К-АЗ АҚИБАШ ЗИКРИ ХАЙР ЗИНДА КУНАД НОМРО

Шарофиддин Шарофиддинов дар хонаводаи Наҷмиддинамак зодаву парварда шудааст.

 Наҷмиддинамак баъди пирӯзӣ аз болои фашизм зиндаву саломат ба деҳа баргаштааст ва солҳои зиёд ба ҳайси сардори бригада ва раиси шуъбаи «Коммунизм»-и хоҷагии ҷамоавии «Сӯх» кор кардааст. Завҷааш – холаи Ачахонро мардуми деҳаи Девайрони ноҳияи Сӯх ҳамчун зани ҳалиму меҳрубон мешинохтанд. Зану шавҳар ҳашт фарзанд диданд ва шаш нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ шудаанд. 
Шарофиддинака соли 1968 мактаби миёнаи деҳаро бо баҳои аъло ва хулқи намунавӣ хатм кардааст. Ҳуҷҷатҳояшро ба факултети методикаи таълими ибтидоии Донишкадаи омӯзгории Ленинобод супурдааст. Баъд бо роҳхат ду соли фаъолияташро дар яке аз мактабҳои миёнаи ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон сипарӣ намудааст. 
– Боре ҳамроҳи падарам ба ноҳияи Қумсангир рафтем, то ки аз аҳволи бародарам хабар гирифта баргардем. Падарам ӯро «атаҷон» мегуфтанд, чунки ба вай номи бобоям – Шарофиддинро дода буданд. Дилашон ҳамеша кашол буд, ки роҳе ёфта бародарамро ба деҳа баргардонанд. Аммо директори мактабе, ки вай кор мекард, бо исрор гуфт, ки чунин кадри хубро ба осонӣ аз даст доданӣ нест. Вақте ки падарам гуфтанд, ки саломатии модарам хуб нест ва дилаш ба дидани ҳамин писар ҳамеша кашол аст, дили директор нарм шуд ва гуфт, ки бо омадани ягон кадр ба бародарам рухсати бозгаштанро медиҳад, – ба ёд овард Нарзиддинака Шарофиддинов.
Солҳои 70-80-уми қарни гузашта дар мактабҳои минтақаи Сӯхи ноҳияи Риштон барои омӯзгорони ҷавон пайдо кардани ҷойи кор хеле мушкил буд. Зеро кадрҳои соҳибмаълумоти омӯзгорӣ хеле зиёд буданд. Нарзиддин мегӯяд, пеш аз сафар падараш бо инспектори шуъбаи маорифи ноҳияи Риштон дар минтақаи Сӯх Ӯринбой Раҳимов гапро пазондааст, то ки баъди бозгашти писараш вайро бо кор таъмин мекунад. 
– Устод Раҳимов ба падарам қатъӣ ваъда додаанд, ки дар мактаби рақами 14-уми деҳаи Ҳушёр синфи нави иловагӣ кушоданианд ва Шарофиддинро дар ҳамон синф омӯзгор тайин хоҳад кард, – изҳор намуд Нарзиддин.     
Шарофиддинов баъди бозгашт аз Қумсангир чор сол дар мактаби рақами 14 омӯзгорӣ кардааст ва баъд фаъолияташро дар мактаби рақами 16-уми деҳаи Умбара давом додааст.  
Соли 1981 як гурӯҳ ҷавонмардони 25-30 солаи тоҷиктабори вилояти Фарғона ба комиссариати ҳарбӣ даъват шуданд. Маълум шуд, ки онҳо барои иҷрои хидмати шашмоҳа ба Афғонистон сафарбар хоҳанд шуд. Дар ду гурӯҳи 80-нафарии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон нигорандаи ин сатрҳо ва Шарофиддин низ шомил будем.
Гурӯҳи аввал, ки банда шомили он будам, моҳи октябри соли 1981 муддати муқарраршударо анҷом дод ва мо ба Ватан бармегаштем. Ҳама дар майдони ҳавоии Кобул шоду хурсанд мунтазири ҳавопаймо будем, ки мебоист моро ба Ватан мерасонд. Ҳавопаймои низомии Ил-76 дар иҳотаи чаҳор чархболи низомӣ чанд маротиба болои сарамон давр зад ва баъд фуруд омад. 
Ин ҳавопаймо асосан барои боркашонӣ ва интиқоли техникаи сақили низомӣ муқаррар шудааст, барои ҳамин ақиби он кушода шуд ва як гурӯҳ саворони он борҷомаҳои калону хурд дар даст аз он берун мешуданд. Ҳаргиз гумон надоштам, ки ҳамдиёрам – Шарофиддин низ ба Кобул хоҳад омад. Ҳарду бағал кушода вохӯрдем ва аҳволи ҳамдигарро ҷӯё шудем. Ба ҳайси шахси андак таҷрибадор ба вай баъзе назокатҳои кори тарҷумониро фаҳмондам ва батакрор гуфтам, ки ҳамеша эҳтиёт кунад. Зеро дар ин сарзамини ҷангу даргириҳо кас намедонад, ки дӯст киву душман кист.
Шарофиддинов дар майдони ҳавоӣ монд ва мо ба Ватан баргаштем. Вай шаш моҳ дар вилояти Форёб қарзи байналмилалиашро ба ҷо оварда, баъди бозгашт дубора кори омӯзгории худро идома додааст. 
– Баъди бозгашт дар рӯҳияи падарам андак дигаргунӣ эҳсос мешуд. Барои ҳамин чанд маротиба дар шифохона мавриди муолиҷа қарор гирифт. Хушбахтона, бо мурури вақт саломатии падарам хеле беҳтар шуд, – мегӯяд писараш Қурбониддин.    
Ба гуфтаи ӯ соли 1987 Шарофиддинро аз мактаб барои кор ба автобазаи рақами 5-уми сохтмони обанбори «Сохгидрострой» даъват карданд. Ҳамон солҳо барои гирифтани маълумоти олӣ дар шуъбаи ғоибонаи факултети механикаи Донишкадаи политехникии Фарғона таҳсил намуд.  
– Соли 1990 маъмурияти «Сохгидрострой» падарамро ба вазифаи директори автобаза лоиқ донист. Тамоми корҳои техникии сохтмони мазкурро бар дӯш дошт. Баъд бо сабабҳои гуногун сохтумони ин обанбор мутаваққиф гардид, – иброз дошт Қурбониддин. 
Боре собиқадорони ҷанги Афғонистони ноҳия дар боғи «Ҳазрати Алӣ» гирдиҳам омаданд. Дар ин ҷо бо Шарофиддин аз ину он суҳбат кардем. Аз он ҳайратам афзуд, ки ӯ тануманд ва қавӣ хеле лоғар шудааст.
– Магар аз саломатиатон шикоят доред? – пурсидам  аз ӯ.
– На, хубам. Шояд таъсири ҷарроҳие бошад, ки чанд моҳ муқаддам аз сар гузаронидам, – посух дод ӯ оромона ва ин охирин вохӯрии мо буд.
Рӯзе хабари нохуше расониданд ва ба Сӯх омадам. Дар ҳавлиашон бо одамони зиёд вохӯрдам, ки аз марги нобаҳангоми ӯ таассуф мехӯрданд.
Шарофиддин бо ҳамсараш Даҳятхон соҳиби як писару чаҳор духтар шудаанд. Писарашон – Қурбониддин ба соҳибкорӣ машғул аст. Се нафар духтарон кадбонуи хонадони худ буда, танҳо Дилафрӯз дар мактаб омӯзгорӣ мекунад.
Ӯро дар ноҳия ҳамеша бо некӣ ба ёд меоранд ва дар ҳаққаш суханҳои самимӣ мегӯянд. Шоир беҳуда нафармудааст:
Зиндаву ҷовид монд, 
ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр 
зинда кунад номро.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: