СУХАНШИНОС БОШЕМ Ё БОЯД БУД

Вақти хонандаи азизро бо шарҳ додани ин ду таъбири дар назари аввал на он қадар мутаносиб, вале дар асл ба ҳам дар робитаи қавӣ ҳатто аз ҳам ногусастанӣ талаф намекунам.

I. Асолати сухан ва истиқлолияти маънавӣ
Вақти хонандаи азизро бо шарҳ додани ин ду таъбири дар назари аввал на он қадар мутаносиб, вале дар асл ба ҳам дар робитаи қавӣ ҳатто аз ҳам ногусастанӣ талаф намекунам. Танҳо донистани он, ки «Асолат» яъне ҳамон асл, пайдоиш ва рушду таҳаввули ҳар як калима (ё инсон), то имрӯз нигаҳдошти ҷавҳари аслии хеш, саломатии маънавӣ ё ҳақиқате, ки дар моварои (паси) ҳар як сухан нуҳуфтааст, бароямон кифоя мекунад. Ҳамаамон таъбирҳоеро монанди: «боаслу насаб», «инсони асил», «аслу насл» ё баръакс, «бе аслу насаб», «бадаслу бадзот», «беасл, беасос, бепоя» ва ... шунидаем. Магар мешавад дар мавриди сухан низ ин сифатҳоро истифода бурд? Оре, мешавад! Ҳазрати Сухан вақти зоданаш ҳеҷ ҷурме мисли инсон надорад ва низ чун инсон, агар дарду иллате дошта бошад, (ки асосан аз тарафи волидайн ё муҳит ирсан ба ӯ расидааст ва ӯро мубталои он дард кардааст) дер намепояд. Вале сухани асил, пуштдор, солим рушду нумӯъ мекунад, сайри тағйироту таҳаввулотеро аз сар мегузаронад ва бо саломати маънавӣ, ба қавли Мавлоно аз новдони забони суханвар рехта, коми ташнагони ҳақиқату маъно ё маънавиятро сероб мегардонад. Пас маълум шуд, ки асолати сухан, саломатии сухан ҳамон ҷавҳари маъно, ҳақиқат аст, ки абвоби (дарҳои) истиқлолияти маънавӣ, рӯҳии инсонро бар рӯйи ӯ боз мекунад. Чаро анбиё (пас аз Қуръон)-ро дар аҳодис «беҳтарини суханварон, расотарин ва фасеҳтарин мубаллиғон» ном ниҳодаанд? З-он рӯ, ки ҳеҷ набие (дар зимн бояд тазаккур дод, ки маънои «набӣ» ҳам «суханрасон», «муждарасон» аст) Бани Одамро ба роҳи бад ҳидоят накарда ва намекунанд. Танҳо коре, ки анбиё кардаанду маърифату ҳикматҳои мондагорашон то имрӯз ва фардоҳо хоҳад кард, ин равшанӣ андохтан ба ҷаҳони ботинии инсон, сохтани як Инсони комилу маънавияти ӯ буда ва ҳаст. Суханони анбиё (пас аз Қуръон), маърифатпароканиҳои имомоне чун ал-Бухориву ал-Тирмизӣ, аз-Замахшариву бобоямон Баҳоуддини Нақшбанд ва авлиёе (валиёне) чун Саноиву Аттору Мавлоно ва ба порахиштҳои заррине мемонанд, ки он бузургон тавассути ин мояҳои арзишманд Кохи вуҷуди маънавии моро сохта ва месозанд. Агар ба соддатарин таъбир гӯем, онҳо бинокорон, сохтмончиён, хиштзанон, ороишгарон, меъморони дори (хонаи) маънавии вуҷуди мостанд. Зеро сухани онон бар пояи ҳақиқат, маъно, асолат ва раъйи солим устувор буда, моро ба сӯйи камолоти маънавӣ, ки ҳамон хушбахтии ҳар як инсон аст, раҳнамун месозад. Бубинед, мақоми суханвар, сухангӯ, он сухангӯе, ки мухотабаш анбӯҳи мардум аст, аз назари китобҳои осмонӣ ва бузургоне, ки зикри хайрашонро кардем, то чӣ андоза рафиъу дурахшон аст! Лиҳозо, рисолату вазифаи ҳар як суханвар аз ҳар қавмеву миллате ва ҳар баёну забоне (дар пешгоҳи мардум) низ, муодили он рифъату тобнокии мақом – пур аз масъулиятҳо, душвориҳо ва ҷоҳое хатарнок ҳам ҳаст.
II. Шикасти асолати сухан ва паёмадҳои он
Гуфтем, суханҳо ғолибан ба сурати асил, солим, тандуруст ва аз забони бузургони илму адаб ва дар пояи китобҳои осмонию ҳадису ривоёт то ба мо расидаанд, яъне мисли нони пухтае, ки мебояд онро гирифту тибқи маъно, яъне вақти иштиҳо ба дастархони маънавии мардум гузошт, (набояд аз ёд бурд, ки суханони бепоя, беасл, носолим, касал ва дар ҳар забоне ва бештар дар гуфтугӯҳои омиёна вуҷуд дорад; сухангӯ, журналист, нафақат бояд аз ин гуна ёваҳо бипарҳезад, балки барои решакан кардани онҳо аз соҳати забон ҳамеша дар пайкарзор бошад, зеро чунин суханони беҳуда ҳамеша, дар ҳар давру замоне буданду ҳастанду хоҳанд буд, вале он чӣ, хурсандиовар аст, ин аст, ки  жожҳо (гапҳои беҳуда) умри хеле кам доранд ва дар ниҳоят, шармандавор ба марзи фаромӯшӣ супурда мешаванд). Чун забон (ҳар забоне) пӯё, зоё ва навовар аст, ҳамеша дар сайри такомул, тағийроту таҳаввулот ва навоварист; суханҳои солиме худ мезояд, ё бо талфиқ (ду ё се ... суханро ба ҳам пайвастан) таркиботу таъбироте солиму тандуруст, асолатдошта тавлид мекунад. Иқдом ё вуруди мубораки чунин суханонро бояд хайра мақдам гуфт ва аз бунмояҳои маънавии онҳо, ки зебу фарри фарҳанги мардуми дигарро ба мо эҳдо мекунанд ва дар рахшишу такомули забону фарҳанги мо нақши мусбату муассир мегузоранд, бояст истифода бурд. Чаро? 3-он рӯ ки (ҳама медонем) ҳеҷ забоне, на тоҷикиву ӯзбекӣ, на русию инглисӣ, на арабию хитоӣ ва ... ба сурати соф муҷаррад такомул наёфта ва намеёбад. Ҳатто китобҳои осмонӣ низ бо суханони асолатдоре аз забони ману туву ӯ, тоҷикию ӯзбекию арабӣ ва ... ороставу пероста гардидааст. Хонандаи азиз шояд суол кунад, ки агар ҳеҷ забоне соф тоҷикию ӯзбекию арабию... набошад, пас чаро онҳо ин қадар номҳои гуногун доранд.
Посухи мухтасар ва хеле оддӣ ин аст, ки тамоми кутуби осмонӣ, ривоёту аҳодиси қудсӣ, донишу хиради то ба мо нарасида дарбаргирандагони асолати маъностанд ва нидо, ҷавҳари ҳақиқатро бар гӯши қалбҳои бани башар мерасонанд. Ҳақиқат, нидои ҳақ як аст, вале метавон онро бо сад забон (агар он сад забон саломати лафзию маънавӣ дошта бошад) ифода кард; русию арабию  тоҷикию ӯзбекӣ ва ... ба ҷуз як василаи ибрози ҳақиқат, беш нестанд:
Турку зангу габру тоҷику араб,
Фаҳм карда ин нидо бе гӯшу лаб.
Худ чӣ ҷойи турку тоҷик асту занг,
Фаҳм кардаст он нидоро чӯбу санг.
Ҳар даме аз вай ҳамеояд «аласт»
Ҷавҳару эъроз мегарданд маст. 
(Ҳамон нидои ҳақ, асолати маъно). (Маснавӣ, дафт.1, саҳ. 128)
Иншоаллоҳ, дар ҷойи худ, ба шарҳи баъзе ибороти байтҳои фавқ хоҳем пардохт, вале зикри ин нуктаро лозим мешуморем, ки забон, бо ин ҳама таърифу тавсифҳо, ситоишу тамҷидҳое, ки дар васфаш кардаанд, дар баробари ҷаноби Маъно, ҷуз як васила, зарфи кӯчаке беш нест. Ва он забоне, ки суханонаш аз асолати маънавӣ орӣ ё дур бошад, наметавонад, ҳатто ҳамон нақши васила, зарфи кӯчак буданро низ адо кунад. Чунин забон заиф, нотавон, дардманд ва пур аз ёваву газофгӯиҳост, ки охируламр худу мухотабонашро ба залолату ҷаҳолат мекашонад:
«Мавлоно Ҷомӣ, шоире – Соғарӣ номро, ки басо ёвагӯй буд, чунин ҳаҷв кард:
«Шоире» мегуфт: дуздони маонӣ 
бурдаанд,
Ҳар куҷо дар шеъри ман як нуктаи 
хуш дидаанд.
Хондам аксар шеърҳояшро, яке 
маънӣ набуд,
Рост мегуфт ин ки маъниҳошро 
дуздидаанд.
Ва чун Соғарӣ ин ҳаҷв бишнид, гила кард. Дар посух Ҷомӣ гуфт: Ман гуфтаам: «Шоире мегуфт»... (Хонданиҳои адабӣ ё ҳазор ҳикоят ва ишорат. Гирдоварии Алӣ Асғар Ҳалабӣ, Теҳрон, 1377/ 1999 саҳ. 490)
Маънӣ надоштан, аз асолат дур будани суханони бархе аз сухангӯёни мо (имрӯз низ, чун дар асри Ҷомӣ) як нуқсон аст, нуқсу зарари он бештар ба он гуна сухангӯён ва мухотабонашон бармегардад ва эшонро аз пешрафт дар ҷодаи истиқлолияти маънавӣ бозмедорад. Вале асари бади аз ин дард ҳам бадтар он аст, ки вақте «сухангӯ» асолати сухану калимоти дурусту солими то ба мо расидаро (бештар аз рӯйи ҷаҳлу нодонӣ) мешиканад, онро сактадор намуда бар рӯйи хони маънавии мардум месурфонад.  Барои ин ки суханонамон бидуни истилолот набошад, ба мисолҳои зер таваҷҷӯҳ кунед: тараффӯъ (?)- ба маънои иртиқо, болоравӣ дар ҷоҳу мақом; нобародарҳо (?); – шояд бадхоҳон; носаро? – ба ҷои насоро, насрониҳо; – «уруқи кина» (?) – ба маънои тухм, базри кинаву адоват, на рагу шарён; «ҷавв» (?) на ба маънои фазо, соҳат, балки ба маънои «ҷаву алаф», «ҷаву гандум»; «ситуд» (?) – на ба маънои ситонидан, гирифтан ба зӯр ва ҳатто дуздӣ кардан, балки ба маънои ситоиш, таъриф кардан, ҳамду сано хондан;  ва ҳазору як лак иштибоҳу хатоҳое, ки дар «суханномаҳо»-и бархе аз сухангӯёни имрӯза ба мушоҳида мерасад.
Таърихи таомулот, мубодилоти луғавӣ мобайни забони тоҷикӣ ва ӯзбекӣ дуру дароз ва дурахшон аст. Бозори доду ситади каламоту иборати ин ду забон дар ҳеҷ мақтаи таърих аз фаъолият бознамондааст ва имрӯз низ дар ҳадди аълои иртиқо ва пешрафт қарор дошта бар арзишҳои  фарҳангии ҳамдигар меафзоянд. З-ин рӯ, нависанда, гӯянда – намояндаи ҳар забоне, ки анбӯҳи каламоти муштарак дар ду, се ё... забонро дар ихтиёр дорад – вазифадор аст ба тарзи талаффуз, асолати маънавию лафзии ҳар сухан диққат кунад, нафақат ба матолиби рӯзномаву китобҳо, балки ба ҳар як хитоба, суханронӣ, мавъиза, шиору эълонҳо, ҳатто шарҳу тавзеҳоте, ки дар ашёву полоҳии  гуногун ба сурати чопӣ навишта шудааст, таваҷҷӯҳи хос ва коршиносона дошта бошад. Ба рафъу тасҳеҳи иштибоҳот бидуни ист иқдом намояд. Ба гунаи дигар гӯем, Ҳофизи асолати сухан бошад. Дар ин ҳол, чунин нависанда, гӯянда, журналист бо як тир ду  нишон задааст; якум асолату таносуби лафзию маънавии суханро нигоҳ доштааст ва дувум, бо ин ҳидоятгарӣ калиди истиқлолияти маънавии мардумро ба дасти ӯ додааст!
Дуруст аст, ки ҳар кас наметавонад нависанда ё суханвар шавад, вале бо доштани ин Калид–калиди дари асолати сухан – метавонад дуруст гуфтану навиштанро ёд бигирад, ба муҳимтарин нуқоти қавонини дар назди ҷомеа матраҳшуда пай барад ва бо дуруст истифода намудани он қонунҳо, ки асосан баҳри беҳбудии умқи маънавию моддии мардум танзим мегарданд, зиндагии хушбахтонаи худро бисозад.
III. Доду ситади забонҳо
Истиқлоли маънавӣ дар фитрати ҳар як забон–забоне, ки вижагии илмӣ, фарҳангӣ, адабӣ дорад,  нуҳуфта аст. Пештар гуфтем, ки ҳеҷ забоне наметавонад бидуни доду ситади калимаҳо, дар таомул бо забонҳои дигар, вуҷуд дошта бошад ва пешрафт кунад; калимаҳои солим, пурмаъно, асолатдоштаеро аз дигар забон мепазирад ва вожаҳои солимеро аз худ ба забонҳои дигар эҳдо мекунад. Зимни ин доду ситад забонҳо аз ҳамдигар мутаассир мешаванд, ба якдигар таъсир мегузоранд. Ва аз якдигар ранг гирифта худро ҷаҳонӣ ё байналмилалӣ мекунанд. Ва ин доду ситад низ ҳадду ҳудуд дорад, агар аз ҳадди меъёр гузашт, ба забони таъсирпазир осеб ворид мекунад; ин раванд дар байни забонҳо хеле кам ба чашм мехурад ва асосан бо роҳҳои сунъӣ амалӣ мешавад. Каме баъд ба ин мавзӯъ хоҳем расид.
Забонҳои софу холис, ба қавле «покиза» ҳоло кам бошад ҳам, вале вуҷуд доранд; онҳо танҳо дар миёни қабилаҳои кӯчак ва тоифаҳои дурафтода аз тамаддуни умумибашарӣ дида мешаванд ва ҳамеша дастхуши тағйирот буда умри дароз надоранд.
Гуфтем доду ситади забонҳо дорои қонунияти худ мебошад ва он бояд ба сурати табиӣ, мақбул, дилнишин сурат бигирад ва агар на аз ин роҳ  сурат бигиранд, ба забон зарар ворид мекунад. Мутаассифона, бештари калимаҳои як вақтҳо бароямон  бегона (арабӣ, ибрӣ, юнонӣ, русӣ ва ӯзбекӣ) аз ин роҳ ба забони мо низ ворид шудаанд ва хурсандона аксари онҳоро, чун пурмаъно ва асил буданд, мо пазируфтем. Имрӯз, пас аз солҳои зиёди ишқварзиям бо ҳар як калима, заррае пай бурдан ба кунҳи (решаи) бархе аз калимаҳо, бад-ин натиҷа расидаам, ки калимоте чун китоб, қалам, қонун, қадам, коғаз, вазифа, амал ва ... (ки мо онҳоро бешакку шубҳа аз арабӣ маъхуз (баргирифта) медонем)  шояд арабӣ набошанд... Чун Қуръон ва дигар китобҳои осмонӣ маҷмӯи калимоту таъбирҳои баргузидаи асолатдошта аз чандин забонҳост; шояд ин гуна вуҷуд доштаанд... Аллоҳу аълам! Аз роҳи сохта, сунъӣ бор кардани як калима бар гардани забони дигар хушоянд нест ва охируламр чунин хидмати хирсона муваффақияте дар пай нахоҳад дошт. Вале ин дард низ бахайр аст ва метавон онро илоҷ кард. Дарди аз ин ҳам бадтар, сирояткунанда, ҳатто ҷоҳое бедармон он аст, ки мо унсурҳои дастурии (грамматикии) як забон, сарфу наҳв, сохтмону ҳандасаи як забони дигарро бипазирем. Яъне чӣ? Яъне мо суханамонро мисли талаботи дастуроти забони арабӣ, русӣ... (ки дар яке феъл муқаддам аст ва дар дигар фоил ва доштани сад фарқияти дигар дар он сохторҳо нисбат ба забони мо) бо тақлиди кӯр-кӯрона ҷумлабандӣ кунем. Ин гуна доду ситадҳои ноогоҳона сохтори забони моро вайрон мекунанд ва сухангӯ, нависанда, ба хусус мутарҷим бояд ба сурати мутлақ аз чунин доду ситадҳо (ки забонро беҳуввият месозанд) бипарҳезад.
Дар тӯли ин сад соли охир, аксаран ва мутаассифона, забони мо (ва ӯзбекӣ низ) мояи дастхушии султаи сохтории забонҳои дигар гардид ва ҷоҳое, ҳатто созу тарзи ҷумлабандии он забонҳоро (ба «фазлу дониш»-и бархе аз «сухангӯёну нависандагони фаъоли замон») пазируфт. Марази таарруб (арабикунӣ), русигароӣ дар сухан он қадар амиқ реша давонд, ки мо қариб асолат, ҳуввият, сохтори ҷумлабандии худро гум кунем. Вале хушбахтона, боз ҳам он арзишҳои гаронбаҳои оламшумули илмӣ, адабӣ, фарҳангӣ ба кӯмаки мо бархостанд, нагзоштанд, ки сохтор ё тарзу тартиби чидумони калимаҳо дар ҷумла беш аз ҳад тағйир ёбад ё иваз шавад. Чаро? Зеро ки, чун дар аввали ин баҳс гуфтем, забон, аз нигоҳи фитрати хеш, як узви солим, пӯё, зоё ва ҳамеша дар масири такомул аст; ҳар чизи иллатдор, касалмандро намепазирад; агар бар гарданаш бор кунем, шояд чанд муддат таҳаммул кунад, кашад, вале саранҷом онро раҳо хоҳад кард ва ё тасҳеҳ намуда, ба шакли барои худ муносиб, шинам, форам табдил дода аз они худ хоҳад намуд:
«Мегӯянд Муллое барои харидани ҳезум ба бозор рафт. Рустоиеро дид, ки пуштае (чанд дарза) аз ҳезум бар пушти хар ниҳода мефурӯшад.
Ба унвони худнамоӣ дар муллоӣ ва арабидонӣ дар ғабғабаш аз гиребон суфу куфе карду гуфт:
«Ё ахӣ! (эй бародар) ин хатаби (ҳезуми) мураттаби (батартиб чидашуда) бар ин ҳимори абядро (бар пушти ин хари сафедро) ба чанд дирҳами шаръӣ мубояъа мекунӣ? (яъне ба чанд дирҳам мефурӯшӣ).
Рустоии бесаводи бечора аз суханони Мулло чизе нафаҳмид, ба чашмони Мулло дуру дароз нигоҳ карду сипас гуфт:
«Муллоҷон! Сура мехонӣ ё ҳезум мехоҳӣ?!»
(Ҳазор ҳикоят ва ишорат, ҳик. 6, саҳ. 48)
Ин аст аз роҳи сунъӣ ворид кардани калимаҳо ба забон; маҷбур кардани мардум ба коре, ки онро намепазирад. 
Забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳоест, ки дар тӯли таърихи беш аз ҳазорсолаи худ аз дигар забонҳо мутаассир шуда ва дигар забонҳо низ аз ӯ мутаассир шудаанд. Медонем, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, осори боқимондаи Рӯдакӣ, Мунҷиқ ва ... теъдоди каме аз вожаҳои бегонаро доранду халос. Нахустин асари мактуби туркӣ «Қӯтадғу билиг», низ 239 вожаи арабӣ, форсӣ дораду халос, (Асғар Дилбарипур. Таъмули забони форсӣ бо забони туркӣ. Анқара, 1382/2002, саҳ. 82). 
Вақте ки адабиёти дарборӣ, ё коргузориҳои давлатию иҷтимоӣ бар мабнои фарҳанги исломӣ ва адаби форсӣ устувор гардид, мизони таъсиргузориҳои ин забонҳо бар забонҳои дигар ба маротиб афзуд. Дар даврони авҷи таъсиргузории забони арабӣ (тахминан аз аҳди Саъдӣ то Соиб), ин афзоиш ба ҳадде расида буд, ки аксаран дар насру назм танҳо афъол ба забони форсӣ-тоҷикӣ ё туркӣ оварда мешуд. Ин раванд низ яктарафа набуд, вожаҳои туркии «ярлиғ» (фармон), хайлтош (ҳамқабила), ясавул (маъмури интизом дар дарбори арбоби давлат), қӯшбегӣ, иноқчӣ (муқарраби дарбори султон), атобак (сарвазир ё вазири аъзам), ясавулбошӣ (сардори ясавулон) ва ... дар ҳамин аҳд вориди забонҳои форсӣ ва гоҳе арабӣ шуданд. 
Аксари муҳаққиқони муосиру гузашта бар онанд, ки вуруди нахустин вожаҳои туркӣ ба дигар забонҳо дар аҳди Ғазнавиён («Таърихи Байҳақӣ») оғоз шуда, дар замони Салҷуқиён (429 қ-700қ.), ҳукумати муғулон (624-736), ки пас аз шикасти Хоразмшоҳиён рӯйи кор омаданд, афзоиш ёфт. «Таърихи ҷаҳонкушо»-и Ҷувайнӣ аз ҷумлаи он осорест, ки дар ин давра таълиф шуда теъдоди зиёди вожаҳои туркӣ дорад. Ин таъсир дар давраи Темуриён (771қ.— 911қ.) ба ҳамон тартиби пешин идома ёфт. Дар «Роҳат-ус-судур»-и  Равандӣ, ки дар ҳамин аҳд таълиф шудааст, низ вожаҳои туркӣ фаровон ба назар мерасад. Дар «Ҷомеъ-ут таворих»-и Рашидӣ, таълифи Ҳофизи Абрӯ, ки бахше аз ҳаводиси муҳими давраи Темуриёнро дар бар дорад, бо теъдоде аз истилоҳоти низомию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ошно мешавем.
Бад-ин минвол, таъсиргузории забони туркӣ бар забонҳои дигар дар аҳди Сафавиён (907-1149) низ идома пайдо кард; дар осоре, ки ба забонҳои арабию форсӣ навишта мешуданд, натанҳо як вожа, балки таъбироту таркиботи туркӣ низ зиёд ба чашм мехӯранд. Масалан, дар «Таърихи Оламорой»-и Искандарбеки Туркмон, «Софвату-с-сафо»-и Ибни Баззоз вожаву таркиботи туркӣ китобат шудааст. Ин раванди доду ситад, ба хусус таъсирпазирии забонҳои арабию форсӣ аз туркӣ, дар даврони Афшориён (1100-1162), Зандиён (1162-1209), Қоҷориён (1193-1307) низ бо андаке тағйироту ихтилофҳо идома ёфт.
Имрӯз низ, вақте ба «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Фарҳанги форсии Муин», Деҳхудо ва... муроҷиат мекунем, таркибу вожаҳои туркии бисёреро мебинем. Ба қавли муаллифи «Фарҳанги форсии Муин» дар он беш аз 1200 вожа ва таъбироти туркӣ ҷой дода шудааст, ки аксари онҳо дар забонҳои имрӯзаи арабию форсӣ роиҷанд. Аксарияти вожаҳои дохили туркӣ ба забонҳои арабию форсӣ моҳияти идорӣ (дарборӣ) ва низомӣ доранд: урду (сипоҳ), отлиғ (савораи диловар), ӯлҷа (ғанимати ҷангӣ), илҷор (сарбозони довталаб, ки ройгон хидмат мекарданд), юриш (сафари ҷангӣ), илғор (ҳуҷум), барғу (шайпур), тӯнпуз (гурз), човуш (нақиби лашкар), сақноқ (паноҳгоҳ), қаровул (нигоҳбон ва пешрави лашкар), қилич (шамшер), қӯрчӣ (силоҳдор), қӯрхона (ҷойи нигаҳдории асбобу лавозими ҷангӣ), кӯтвол (қалъадор), миртумон (амири лашкар), мингбошӣ (фармондеҳи ҳазор сарбоз), юзбошӣ (фармондеҳи сад сарбоз), ялмиқ (зиреҳи чандпора), яроқ (таҷҳизоти ҷангӣ) ва амсоли онҳо, ки ба забони форсии тоҷикӣ ва гоҳе ба арабӣ низ ворид шудаанд. Чи тавре, ки мушоҳида мешавад, доду ситоди забони мо бо забонҳои арабӣ, ӯзбекӣ ва ҳатто баъзе забонҳои урупоӣ аз қадимулайём ҷараён дошта, то имрӯз ин раванд пӯё, зоё ва зинда аст.
Дар арсаи адабиёт бошад, забони мо муҳимтарин ва гаронбаҳотарин таъсироти мусбаташро ба забонҳои туркӣ, арабӣ, ҳиндӣ ва бархе забонҳои урупоӣ гузоштааст. Тамоми асарҳои адабие, ки пас аз қарни XV (ва шояд қаблтар) ва бо кӯшишу ибтикори Алишери Навоӣ оғоз шуда ба сурати мактуб навишта шудааст, мероси гаронбаҳо ва муштараки фарҳангӣ-адабии мо ба шумор меояд.
Вазири донишманд ва адабмарди илму фарҳанги он аҳд Алишери Навоӣ, ки осори арзишманде ба ду забон барои мо ба мерос гузоштааст, тибқи асноди то замони мо расида, ҳар рӯз 18000 шоҳрухӣ (навъи пул) аз хазинаи шахсии худ барои пешрафти илму адаб ва кӯмаки моддии олимону донишмандон, шоирону нависандагон, ободонии мадорису мактаб сарф мекардааст. Тамоми шоҳзодагони темурӣ ба тарвиҷу тарғиби илму адаб инояти хосе зоҳир мекардаанд; гӯӣ таваҷҷӯҳ ва алоқаи фаровон ба илму фарҳанги форсӣ ҷузви фитрату хӯйи табиии онон будааст:
«Шоҳрух пайваста перомуни (дар маҷлису тантанаҳои) маҷлиси олии афозили (фозилон) маволӣ (мавлоҳо) ва амосили (беҳтарин инсонҳои намунаи ибрат) аҳолӣ ҳозир буданд ва дар фавосили (фосилаҳои) авқот ва фавозил (беҳтарин) соот ба мубоҳисаи улуми диния ва музокираи улуми яқиния ва қироати кутуби тафсир, ҳадис, фиқҳ ва таворих иштиғол менамуданд. (Таърихи адабиёт. Доктор Зебухуллоҳ Сафо, ҷ. 4, с. 125).
Иброҳим Султон бинни Шоҳрух хаттоти моҳире буд, Мирзо Бойсунғур – писари дигари Шоҳрух – шоир ва хаттоти ҳунарманде буда, ӯ ба ҷамъоварии нусхаҳои хаттӣ ва дигар китобҳо алоқаву муҳаббати фаровон доштааст; даргоҳаш паноҳгоҳи аҳли фазлу адабу ҳунар будааст; Улуғбек – писари Шоҳрух, ба илму ҳамнишинӣ бо уламо таваҷҷӯҳи фаровоне доштааст; охирин подшоҳи муқтадири Темурӣ Султон Ҳусайн Бойқаро аз таблиғу тарвиҷгарони маъруфи илму адаби мо ба шумор меравад (ҳам. с. 126). Бубинед, Навоӣ дар аксари осораш ба ситоиши илму хирад, забони шаҳдбори Ҷомӣ мепардозад;
«Марсия»-и ӯро дар сӯги Ҷомӣ, ки ба тоҷикӣ навишта шудааст, беҳтарин намунаи суханварӣ дар шеваи рисосароӣ (марсиясароӣ) эътироф карданд; Фузулӣ дар қасидаи «Анис-ул-қалб» бадоҳатан ба мадҳу ситоиши Ҳоқониву Ҷомӣ ва нукоти шарики онон шурӯъ мекунад. Маҳз дар ҳамин аҳд, ба шарофати асарҳои арзишманди илму адабмардоне, ки зикри хайрашонро кардем, насри туркӣ хеле ривоҷ меёбад; матнҳои асили таърихӣ, китобҳои ахлоқӣ, сиёсатномаҳо, мактубот, тазкираҳо, саёҳатномаҳо ва дигар жанрҳои насрӣ рушд намуда, осори насрии пурмуҳтавое тадвин мешаванд.
Имрӯз низ чун гузашта ин доду ситад, таомули вожаву таъбирҳову таркибҳо дар байни забонҳои мо (шояд ба гунае андак дигар) гарму ҷорист. Мо барои омӯхтан ва ошноӣ пайдо кардан бо таърихи гузаштаи хеш, гузире, ҷуз муроҷиат кардан ба матнҳои аслии худ надорем. Бидуни ошноӣ ба забони нусхаҳои аслӣ (хоҳ форсӣ, хоҳ туркӣ, хоҳ арабӣ) истифода аз онҳо номумкин аст. Ва бо фаро гирифтани онон мо таърихи саршор аз рухдодҳои илмию фарҳангии хешро фаро мегирем ва бо назаре басир, дурбин, дурандеш, бино ба оянда гом бармедорем.
IV.Ангур, инаб, узум ва истофийл
Мавлонои Балх дар Маснавӣ, зимни достонҳои саропо андарзу саршор аз маъно ҳикояҳоро дар мавриди ваҳдати маъно ва талаффузи он як маъно бо савту оҳангҳои мухталиф дар забонҳои гуногун нақл мекунад. Агар он ҳикояро ба насри содда баргардонем, чунин сурат мегирад:
Марде некӯкор дар шаҳре чаҳор нафар – яке форс, дувумӣ тоҷик, савумӣ румӣ ва чаҳорумӣ арабро мебинад, ки якҷо нишастаанд ва ба онҳо аз рӯйи карам як дирам ато мекунад. Чун ин як дирам ба дасти онҳо меафтад, ба низоу хархаша шурӯъ мекунанд ва ҳар яке мехоҳад ба майлу рағбати худ аз он як дирам истифода барад. Марди форсизабон, пайи хотима бахшидан ба ҷанҷолу хархаша, пешниҳод мекунад, ки чун ин як дирамро намешавад барои чор кас тақсим кард, беҳтар аст ба он Ангур бихарем ва аз лаззати он ҳамаамон бархурдор шавем. Араб бо шунидани каломи .. АНГУР аз даҳони форсизабон бармеошӯбад, ба ғазаб омада мегӯяд, ки ман ҳеҷ гуна «ангур-пангур» намехоҳам, ман «инаб» (дар арабӣ ангурро инаб гӯянд) мехоҳам.
Марди туркзабон аз баҳсу муноқишаи форсу араб чизе нафаҳмида, бештар ба ғазаб меояд ва шарти худро ба шарҳи зер пешниҳод мекунад: «Ман ҳеҷ гуна «Ангур-пангур», «Инаб-пинаб» намехоҳам; мехоҳам бо он як дирам, ки ҳиссаи ман ҳам дар он ҳаст, «Узум» бихарем ва дар байни худ баробар тақсим кунем, тамом, вассалом!»
Бечора марди румӣ, ба ин ҷанҷоли се нафар барои тақсими як дирам, бораҳмона нигоҳ карда, мегӯяд: «Бас кунед низову хархашаатонро! Биёед бо он як дирам «Истофийл» (дар румӣ «Ангур»-ро гӯянд) бихарем, байни ҳам тақсим кунем, ман «истофийл»-ро хеле дӯст медорам!»
Пешниҳоди ӯ низ рад мешавад. Хулоса, ҳеҷ як аз ин чор нафар, ҳарфи якдигарро қабул намекунанд ва ба низоу хархашаи худ, яке «ангур»-у дигаре «инаб»-у савумӣ «узум»-у чорумӣ «истофийл» – гуфта, идома медиҳанд.
Дар хотимаи ин достон, Мавлоно бо таассуф мегӯяд, ки ин чаҳор нафар аз ҷаҳли худ асрору ҳақиқати воҳиди он чаҳор калимаро намедонанд, з-ин рӯ дар байнашон ихтилоф ба вуқӯъ пайвастааст ва агар ба ҳақиқати маъно, ки ҳамон маънавияти қаблан ишора кардаамон аст, пай мебурданд, дар байни онҳо ҷанҷолу хархаша рӯй намедод: «ангур» агар бо сад забон сад хел талаффуз шавад ҳам, ҳамон як таъмро дорад; агар ширин бошад, ширин аст ва агар турш, ё нордон, туршу нордон хоҳад буд; яъне ҳадаф ҳамон таъм ё маънову лаззати ангур аст ва талаффузу савтҳои гуногуни он дар забонҳои мухталиф, дуюмдараҷа мебошанд; агар азизе, асрордоне, маъношиносе дар байни ин чор нафар мебуд, дар як лаҳза сулҳашон медод, дар миёнаи онҳо тафоҳум барқарор мешуд ва дӯстонаву бародарона сарҷамъ ангур мехариданду «оби ангур хуш аст!» гуфта, ҳама баробар лаззат мебурданд! Ӯ бо ҳамин як дирам ҳам ангур, ҳам инаб, ҳам узум ва ҳам истофийл мехариду байни онҳо тақсим мекард, ҳоҷаташонро мебаровард:
Соҳиби сирре, азизе садзабон,
Гар будӣ он ҷо, бидодӣ 
сулҳашон!...
Пас бигуфтӣ ӯ, ки ман з-ин як 
дирам,
Орзӯи ҷумлатонро мехарам!
Ихтилофи муъмину габру яҳуд,
Аз назаргоҳ аст, эй мағзи вуҷуд.
Яъне ихтилоф, нофаҳмӣ, гоҳе таассубу сахтгирӣ ва ...аз надонистани маъно, асолат, маънавияти сухан аст; «назаргоҳ», «намуди зоҳирӣ», тарзҳои гуногуни талаффузи сухан аст; дар моварои (пушти) ҳар як сухан, зери парда арӯси маъно мунтазири домоди сухани дархуру зебандаи худ нишастааст ва рисолати сухану вазифаи ҳар як қаламбадаст он аст, ки ҷомаи алфози муносиб бар қомати маъно бипӯшонад; дар навиштору гуфтораш бояд суханеро истифода кунад, ки ҳидоятгар, роҳнамои маъно бошад ва калиди дари маънавиятро ба дасти хонанда диҳад. Ҳифзи асолат, маънои сухан, расонидани он ба дилҳо ноил шудан ба истиқлолияти маънавист.
(Давом дорад)

Файз МАҲМУД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: