МАҚСАДҲОИ БУЗУРГ ДАР РОҲИ ФАРДОИ КИШВАР

Дар Муроҷиатномаи Президент натиҷаҳои корҳои ба сомон расида ҷамъбаст гардид.

Нақшаҳои асосӣ барои панҷ соли дигар мушаххас баён ёфтанд. Инак, дар бораи муроҷиатномаи сарвари давлат сиёсатмадорон, олимон, муаррихон, одамони касбу кори гуногун, хулоса ҷомеаи васеъ муносибати худро иброз медоранд. 
Дар ҳақиқат, Президент баробари номбар кардани як қатор комёбиҳои соҳаҳои гуногун, ки ҳатто онро нашрияҳои бонуфузи дунё эътироф намудааст, боз вазифаҳои асосии ҷомеаро барои ояндаи кишвар, фаровонҳолии халқ ёдрас менамояд. 
Ислоҳоти асосӣ дар ҷодаҳои иқтисодиёт, сохтмон, мактабу маориф, тандурустӣ, варзишро шартҳои зарурии пешрафти соҳаҳо мешуморад. Дар ин роҳ илму маърифат дар ҷои аввал қарор дорад. Президент мегӯяд: «Илм ва маърифат барои баланд бардоштани иқтидори зеҳнӣ ва маънавии на фақат ҷавонон, балки тамоми ҷомеаи мо аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Дар ҷое, ки илм инкишоф намеёбад, пастравӣ, қафомонии ҷамъият дар тамоми соҳаҳо мушоҳида мегардад».
Дигар ин ки дар ҳамон ҷабҳаҳои иқтисодиёт ҷорӣ намудани технологияи муосири коммуникатсионӣ талаби давр аст, мегӯяд ӯ ва ташаккул додани иқтисодиёти рақобатбардорро пешниҳод менамояд. 
Инак, соли 2020 бо ташаббус ва пешниҳоди сарвари давлат Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ эълон гардид.
Дар назди роҳбарони мақомоти гуногун, ҳокимиятҳо аз ин пас вазифаҳои муҳим қарор доранд. Онҳо ҳар як муаммо ва мушкилии ҷавононро амиқтар омӯхта, бояд барои ҳалли он кӯшиш намоянд, зеро шиддати давр ҳаминро тақозо дорад. Ҷавонон ояндаи кишваранд. Барои ташаккул додани Ӯзбекистони нав ҷонбозӣ ва ҳаракатҳои ҷавонон нақши муҳим дорад.
Барои пешрафти иқтисодиёт, қабл аз ҳама, решакан намудани ришвахӯрӣ, ки чун иллати нобоб дар ҷомеа реша девондааст, шарт ва зарур мебошад. Ба гуфти сарвари давлат бо «ваксинаи ҳалолӣ» эм кардани тамоми ҷомеаи мо  ҳадафи асосии пешрафти ҷомеаву давлат мебошад.
Дар Муроҷиатнома илму дониш гирифтани ҷавонон алоҳида қайд мегардад.
Дар ояндаи наздик ба 50-60 фоиз расонидани шумораи дохилшавандагонро маълум мекунад. Ба ғайр аз ин, ду маротиба зиёд намудани миқдори грант ба ҷавонон имконият фароҳам меоварад, ки ҳар чӣ бештар дар муассисаҳои олии таълимӣ хонанд. Барои ояндаи кишвар ва гул-гулшукуфии он саҳми худро гузоранд. Дар ҷодаи таълим эътибори алоҳида нигарондани Президент ба математика, кимиё, биология, геология ҳамчун фанҳои фундаменталӣ қобили дастгирист. Бесабаб нест, ки барои аз худ намудани фанҳои дигар даставвал фанҳои дақиқро дурусттар аз бар намудан зарур аст.
Президент назди роҳбарон, мудирони қабулхонаҳои халқӣ вазифаҳо мегузорад.
Депутатҳоро ҳушдор медиҳад, ки ҳеҷ гоҳ аз ёд набароранд, ки онҳо ноиби халқанд. Бояд аз дарду ташвиши мардум ба таври ҳамешагӣ огоҳ бошанд.
Вагарна дар ҷомеа ва назди халқ обрӯи худро гум мекунанд.
Афзун намудани миқдори маблағ барои дастгирии қишри қашшоқи аҳолӣ, вусъат додани сохтмони манзилҳои  истиқоматӣ дар солҳои наздик, эътибори асосӣ нигаронидан ба мустаҳкамиву пойдории оила, оммавӣ гардондани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ба ин васила тарғиби тарзи ҳаёти солим дар Муроҷиатнома ҷойгоҳи хос доранд. 

Боймурод ҶАББОРОВ, 
депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Янгиободи вилояти Ҷиззах.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: