Президент бо вазъи таъмини аҳолӣ бо гармӣ шинос шуд

  • Президент бо вазъи таъмини аҳолӣ бо гармӣ шинос шуд

Сарвари давлат аз маркази гармидиҳии Чилонзори корхонаи “Тошкент иссиқлик маркази” боздид кард.

Ин комплекс соли 1969 сохта шуда буд. Дегхона дорои 700 Гкал иқтидор мебошад. Марказ 921 бинои истиқоматӣ ва зиёда аз 100 иншооти иҷтимоиро бо энергияи гармӣ таъмин менамояд.

Дар рӯзҳои охир аз сабаби якбора хунук шудани ҳаво поён рафтани фишори газ мушоoида мешавад, ки дар ҳосил намудани ҳарорати зарурии энергияи гармӣ душвориҳо пеш меорад.

Таҷҳизоту шабакаҳои маркази гармидиҳии Чилонзор захираҳои худро ба кор андохтаанд. Ҳангоми интиқоли гармӣ талафот ҷой дорад. Ба ин муносибат тадбирҳои зарурӣ муҳокима карда шуданд.

Сарвари давлат зарурати ҷустуҷӯи манбаъҳои алтернативии истеҳсоли гармӣ, кам кардани талафоти гармиро дар қубур ва хонаҳо таъкид кард.

Пешниҳод дар бораи тавсеаи тавлиди нерӯи гармӣ тавассути насби марказҳои гармидиҳӣ бо иқтидори 2 мегаватт дар шаҳру навоҳии шаҳри Тошканд пазируфта шуд. Яке аз чунин таҷҳизот 1340 хонадонро бо гармӣ таъмин мекунад. Аз сабаби арзон будани истеҳсолот нарх баланд намешавад.

Шавкат Мирзиёев ғайриихтиёр ба маҳаллаи Ширин, ки дар ҳамин атроф воқеъ гардидааст, ташриф овард. Ба хонаҳои истиқоматӣ ворид шуда, бо сокинон суҳбат карда, бо шароит шинос шуд ва аз вазъи таъминоти гармӣ пурсон шуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: