«ҶАҲЛ» ОЁ ҚАҲРУ ҒАЗАБ АСТ?

На як бору ду бор аст, ки сари вожаи «ҷаҳл» сар ба гиребони андеша кашидаем: оё корбурди он ба маънои «хашм»-у «ғазаб» дуруст бошад?

На як бору ду бор аст, ки сари вожаи «ҷаҳл» сар ба гиребони андеша кашидаем: оё корбурди он ба маънои «хашм»-у «ғазаб» дуруст бошад?
Чанде қабл барои рӯшанӣ андохтан, ба маънои он ба «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Душанбе, нашриёти «Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти Рӯдакӣ», соли 2008) муроҷиат намудам. Дар он мураттибон вожаи «ҷаҳл»-ро чунин шарҳ додаанд: 1. Нодонӣ, ҷаҳолат, беилмӣ. 2. Гуфтурӯӣ: хашм, қаҳр, ғазаб.
Ва мисол овардаанд: ҷаҳли касеро овардан – касеро ба ғазаб овардан; аз аспи ҷаҳл фуровардан – қаҳру ғазаби касеро паст кардан; аз ҷаҳл фуромадан – ором шудан, таскин ёфтани хашмгинии касе; ба аспи ҷаҳл савор шудан – ғазабнок шудан; гардани ҷаҳл шиканад – дар мазаммати хашм, барои паст кардани хашми касе гуфта мешавад. Дар ин фарҳанг ҳамчунин ба вожаҳои бадҷаҳл – одами зуд оташиншаванда, бадқаҳр; бадҷаҳлӣ – бадҷаҳл будан, оташинӣ; бадҷаҳлона – бадқаҳрона, бо қаҳру ғазаб дучор меоем.
Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ», ҷ.II.саҳ. 777 дар шарҳи вожаи «ҷаҳл» омадааст: 1. Нодонии мағрурона; бехабарӣ, ғафлат; беилмӣ. 2. Беақлӣ, аҳмақӣ, бетамизӣ.
Мисол: «Ҳаргиз касе ба ҷаҳли худ иқрор накардааст, магар он кас, ки чун дигаре дар сухан бошад, ҳамчунин батамом ногуфта сухан оғоз кунад». Саъдии Шерозӣ. Дар навиштае надидаам ва нашунидаам, ки ҳамзабонони хориҷӣ – форсигӯёни дунё вожаи «ҷаҳл»-ро ба маънои «қаҳру ғазаб» ё «хашм» кор фармуда бошанд.
Суоле пайдо мешавад, ки вожаи «ҷаҳл» ба маънои «қаҳру ғазаб» ё «хашм» аз куҷо, кай ба забони меъёр (адабӣ)-и мо ворид шудааст? Ё шояд ворид нашудаасту корбурди он, воқеан, ба маънии «қаҳру ғазаб» ё «хашм» дуруст аст? Пас чаро ҳамзабонони хориҷии мо онро ба маънои «қаҳру ғазаб» истифода намебаранд?
Инҷониб натиҷа гирифтам, ки вожаи «ҷаҳл» ба маънои «қаҳру ғазаб» аз забони туркии ӯзбекӣ сироят кардааст. Дар ин забон ба мушоҳида мерасад, ки бисёр вожаҳо бемаврид, ғалат ва дар шакли вайрон истифода бурда мешавад. Ҳоло мавридаш нест. Вале агар мавридаш фаро расад, метавонем ин гуфтаро бо мисолҳо ба тасбит расонем...
Пӯшида нест, ки дар нимаи аввали садаи ХХ таҳти фишорҳо маъракаи содакунӣ, яъне ба фаҳми авом наздик кардани забон оғоз ёфта буд. Ва ин «содакуниҳо» зарбаи ҳалокатовар ба забони мо зад, шираашро бурд, салосату нафосаташро гум кард...
Фикр мекунам, мо аз ҳамон солҳо дар тақлиди бародарони ӯзбек ба корбурди вожаи «ҷаҳл» ба маънои «қаҳру ғазаб» шурӯъ кардем. Дертар ибораҳоеро низ, аз қабили «жаҳл отидан тушди» – аз аспи ҷаҳл фуромад, «жаҳлидан тушди» – аз ҷаҳл фуромад, «жаҳл отига минди» – ба аспи ҷаҳл савор шуд.. бо тарҷумаи таҳтуллафзӣ қабул кардем...
Бар асари корбурди зиёд, бо мурури вақт, ин вожаву ибораҳои ночаспон «аз они худӣ» шуданд.
Ба андешаи инҷониб, корбурди вожаи пойафзор низ дар шакли «пойафзол» саҳеҳ нест.
Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ин вожа дар шакли поафзор/пойафзор ба маънои пӯшиш, чизе, ки ба пой мепӯшанд, ҳамчун мӯза, кафшу маҳсӣ, чоруқ шарҳ дода шудааст. Аммо дар луғатҳои имрӯзи тоҷикӣ, аз ҷумла, дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» дар шакли «пойафзол» омадааст, ки ғалат мебошад. Вожаи «пойафзор» аз ду реша «пой» ва «афзор» таркиб ёфта, «пой» як узви инсон буда, «афзор» ба маънои асбоб ва олат аст, яъне, асбобу олати пой. Мо дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва фарҳангҳои ҳамзабонон ба шакли «абзол» дучор наомадем. 
Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» вожаи «қилиқ» вуҷуд надорад. Вале вожаҳои «бадқилиқ» ва «бадқилиқӣ» ба маънои «он ки феълу атвораш нописанд аст, бадхӯ», «рафтори носозгор ва нописанд...» шарҳи худро пайдо кардаанд. Ин гуна ғалатҳо дар луғатҳои имлою тафсирӣ бисёр нестанд. Аммо, кам бошанд ҳам, чун лаккаи кӯчаки сиёҳ ба рӯйи суфи забон ба назар мерасанд.
Пӯшида нест, ки тартиб додани ҳама гуна фарҳанг кори осон нест, заҳмати зиёд металабад. Бешубҳа, «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (Душанбе, соли 2008) яке аз шоҳкориҳои садаи XXI мебошад.
Мақсади инҷониб аз ин навишта худнамоӣ, донотарошӣ ва эрод гирифтан ба ин шоҳкорӣ нест. Бисёр мехостем, ки забони муқтадири мо аз олудагиҳои ҷузъӣ пок бошад ва тавассути фарҳангҳои имлою тафсирӣ ба соҳибзабонон шакли дурусти вожаҳо пешниҳод гардад.

А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: