ХУСУСИГАРДОНИИ ҚИТЪАҲОИ ЗАМИНӢ БАРОИ КИШОВАРЗӢ

Дар Маркази матбуоти миллӣ бо иштироки роҳбарони Агентии кадастри назди Кумитаи давлатии андози ҷумҳурӣ таҳти мавзӯи мазмуну моҳияти қонуни Ӯзбекистон дар бораи хусусигардонии қитъаҳои замине, ки барои кишоварзӣ муқаррар нагардидаанд, анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.

Қарори дар ин хусус қабулкардаи Девони Вазирон низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Роҳбари идораи методология дар соҳаи геодезия ва картография Б.Нишонов, ҷонишини роҳбари кор бо ҳудудҳои пешбурди кадастрҳои давлатӣ Қ.Бобоҷонов ва дигарон таъкид карданд, дар асоси ба шахсони ҷисмонию юридикӣ додани ҳуқуқи соҳибӣ кардан, истифода ва ба иҷора додан тартиби маъмурӣ тасдиқ гардидааст.
Тартиби татбиқи қитъ-аҳои замин барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорию шаҳрсозӣ онлайн-музоядаи электронӣ муқаррар шудааст. 
Ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои бо тартиби якка манзил сохтан ва корҳои ободонӣ пеш бурданашон дар асоси ҳуқуқи ба мулк доштаи онҳо қитъаҳои замин тавассути ауксиони электронӣ-онлайн реализатсия карда мешавад.
Барои барпои хонаву ҷой ва ободонӣ ба тартиби якка ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ то 0,04 гектар қитъаҳои замин ҷудо гардида, ауксиони онлайн, тавре дар боло зикр кардем, татбиқи худ меёбад.

М. ШОДИЕВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: