БА ҲИФЗИ ТАБИАТ ҲАР ЯКИ МО МАСЪУЛЕМ

Аз рӯйи маълумоти Ташкилоти хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқи СММ дар давоми солҳои 2015-2020 аз байн рафтани бешаи сабз соле ба 10 миллион гектарро фаро мегирад.

Аз рӯйи маълумоти Ташкилоти хӯрокворӣ ва хоҷагии қишлоқи СММ дар давоми солҳои 2015-2020 аз байн рафтани бешаи сабз соле ба  10 миллион гектарро фаро мегирад. Зиёда аз 100 миллион гектари ҷангал ба таъсири манфии сӯхтор, касалӣ,  чӯлшавӣ ва шароити ноқулайи иқлим дучор мегарданд.
Кумитаи давлатии оид ба экология ва ҳифзи муҳити атроф дар Маркази матбуоти миллӣ бахшида ба масъалаҳои мораторияи буридани навъҳои бебаҳои дарахтон ва ниҳолҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, ки ба Фонди давлатии ҷангал дохил намешаванд, анҷумани матбуотӣ доир намуд.
Мутасаддиёни чорабинӣ оиди объектҳои дунёи растанӣ, махсусан роҳ надодан ба буридани ғайриқонунии дарахтон ва корҳо дар ин соҳа суҳбат оростанд.
Таъкид гардид, ки мувофиқи Фармони Президент аз 3 феврали соли 2021 «Дар бораи барномаи давлатии иҷрои стратегияи амалиёт оид ба панҷ самти устувори рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 дар «Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ» муҳлати амали мораторияе, ки барои буридани навъҳои бебаҳои дарахтон ва ниҳолҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, ки ба Фонди давлатии ҷангал дохил намешаванд, то 31 декабри соли 2021 дароз карда шуд.
– Баробари дароз кардани муҳлати амали моратория барои ҳар кадом дарахт ва ниҳоли буридашуда ба сифати ҷуброн 10 ниҳоли қадрас, ки қиматаш аз дарахт ва ниҳоли буридашуда камӣ надошта бошад, инчунин парвариши он дар тӯли 2 сол ва барои дарахту ниҳоли ғайриқонунӣ буридашуда ба шарти шинондани 100 ниҳол ва парвариши он дар тӯли се сол ӯҳдадорӣ ҷорӣ карда шудааст, – иброз дошт дар баромади худ ҷонишини раиси Кумитаи давлатии оид ба экология ва муҳити атроф Ҷусиббек Казбеков. 
– Новобаста аз ҷорӣ намудани монатория дар давоми 4 моҳ дар ҷумҳурӣ 2014 ҳолати ноқонунии буридани дарахт ва ниҳол аниқ гардид, ки аз 2795 бехи он 1313-тоаш аз зумраи дарахтони қиматбаҳо мебошад. Ба 619 бех дарахт зарар расондаанд, – таъкид намуд роҳбари Саридораи гуногунии биологӣ ва ҳифзи ҳудудҳои табиии кумита Абдурашид Содиқов. – Ба ҳуқуқвайронкардагон дар ҳаҷми 2514 миллион сӯм ҷарима муқаррар шуд. 113 ҳолати ҳуқуқвайронкунии шахсони мансабдор муайян гардид. Аз рӯйи 109 ҳолат барои ситондани 4671 миллион сӯмина ҷаримаи бар ивази зарари ба табиат расондашуда ба органҳои зарурӣ ҳуҷҷатҳо тақдим шуданд. 
Ба мақсади пурзӯр намудани назорати ҷамъиятӣ барои риоя гардидани талаботи моратория бобати буридани дарахтон ва ниҳолҳо мувофиқи низоми ҷоришуда ба шаҳрвандоне, ки ғайриқонунӣ бурида шудани дарахтон ва ниҳолҳоро ошкор мекунанд, 15 фоизи ҷаримаи ситондашаванда дода, ному насабашон махфӣ нигоҳ дошта мешавад.

Г. КАБИРОВА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: