ОЗМУН-ТАҶРИБА ГУЗАРОНИДА ШУД

Хонандагони синфҳои 5«G» ва 5 «Z»-и мактаби 63-юми таълими умумии раёсати шуъбаи таълими халқи шаҳри Намангон дар ҷараёни озмун-таҷрибаи барномаи тадқиқотии байналхалқии PIRLS – аз рӯйи баҳогузорӣ ба дониши хонандагони синфи ибтидоӣ иштирок намуданд.

Дар ин маскани таълим 32 синфи ибтидоӣ ва 48 синфи болоӣ мавҷуд буда, дар он ҷамъ 2 ҳазору 595 нафар хонанда таҳсил менамоянд. Алҳол дар даври карантин 27 фоизи хонандагон бо усули онлайн сабақ мегиранд.
Таъкид намудан ҷоиз аст, ки соли 2021 кишвари мо бори аввал дар барномаи тадқиқотии байналхалқии PIRLS – баҳогузорӣ ба дониши хонандагони синфҳои ибтидоӣ иштирок менамояд. Тадқиқоти навбатӣ аз соли 2001 гузаронида, дар он иштироки зиёда аз 60 давлати дунё таъкид шудааст.
Инспексияи давлатии назорати сифати таълими назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ҳамкории Ассотсиатсияи байналхалқии баҳогузорӣ ба муваффақиятҳои соҳаи таълим (IEA) ба ин ҷараён тайёрии ҳаматарафа мебинад.
Барои ҷараёни озмун-таҷриба аз муассисаҳои таълими умумии миёнаи ҷумҳурӣ 28 мактаб дар асоси тамоили тасодуфӣ интихоб шуданд.
Суратгир: 
Ҳ.МАМАДАЛИЕВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: