ФИКРУ ПЕШНИҲОДҲОИ ШАҲРВАНДОН БАРОИ ҚАБУЛИ ҚАРОРҲОИ МУҲИМИ СИЁСӢ ҲАМЧУН АСОС ХИДМАТ МЕКУНАНД

Президент Шавкат Мирзиёев аз рӯзҳои аввали фаъолият ба сифати роҳбари давлат сиёсати ошкоро ва шаффофро пеш гирифта, барои фаъолияти озоди воситаҳои ахбори оммавӣ роҳи васеъ кушода дод.

Президент Шавкат Мирзиёев аз рӯзҳои аввали фаъолият ба сифати роҳбари давлат сиёсати ошкоро ва шаффофро пеш гирифта, барои фаъолияти озоди воситаҳои ахбори оммавӣ роҳи васеъ кушода дод. Имрӯз камбудиҳое, ки  дар низоми идоракунӣ роҳ дода мешаванд, мушкилоте, ки шаҳрвандони моро азият медиҳанд, аз ҷониби онҳо ошкоро ба миён гузошта мешаванд. Дар натиҷа имрӯз воситаҳои ахбори оммавӣ ба пули мустаҳкаме табдил меёбанд, ки давлат ва ҷомеаро ба ҳам мепайвандад. Онҳо вазифаи минбареро, ки шаҳрвандон арзу мушкилоти худро ошкоро ва рӯйирост баён мекунанд, иҷро менамоянд. Ин мақомоти дахлдори давлатиро водор месозад, ки оиди мушкилоте, ки аҳолиро азият медиҳанд, огоҳии бештар дошта бошад, онҳоро ҳал кунанд.
Дар ин замина воситаҳои ахбори оммавӣ ва платформаҳо барои алоқа, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ нақши торафт муҳим мебозанд. Онҳо ба як майдони муколамаи кушоди байни ҳокимият ва халқ, муҳокимаи масъалаҳои мубрам ва мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа табдил меёбанд. Аз бисёр ҷиҳатҳо, ба шарофати мавқеи фаъоли шаҳрвандии блогерҳо, нашрияҳои интернетӣ, ҳазорҳо истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ имкон пайдо шуд, ки як қатор ҳолатҳои резонансӣ муносиб ҳаллу фасл карда шаванд. Талаб оиди рӯзона бо равшании чароғ ҳаракат кардани мошинҳо, манъи сиёҳкунии оинаҳои мошин, тартиботи нави қабул ба мактабҳои таълими умумӣ, ғайриқонунӣ вайрон карда шудани амволи ғайриманқул ба ин мисол шуда метавонанд. Дар натиҷа, қарорҳои муҳими ҳукумат қабул шуданд, аз ҷумла тартиби нави гирифта мондани қитъаҳои замин ва вайронкунии амволи ғайриманқул тасдиқ шуданд.
Чунин мисолҳо нишон медиҳанд, ки фикру пешниҳодҳои созандаи шаҳрвандон, онҳо ҳатто агар дар ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ баён шуда бошанд ҳам ба назар гирифта мешаванд, баробари ин иштироки васеи аҳолӣ дар идоракунии давлатӣ ва ҷамъиятӣ таъмин карда мешавад.
Ҳамзамон, ҳолатҳои монеъ шудан ба фаъолияти журналистон, аз ҷумла дар иштироки онҳо дар мурофиаҳои судӣ, маълумот гирифтан аз мақомоти давлатӣ ҷой доранд. Маълум мегардад, ки бо вуҷуди мавҷуд будани кафолатҳои дахлдори ҳуқуқӣ барои намояндагони ВАО, баъзе мақомоти давлатӣ барои муколамаи ошкоро ва созанда бо ВАО ва блогерҳо омода нестанд.
Аммо, ин паёмҳои нигаронкунанда бинобар иродаи сиёсии роҳбари давлати мо паҳн нашудаанд. Аз замони ба вазифа шурӯъ намудани Президент ҳисоботдорӣ, рӯшодӣ ва масъулияти шахсони мансабдор дар назди ҷомеа, инчунин мулоқоти самарабахш бо халқ шарти муҳими фаъолияти ҳокимияти давлатӣ муайян карда шуд. Тамоюли «Халқ на ба идораҳои давлатӣ, балки идораҳои давлаӣ ба халқ бояд хидмат кунанд» дар ҳамаи сатҳҳои идоракунӣ пеш бурда мешаванд.
Зимни суханронӣ дар маросими бахшида ба 29-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Президентамон бори дигар таъкид кард, ки «корҳоямон оид ба озодсозии тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъият, амиқ қарор додани озодии сухан ва матбуот, принсипҳои ошкорбаёнӣ ва шаффофият, назорати самараноки ҷамъиятӣ аз болои идоракунии давлатӣ хусусияти бебозгашт пайдо намуданд». 
Ин як даъвати муҳимест, ки на танҳо барои ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла воситаҳои ахбори оммавӣ, доираҳои сиёсӣ, сармоягузорон ва ҷомеаи байналмилалӣ, балки ба мақомоти давлатӣ низ нигаронда шудааст. Даъватест барои таъмини шаффофияти минбаъдаи манбаъҳои расмӣ, рӯшодӣ ва ошкорогии фаъолияти идораҳои давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои тафтиши иттилооти пешниҳодкардаи онҳо, рушди низоми кор бо муроҷиатҳо, дархостҳое, ки ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ меоянд.
Барои таъмини озодии сухан қадамҳои муҳим гузошта шуданд. Аз ҷумла, имрӯз масъалаи бекор кардани ҷазои марбут ба ҳабс  барои тӯҳмат ва таҳқири журналистон баррасӣ мегарданд ва механизми ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони мансабдор барои халал расонидан ба фаъолияти ВАО ва фишор овардан ба журналистон такмил дода мешавад.
Умуман, тайи чанд соли охир дар фазои ВАО тағйироти куллӣ ба амал омаданд. Шакли тақдим намудани ахбор, мундариҷаи видеофилмҳо, радиошунавониҳо, мақолаҳо дар матбуот ва нашрияҳои интернетӣ дигар шуда, дар онҳо мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи аҳолӣ бештар ба миён гузошта мешаванд. Аксарияти мутахассисон нишондиҳандаҳои мусбати миқдорӣ ва сифатии динамикаи рушди фазои миллии иттилоотии Ӯзбекистонро қайд мекунанд.
Инро суръати пешравии мусбати мавқеи Ӯзбекистон дар рейтингҳои байналмилалӣ тасдиқ мекунад. Аз ҷумла, дар Индекси ҷаҳонии озодии матбуот-2020, ки созмони байналмилалии ғайриҳукуматии «Хабарнигорони бидуни марз» тартиб додааст, Ӯзбекистон дар байни 180 кишвар соҳиби ҷойи 156-ум гардид. Дар ин рейтинг  кишвари мо нисбат ба соли 2019-ум 4 зина ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017-ум 13 зина боло рафт.
Шароити дастрасии омма ба маълумоти кушод мунтазам такмил дода шуда, низоми баррасии дархости шаҳрвандон оиди ба даст овардани маълумот дар бораи фаъолияти мақомоти давлатӣ фароҳам оварда шуд ва он самаранок кор мекунад. Барои таъмини рӯшодии қариб ҳамаи идораҳои давлатӣ асосҳои институтсионалӣ ва инфрасохторӣ фароҳам оварда шуданд, аз ҷумла сайтҳои расмӣ фаъолият мекунанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасони телеграм саҳифаҳо кушода шудаанд. Масалан, канали телеграми Вазорати тандурустӣ беш аз 78 000, канали Вазорати корҳои дохилӣ беш аз 47 000 ва канали Кумитаи давлатии андоз тақрибан 28 000 муштарӣ доранд. Вазорати адлия тавассути саҳифаҳои худ дар Фейсбук бо аҳолӣ робитаи фаъол дошта, аз ҷумла дар мавзӯъҳои мубрам гуфтугӯҳои онлайнӣ ташкил менамояд.
Таваҷҷӯҳи асосӣ ба омӯзиши афкори ҷамъиятӣ, аз ҷумла тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ равона шудааст. Муроҷиатҳо, фикрҳо ҷамъбаст, таҳлил карда шуда ва асоси қарорҳои муҳими сиёсиро ташкил медиҳанд. Ба ин қабули барномаҳои солонаи давлатӣ оид ба татбиқи Стратегияи амалро мисол овардан мумкин. Ҳамин тариқ, имсол зиёда аз се ҳазор фикру пешниҳодҳои шаҳрвандон қабул карда шуданд, ки ҳамаи онҳо пеш аз ҳама ба беҳбудии сохтори давлатӣ ва иҷтимоӣ нигаронида шудаанд. Дар солҳои гузашта шаҳрвандон пешниҳод мекарданд, ки мушкилоти асосан соҳаи иҷтимоӣ, алалхусус масъалаҳои рӯзмарра ҳал карда шаванд. Натиҷаҳои имсола нишон медиҳанд, ки саводнокии сиёсӣ ва фаъолнокии аҳолӣ хеле баланд шудааст. Шаҳрвандон бо назардошти на танҳо таҷрибаи шахсӣ, балки таҷрибаи беҳтарини хориҷӣ пешниҳодҳои асоснок ва тасдиқшуда мефиристанд. Таъмини иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои сиёсӣ дар баланд бардоштани ҳисси дахлдории онҳо ба ислоҳот аҳамияти муҳим касб менамояд.

Бобур БЕКМУРОДОВ,
депутати  Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: