СУТ замони поён ёфтани пандемияро гуфт

Роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тахмин зад, ки пандемияи COVID-19 дар соли 2022 хотима меёбад

Пандемияи COVID-19 метавонад дар соли 2022 хотима ёбад, гуфт роҳбари генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус дар ифтитоҳи иҷлосияи 150-уми Шӯрои иҷроияи ин созмон.

"Агар кишварҳо аз ҳамаи ин стратегияҳо ва абзорҳо пурра истифода баранд, мо метавонем дар соли ҷорӣ ба марҳилаи шадиди пандемия хотима диҳем. Мо метавонем COVID-19-ро ҳамчун ҳолати фавқулоддаи ҷаҳонии тандурустӣ хотима диҳем", - тавзеҳ додааст ӯ.

Вай гуфт, барои хотима ёфтани COVID-19 ҳамчун пандемия бояд 70 дарсади аҳолии ҳар як кишвар моякӯбӣ ва ҳамзамон нафароне, ки зери хавф қарор доранд, бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шаванд.

Инчунин зарур аст, ки фавт аз вирус тавассути ҷорӣ намудани табобати самараноки клиникӣ, аз ҷумла дастрасии баробар ба ташхис, оксиген ва антивирусҳо дар нуқтаи нигоҳубин кам карда шавад.

Муҳим аст, ки вирус ва ҳамчунин пайдоиши навъҳои нави коронавирус мавриди назорат қарор гиранд.

Раҳбари СУТ таъкид кард, ки аз пандемия дарс гирифтан ва барои пешгирии чунин ҳолатҳои изтирорӣ дар ҳоли ҳозир роҳҳои ҳалли навро таҳия кардан лозим аст.

Ҳоло дар ҷаҳон штамми нави коронавирус - омикрон доман мезанад Ин навъ бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана пайдо шуд. Он аз дигар навъҳо бо афзоиши шумораи мутатсияҳо ва паҳншавии босуръат фарқ мекунад.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: