БАРОИ ТАРБИЯИ БУНЁДКОРОНИ ОЯНДА

Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистонро бо ҷамоаи омӯзгорон ва мураббиёни мактабамон низ аз оинаи нилгун тамошо кардем.

Муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Олий Маҷлис ва халқи Ӯзбекистонро бо ҷамоаи омӯзгорон ва мураббиёни мактабамон низ аз оинаи нилгун тамошо кардем. Дар Муроҷиатнома ягон соҳа намонд, ки сарвари давлат ба инобат нагирифта бошад. Аз ҷумла, дар он ба таълими мактаб эътибори алоҳида дода шудааст. Ин ҷамоаи таълимгоҳамонро боз ҳам рӯҳбаланд кард. 
Дар Муроҷиат гуфта шуд, ки дар соли  нав аз буҷа сохтмони 30 мактаби нав, таъмир ва беҳтар намудани заминаи моддию техникии 320 мактаб пули зиёд ҷудо карда мешавад. Дар ду соли оянда барои ҷорӣ кардани системаи ягонаи «таълими электронӣ» 250 миллиард сӯм ҷудо мегардад.
Инчунин, сифати таълими мактабӣ ҳам дар пойтахт ҳам дар деҳаҳои дурдаст бояд ба андозаи баробар баланд бошад. Бо ин мақсад, бояд барномаи махсуси бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани мактабҳои ноҳияҳои дурдаст таҳия карда шавад. Махсусан муаллимоне, ки дар мактабҳои дурдасти ноҳияи дигар дарс медиҳанд, 50 фоиз ва онҳое, ки дар минтақаҳои дигар дарс медиҳанд, 100 фоиз ба музди меҳнат илова мегиранд. Инчунин аз ҳисоби буҷа барои ҳавасмандгардонии фаъолияти мактабҳои хусусӣ дар минтақаҳо субсид ҷудо карда мешаванд. 
Ҷолиби қайд аст, ки соли хониши 2020-2021-ро ҷамоаи омӯзгорон, мураббиён ва хонандагони таълимгоҳамон дар мактаби нави бо ҳамаи шароити замонавӣ муҷаҳҳаз оғоз намуданд. Ба ин ғамхорӣ ҷамоаи мактабамон, дар таълим ва тарбияи насли наврас таҷрибаи худро ба кор андохта, бо ғайрати дучанд меҳнат карда истодаанд. 
Ҳар як суханони ба таълими мактаб нигаронидашудаи сарвари давлат масъулиятамонро дучанд кард. Мо барои таълим ва тарбияи бунёдкорони оянда саҳми муносиби худро ҳамроҳ менамоем. 

Алишер АБДУРАШИДОВ,
директори мактаби таълими ҳамагонии 
рақами 54-уми ноҳияи Косонсойи 
вилояти Намангон. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: