ИНСОНИ ХУБ БУД...

Инсон дар ҳаёт бо фазилату амалҳои некаш дар қалби мардум ҷой мегирад ва баъди вафоташ ӯро «инсони хуб буд» мегӯянд.

Инсон дар ҳаёт бо фазилату амалҳои некаш дар қалби мардум ҷой мегирад ва баъди вафоташ ӯро «инсони хуб буд» мегӯянд. 
Шоир, журналист, публитсист, тарҷумон, Ходими хидматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон Саъдулло Ҳакимов дар хотираи дӯстон, ҳамкасбон, шогирдон ва аҳли қалам чун инсони хуб боқӣ монд. Агар имрӯз ҳаёт мебуд, синни 70-ро пур мекард. 
Бахшида ба 70 солагии шоир бо ташаббуси Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон дар Маркази матбуоти миллӣ шаби хотира баргузор шуд.
Арбобони давлатӣ, шоиру нависандагон, омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, дӯстон, шогирдон ва аъзоёни оилаи шоир иштирокдорони чорабинӣ буданд.
Чорабиниро раиси Иттиҳоди журналистон Олимҷон Ӯсаров ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла чунин гуфт:
– Фарзанди ҷонсӯзи халқ Саъдулло Ҳакимовро аҳли қалам ба сифати шоир, журналист, ташкилотчии моҳир ба ёд меорад. Ӯ ҳамчун роҳбар эҷодкоронро ҳаматарафа дастгирӣ мекард. Аз ҷониби ходимон ягон камбудӣ ё хатое содир гардад, бо самимият “дигар такрор нашавад” мегуфт. Чунки худи ӯ эҷодкор буд, ба қадри сухан, ба қадри заҳмати қалам мерасид.
Саъдулло Ҳакимов соли 1951 дар деҳаи Гарашаи ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах дида ба дунё кушод. Ҳамон деҳаи зебоманзар, талу тепа, оби зулоли чашмаҳо, бузу бузғола, гусфанду барра, мардуми содаи деҳ ӯро ба майдони шеъру адаб ворид сохтанд. Баъди хатми факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон фаъолияти омӯзгориашро дар мактабҳои ноҳияи Ғаллаарал  оғоз намуд. Аз муаллими оддӣ то ба дараҷаи Ходими хидматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон, шоир, тарҷумон расид. Соҳиби медали “Шуҳрат” гардид. Ӯ дар рӯзномаҳои “Ӯзбекистон адабиёти ва санъати”, “Ӯзбекистон овози”, “Маърифат” фаъолият бурд. Дертар ба вазифаи ҷонишини директори Агентии ахбори миллии Ӯзбекистон таъин гардид. Аз моҳи декабри соли 2016 то охири умр раисии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистонро ба ӯҳда дошт. 
– Саъдулло Ҳакимов зиндагии камтарона дошта бошад ҳам, аз худ мероси ғании адабӣ боқӣ гузошт, – гуфт сармуҳаррири “Ҷаҳон адабиёти” Аҳмадҷон Мелибоев. – “Ҳамал тонглари”, “Сен кутган баҳор”, “Ёз оқшоми”, “Она сӯз”, “Сайланма», “Юрт  ӯғлони” барин маҷмӯаҳояш ба мероси маънавии халқ табдил ёфтанд. Шоир ба табиати диёраш бо нигоҳи шоирона дида медӯхт. Аз кӯҳҳои осмонбӯси Нурато, табиати бетакрори деҳааш илҳом мегирифт, “абр”-ро “дӯппӣ”, “барф”-ро “ҷома”, “борон”-ро “курта”-и ман мегуфт. Вақте хонанда шеърҳои ӯро мехонад, худро дар талу тепа, даруни боғу чаманзор, кӯҳу дара ҳис мекунад. 
– Шеърҳои устодро хонда, бисёртар  ӯро ба шоир-рассом монанд мекунам, – гуфт дар баромади худ доктори илмҳои филологӣ Хуршед Дӯстмуҳаммад. – Чунки баъди мутолиаи ҳар як мисраи ӯ сурати образҳое, ки рассом бо қалам мекашад, пеши назар ҷилвагар мегардад. Устод деҳқони сухан буд, деҳқоне, ки донаҳои киштаи ӯ сабзида, ниҳол шуда, баъд ба дарахти азим табдил меёбад. Устодро яке шоир, дигаре журналист, сеюмӣ тарҷумон, устоди сухан мегуфт, умумӣ карда гӯем, ӯ инсони хуб буд...
Дар поёни чорабинӣ донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва хонандагони мактабҳо аз шеърҳои шоир қироат намуданд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.           

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: