ҲАЗОРИСПАНД – ДАВОИ ҲАЗОР ДАРД

Одамон ҳанӯз аз замонҳои қадим роҳҳои истифодаи гиёҳу растаниҳоро омӯхта, онҳоро ба давоӣ ва заҳрнок ҷудо кардаанд.

Одамон ҳанӯз аз замонҳои қадим роҳҳои истифодаи гиёҳу растаниҳоро омӯхта, онҳоро ба давоӣ ва заҳрнок ҷудо кардаанд. Дар ин байн ҳазориспанд заҳрнок буда, бо хусусиятҳои зиёди шифобахшиаш бартарӣ дорад.
Дар гуфтугӯ ва адабиётҳо ҳазориспанд бо номҳои испанд, исфанд, сипанд, испандона, адрасмон, адрасман, хардал, ҳазориспанд маъруф аст. Вай гиёҳи худрӯ мебошад. Решаи дарозу ғафс дорад. Асосан дар заминҳои шӯр, санглох, регзор, канори сой, биёбону дашт ва ҳамчун алафи бегона дар киштзор месабзад. 
Ҳозориспандро ҳанӯз Дисқуридус (асри I милодӣ) ва Абӯалӣ ибни Сино барои муолиҷаи бемориҳои гуногун ба кор бурдаанд. Табиб ва донишманди бузург Абӯалӣ Сино дар бораи тамоми рустаниҳои шифобахше, ки то замони ӯ маълум буданд, маълумот медиҳад. Ӯ қариб ҳазор намуди рустаниҳои доруиро тавсиф кардааст, ки миёни онҳо ҳазориспанд ҳам ҳаст. 
Мувофиқи маълумоти маъхазҳои мавҷуда ҷамъоварии рустаниҳои худрӯйи давоӣ аз соли 1630 сар шудааст. Тақрибан панҷсад дастхати асрҳои XVII-XVIII дар бораи рустаниҳои  давоӣ мебошанд. Бобати ба роҳ мондани истифодаи як қатор рустаниҳои доруӣ хидмати асосгузори илми тибби рус С. Боткин калон аст. Дар клиникаи ӯ гиёҳҳои шифобахши адрасмон (адонис), ливондор, лобвия, строфона ва ғайраро, ки барои табобати заъфи дил истифода мешаванд, тадқиқ кардаанд.
Дар амалияи илми тиб ҳазориспанд барои муолиҷаи қабзияти меъдаву заъфи рӯда, исҳол, ғалаёни хун ва ғайра истифода мешавад. Испанддудкунӣ, махсусан дар миёни мардум хеле роиҷ гаштаст. Ин ҷиҳат дар адабиёти бадеӣ ва фолклор низ ифодаи худро ёфтааст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» калимаи испанд ин тавр тавзеҳ шудааст : Испанд /исфанд як навъ гиёҳи худрӯй, ки донаҳои хурди сиёҳ дорад ва гӯё сӯзонда дуд карданаш барои дафъи захми чашми бад фоиданок мебошад. Сипанд, ҳазориспанд. 
Агар ин сон зи дил 
оташ фурӯзад, 
Аз он дӯзах чу испанде 
бисӯзад.
(Бадрии Кашмирӣ).
Ё худ дар аввали қиссаи нависандаи тоҷик Урун Кӯҳзод «Ҳам кӯҳи баланд, ҳам шаҳри азим» ин абёт ба чашм мехӯранд: 
Ҳазориспанд ҳазор 
дона, 
Ба чашми хешу бегона.
Ҳазориспанда дуд 
кардем, 
Ҳазор балоя дур 
кардем.
Одамон дар кунҷи дару дарвозаи ҳавлии хеш бандчаи ҳазориспандро овехта мемонанд, то ки манзили онҳоро аз чашми бад нигоҳ дорад.
Дар бораи хосиятҳои шифобахшии ҳазориспанд ва истифодаи он дар табобати халқӣ  номзади илмҳои филологӣ, шодравон Холназар Ӯролзода дар китобҳои худ «Дардингизга даво топасиз»  — «Ба дардатон даво меёбед», «Гиёҳҳои шифобахш» низ маълумот додааст.
Ҳоло барои пешгирии вируси хавфнок ва эмин доштан аз микроб ҳазориспандро истфода мебаранд. Аз ин рӯ эҳтиёҷи мардум ба он афзудааст.
Дар дорухонаҳо аллакай появу тухмиҳои ҳазориспандро дар халтачаҳо мефурӯшанд, ки корхонаҳои дорусозӣ тайёр кардаанд. Ҳоло вақти он расидааст, ки бо иҷозати идораи экология ва ҳифзи муҳити зист ҳазориспанд ба таври маданӣ (на бо роҳи поймолкунӣ) ғун карда шавад ва коркард гардад.

Анорбой НАЗАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: