ФЕСТИВАЛИ ҶАВОНОН ПУРМАЗМУН ГУЗАШТ

Дар шаҳри Қӯқанд фестивали байналмилалии ҷавонони туркзабон бошукӯҳ ва тантанаи хос баргузор шуд.

Тавре ки ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруфҷон Усмонов изҳор намуд, дар кишвари мо ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон, ба амал баровардани истеъдоду маҳорат ва пурмазмун ташкил намудани вақти холии онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд. 
Боздиди иштирокчиёни фестивали байналмилалии ҷавонон аз Ӯрдаи Худоёрхон  ва ошноӣ бо таърихи он хеле завқбахшу таъсиргузор буд. Ин ёдгории меъмории Қӯқанд дар нимаи дувуми асри  XIX бо амри Худоёрхон сохта шудааст. Ин ёдгорӣ шакли чоркунҷаро касб намудааст ва қариб 100 хонаи хурду калон дорад, ки ба мақсадҳои гуногун истифода мешуданд. Тафсилоту ташреҳоти дастандаркорони Ӯрдаи Худоёрхон ва аз наздик тамошо кардани он дар пеши чашмони ҷавонон таърихи бештар аз дуасраи ин хонигариро ҷилвагар намуд.
Дар идома ҷавонон ба мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ фаро гирифта шуданд ва аз рӯи волейбол, футбол, тенниси рӯи миз, давидан, гуштии камарбандӣ, каратэ, таэквондо ва дзюдо, мусобиқаҳои хурд оид ба шоҳмот ва шашка ва амсоли он байни ҳам сабқат намуданд. Чун анъана дар ин мусобиқаҳо дӯстӣ пирӯз шуд.  
Баъд ҷавонони шаш кишвари иштирокчии фестивали байналмилалӣ намоишгоҳи китобҳоро тамошо карданд ва дар викторинаи «Заковат» фаъолона ширкат намуданд. Дарси маҳорати пазандагӣ низ дар ҷавонон таассуроти зиёд боқӣ гузошт. 
Дар идомаи фестивал ҷавонон масҷиди ҷомеи шаҳрро тамошо карданд, ки солҳои 1812-1818 аз тарафи Амир Умархон сохта шудааст. Дар айвони дарозу васеи ин масҷид 99 сутуни гулкоришуда мавҷуд аст, ки 99 номи Худованди мутаъолро ифода мекунанд. Ҳамаи ин сутунҳо андак ба ҷониби Каъба майл намудаанд ва бо ҳамон устуворӣ айвонро побарҷо нигаҳ медоранд. Дар дохили масҷид хати барқ кашида нашудааст. Он бо нури офтоб ва равшание ҳамеша мунаввар аст, ки тавассути тирезаҳои сақфи он ба дохили масҷид ворид мегардад.
Ташриф ба Театри давлатии мусиқӣ-драмаи Қӯқанд ва тамошои намоишномаи «Фурқат» низ барои ҷавонон хеле хушоянд ва қобили пазироӣ гардид.
Нуктаи дигаре, ки боиси қайд мебошад, фестивали байналмилалӣ бештари чорабиниҳои худро дар Донишгоҳи Қӯқанд баргузор намуд. Ба истилоҳ, ин донишгоҳ ба ҳайси мизбони фестивал вазифа анҷом дод. Аммо маросими пӯшиши фестивал дар саҳни Ӯрда баргузор гардид. Дар ин маросим як гурӯҳ ҷавононе, ки Донишгоҳи Қӯқандро бомуваффақият тамом кардаанд, дар фазои мутантан соҳиби диплом шуданд. Баъд консерти дастаҷамъона ин фестивалро ҳусни итмом бахшид.
– Ин фестивали нахустини ҷавонони туркзабон мебошад, ки дар шаҳри мо баргузор шуд. Ҷойи шубҳа нест, ки он дар сатҳи баланд гузашт ва меҳмонони мо аз шаҳри Қӯқанди латиф бо як ҷаҳон таассурот ба мамлакатҳои худ бармегарданд, – гуфт дар поёни маросим ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруфҷон Усмонов.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: