ҳам ривоҷ додану  мазмуннок гардидани фаъолияти марказҳои миллию фарҳангӣ дар Кумита ба амал бароварда мешаванд, маълумот дод. Депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, фаъоли шӯрои адабиёти қазоқ дар ҳузури Иттиҳоди нависандагон Ақчагул Тӯлегенова таъкид сохт, ки  шоиру нависандагони мо, ба кадом забоне эҷод накунанд, қабл аз ҳама модар-ватани умумиашон – Ӯзбекистонро мадҳ мекунанд, халқҳоро ба ваҳдат ва якдилӣ дар роҳи расидан ба мақсади олии ягона даъват менамоянд. Сармуҳаррири маҷаллаи «Жаҳон адабиёти» Аҳмадҷон Мелибоев, Шоири мардумии Қароқалпоқистон Рустам Мусурмон, адибон Николай Илин, Лола Юнусова, Андрей Павлюк ва дигарон бо баромад ва шеърхонӣ бо забонҳои гуногун хотири иштирокдоронро болида доштанд.

Ш. МУҲАММАД,
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: