ИНСОНИ ХОКСОР ВА ШОИРИ ШИРИНГУФТОР

Китоби устод Абдубароти Қодирӣ «Фариштаҳои раҳмонӣ»-ро мехонему воқиф мешавем, ки ӯ шоирест «саропо дарду оҳ».

Ба дарёи ашъораш шино карда, аз умеду орзуҳо, ҳасрату ормонҳои шоири ҳассос огоҳ мешавем.
Мавзӯи худшиносиву Худошиносӣ ва охиратандешӣ дар ғазалҳои равони ӯ ҷойгоҳи худро доранд. Масалан, дар ғазале мефармояд ӯ:
Мо зи даргоҳи Худо лутфу дуо металабем,
Мо зи Қуръони карим илму ато металабем.
Ҷуз раҳи зикри Худо роҳи дигар нест ба мо,
Мо зи куфру зи риё роҳи ҷудо металабем...
Дар ғазали дигар шогирдонро ба азизу муътабар донистани устод даъват менамояд:
... Бе мураббӣ соҳиби илму ҳунар натвон 
шудан,
Бе мураббӣ оқилу соҳибҳунар натвон шудан...
Шеърҳои дигари ин маҷмӯаро аз рӯйи мавзӯъ метавон ба чунин гурӯҳҳо ҷудо кард: гиромидошти бузургон, худшиносӣ ва инсондӯстӣ.
Ба ашъори гиромидошти бузургон «Ғарибхок аст Нодирпур», «Хунқалам» (Робиаи Балхӣ), «Кӣ медонад, кӣ мехонад?!» (Одина Ҳошим), «Ба Ф.Муҳаммадиев», «Ба муаллим» (устоди донишгоҳ Амруллоҳи Қадруллоҳ) дохил мешаванд. Шеърҳои «Марди деҳқон», «Марди чӯпон» низ бисёр самимиянд.
Устод Абдубарот шахси худогоҳ, хештаншинос, донишманди таърихи пурифтихори халқи тоҷик аст, ки шеърҳои «Бухоро», «Самарқанд», «Арчаи солхӯрда», «Исёни Кова», «Вориси Сомону Нӯҳем» ашъори дар ин мавзӯъ эҷодшудаи ӯ мебошанд. 
Шоир ва омӯзгори ҳассос Қодирӣ танҳо фикри худу диёри худро надорад, балки ғами мардуми дунёро мекӯрад. Сарводаҳои «Қисмати тоҷик», «Мулки афғон, сарзамини оҳу афғон», «Ай Фаластини бепушту паноҳ», «Ай ироқӣ дар фиғону дар фироқӣ»-ро метавон ба шеърҳои башардӯстона дохил кард. Масалан, дар шеъри «Қисмати тоҷик», ки ба ҷанги шаҳрвандии давлати ҳамсояву ҳамзабон бахшида шудааст, бо алам менависад:
Дареғо, ки ҳазорон тоҷики ман беватан 
мурданд,
Ҳазорони дигар дидам, ки бегӯру кафан 
мурданд.
Фироқу ҳаҷру сарсонӣ насибу рӯзашон гардид,
Ба Покистону Эрон, Кобулу Русу Яман мурданд.
Абдубарот дар мухаммаснависӣ низ қувваозмоӣ намуда, комёб шудааст. Ба ашъори 18 нафар шоири бузург, мисли Саноӣ, Аттор, Саъдию Ҳофиз Лоиқу Бозор Собир мухаммасҳои дилнишин бастааст. Метавон гуфт дар мухаммаснависӣ муаллим Қодирӣ хеле комёб гардидаанд...

Маҳкам ҶАЪФАРЗОДА.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: