ЭҲТИЁҶ БА МАҲСУЛОТИ БАЗАЛТ ЗИЁД МЕГАРДАД

Дар ҷамъомади навбатии сарвари давлат Шавкат Мирзиёев вазифаҳои асосии соҳаи геология ва кону маъдангудозӣ муҳокима шуданд, таъкид гардид, ки ҳар сол дар кишвари мо ба ин соҳа як триллион сӯм маблағ ҷудо мегардад.

Барномаҳои манзилнок  татбиқ карда  мешаванд. Дар натиҷа порсол ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи конҳои кӯҳӣ ба 11 миллиард доллар расид.
Дар саноат ба маҳсулоти металлҳои ранга эҳтиёҷ зиёд аст. Дар ин замоне, ки соҳаҳои гуногуни саноат босуръат пеш меравад, ба металлҳои нодиру камёб, хусусан дар саноати мошинсозӣ, энергетикаи «сабз», коркарди электромобилҳо, электротехника талаб хеле афзудааст.
8-9 апрели соли ҷорӣ Президент зимни ба вилояти Ҷиззах ташриф оварданаш ин нуктаҳоро низ ёдовар шуд. Масъулонро вазифадор кард, ки аз  канданиҳои фоиданок ва сарватҳои зеризаминӣ самаранок истифода баранд. Охир, дар кишвари мо 32 навъи ин  канданиҳо ва сарватҳои зеризаминӣ мавҷуданд.
Кластери «Basalt Uzbekistan» дар вилояти Ҷиззах фаъолият мекунад ва маҳсулоти он барои иқтисодиёти кишвар ба кор меоянд. Дар соҳаи сохтмон низ онро ба таври фаровон истифода мебаранд. Ба наздикӣ дар ин корхонаи саноатӣ, ки дар ҳудуди маҳаллаи Эгизбулоқи ноҳияи Фориш воқеъ аст, оид ба самаранок истифода намудани маҳсулоти асосаш базалтӣ Форуми байналхалқӣ барпо гардид.
Аз Олмон, Итолиё, Туркия, Русия сармоядорон дар форум ширкат варзиданд. 
Қудрати солонаи корхона аз 177 ҳазор тонна санги базалт гирифтани 42 намуд маҳсулот мебошад. Ҳаштод фоизи он ба 24 давлати дунё, ба монанди ИМА, Англия, Полша, Итолиё, Чехия, Гурҷистон, Русия, Туркия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон  содир карда мешавад.
Сарвари давлат мушаххас вазифа додааст, ки саноат бо ҳамоҳангии илму фан  тараққӣ дода шавад. Ҷустуҷӯйҳои илмиро идома бахшида, рушди саноатро бо ин роҳ бояд тезонид.
Дар фарҷоми форум иштирокчиён ба кластери «Bazalt Uzbekistan» саёҳат намуданд.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

Вилояти ҶИЗЗАХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: