ЭҲТИРОМИ МОМО

Дар байни мардуми мо куҳансолони пурдидаву дуогӯе, ки ба хонадони мо нуру рӯшноӣ, файзу барака бахшида, моро ба роҳи рост ҳидоят кардаанд, кам нестанд.

Бо ҳамроҳии маслиҳатчии занону духтарони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Резаксойи ноҳияи Чуст Гулчеҳра Тӯйчиева дар хонадони Ҳуринисо Ниёзова шудем. Момо синни 90-ро пур карда бошад ҳам, суханонаш бурро, ба назар бардаму солим менамуд. 
– Шукри Худо, аз ҳоли мо – куҳансолон зуд-зуд хабар мегиранд. Ходимони бонк нафақаамонро саривақт расонанд, духтури маҳалла аз саломатиам пурсида меистад. Бахусус, рӯзҳои ид, зодрӯз ва дамгирӣ фарзандону набераву абераҳо ҷамъ мешаванд, ҳавлиамон тӯйхонаро мемонад, – мегӯяд момо. – Аз Тӯрақӯрғон арӯс шуда омадам. Шавҳарам инсони хуб буд. Асосан бо деҳқонӣ машғул шудем. Ҳафт писару ду духтарро тарбия намуда, ба воя расондем. Фарзандонам яке аз дигаре меҳрубон. Онҳо ба нафақа баромада бошанд ҳам, дар хидмати халқ. Чунки меҳнат инсонро пир намекунад, баръакс ба ӯ қувват бахшида, аз бемориҳо нигоҳ медорад. Аз худам қиёс, як умр бо меҳнати ҷисмонӣ машғул шудам. Баробари кори саҳро кирмак парваридам. Шабҳо сӯзанӣ, миёнбанд ва дӯппӣ медӯхтам. Мана, имрӯз роҳаташро дида истодаам. Набераю абераҳоям аз 80 нафар зиёд. Иззату ҳурматамро ба ҷояш мемонанд.
Ба момои 90-сола, ки хотирааш мустаҳкам, суҳбаташ ширин буд, ҳавасамон омад. Ин момои пурдидаву талху ширинии ҳаётро чашида ба ҳаёти осудаву фаровон, истиқлолияти кишвар шукронаҳо гуфт. 
Дарҳақиқат, ҷавонии момо барин куҳансолон дар саҳро гузаштааст, ғайр аз меҳнати вазнин осудагиро надидаанд онҳо. Шароити зиндагӣ вазнин бошад ҳам, бо ҳамсараш Усмоналӣ аз пайи меҳнати ҳалол рӯзгузаронӣ карданд. Ба фарзандон ростгӯӣ, ростқавлӣ, поквиҷдониву меҳнатдӯстиро омӯзонданд. 
Момо аз ҳаёти гузаштааш воқеаву ҳодисаҳои аҷоибро нақл намуд, муваффақият ва дастовардҳои фарзандонам маро бардам нигоҳ медорад, мегӯяд момо. Вақте аз асрори дарозумрӣ пурсон шудем, момо бо табассум гуфт:
– Инсон виҷдони пок дошта бошад, аз меҳнати ҳалол нагурезад, рӯзгораш тинҷу осуда, фаровон бошад, бачаҳояш меҳнаткашу боодоб бошанд, пас умри ӯ дароз мешавад. Чунки ҷисмонан ва маънан бо хотири ҷамъ ҳаёт ба сар мебарад. 
Вақте бо Ҳуринисомомо хайрухуш намудем, ӯ даст ба дуо бардошта, ба роҳбари дурандеш, халқи меҳнаткаши мо хотирҷамъию барори кор талабид. Оре, дар дуои куҳансолон ҳикмат ва сабақи зиндагӣ ҳаст.

Ш. ДАМИНОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти НАМАНГОН.           

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: