КОМЁБИҲОИ АНГУРПАРВАРОНИ ХУҶАНД

Ноҳияи Тӯрақӯрғон диёри соҳибкорон буда, ҳар як деҳаи ин ноҳия ба боғдорӣ, зироат ва сабзавоткорӣ ихтисосонида шудааст.

Ноҳияи Тӯрақӯрғон диёри соҳибкорон буда, ҳар як деҳаи ин ноҳия ба боғдорӣ, зироат ва сабзавоткорӣ ихтисосонида шудааст. Масалан, ахсигиҳо парвариши қулфинайро хуб ба роҳ мондаанд, вақте ки дар дигар маҳалҳо кӯчатҳои қулфинай гул мекунад, онҳо ин меваи хушхӯрро ба бозор мебароранд. Яндамагиҳо аз хурмо, бураматутигиҳо аз гелос, кумидониҳо аз бодом, ёртепагиҳо аз анор ҳосили фаровон мегиранд. Хуҷандиҳо бошанд, бо парвариши ангур ном баровардаанд.
Имрӯзҳо дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Хуҷанд 500 хонадон мавҷуд буда, 490-тоашон бо токпарварӣ сарукор доранд. Зиёда аз 100 оилаи навбунёд низ аз рӯзҳои аввали кӯч бастанашон дар қитъаҳои истиқоматӣ бори аввал парвариши кӯчатҳои токро ба роҳ мондаанд. Барои ҳамин ҳам дар ҳудуди маҳалла ҳама бо кори худ машғул буда, ба рӯйхати «Дафтари оҳанин», «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» сабтшудагон ба чашм намерасанд. 
Кӯчаи Узумзори маҳалла яке аз ҷойи дӯстдоштаи меҳмонони маҳалла ба шумор меравад. Бошандагони он нафақат дар қитъаҳои наздиҳавлигиашон, ҳатто дар кӯчаҳо низ парвариши токро хуб ба роҳ мондаанд.
Хонадони Ёқубҷон Хидиров, Сабоҳат Назарова, Мӯъминҷон Юсупов, Олимҷон Имомалиевҳо ҳар сол аз ангур 60-70 миллион сӯм даромад мегиранд. 
Ҳар сол беш аз 1800 тонна навъҳои келинбармоқ, ризоматота, мерседес ва ҳусайнии ангур, ки харидоргир аст, ба Русия ва Қазоқистон содир мешавад. 
Қобили қайд аст, ки боғбони чашмикордону соҳибтаҷриба Усмонҷон Фозилов дар 230 гектар замини дашту теппагиҳои бекорхобида парвариши меваҷоти гуногунро ба роҳ монд, ки асосан аз токзор ҳосили фаровон мегирад.
Оилаи Сабоҳат Назарова низ яке аз хонадони намунавии маҳалла ба шумор меравад.
– 28 сол қабл дар кӯчаи санглохамон барои кабудизоркунӣ кӯчатҳои токро шинонда будам, – мегӯяд боғбони номвари ноҳия Сабоҳат Назарова. – Маҳз ба туфайли эътибору нигоҳубини доимӣ кӯчатҳо нашъунамо ёфта, ба ҳосил даромаданд. Аз пайи ман рафта, ҳамаи бошандагони маҳаллаамон ба парвариши ток шурӯъ карданд. Ва ҳамин сабаб шуд, ки кӯчаамон номи Узумзорро гирифт. 
Саъю кӯшиши ҳамдеҳагон барои фаровонии мардум хидмат мекунад.

Назокат БАҲОДУРОВА.
Вилояти НАМАНГОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: