ӮЗБЕКИСТОН СОҲИБИ ЛОИҲАҲОИ КАЛОНИ МУШТАРАК ГАРДИД

Ӯзбекистон дар миёни ИДМ ба унвони кишваре муаррифӣ гардид, ки дар мавриди истеҳсоли муштараки филмҳо ба сабади бузургтарин лоиҳаҳо соҳиб мебошад.

Дар ин бора ба “Овози тоҷик” хидмати матбуоти Агентии кинематография хабар дод.
Бино ба ин манбаъ дар маҷлиси машваратии Кумитаи иҷроияи  ИДМ, ки аз тариқи онлайн дар Тошканд баргузор гардид, роҳбарони киностудияҳои Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Молдова ва Русия иштирок карданд. Дар он  намояндагони Кумитаи иҷроияи ИДМ, коршиносони соҳаи истеҳсоли синамо, вакилони вазорату идораҳои ин кишварҳо ҳузур доштанд.  Дар ҷараёни он натиҷаҳои кори муштарак ҷамъбаст гардида, дурнамои ҳамкориҳои байни тавлидкунандагони индустрияи синамо эълон шудааст. 
– Мо аз ташаббуси муттаҳид кардани кинематографистони кишварҳои ИДМ бо хушҳолӣ истиқбол мекунем ва омодаем лоиҳаҳоеро, ки ба муттаҳидсозии минбаъдаи офаридани филмҳои кишварҳои мо нигаронида шудаанд, дастгирӣ кунем. Нигаҳ доштани фазои ягонаи башардӯстона ва фарҳангӣ яке аз авлавиятҳои ҳамкорӣ барои кишварҳои Иттиҳод боқӣ хоҳад монд,– гуфт директори департаменти ҳамкориҳои башардӯстона, мушкилоти умумии сиёсӣ ва иҷтимоии Кумитаи иҷроияи ИДМ Алексей Сазонов. 
Иштироккунандагони маҷлиси машваратӣ ба ҳайси намояндагони киностудияҳо лоиҳаҳоеро пешниҳод кардаанд, ки ба ҳамкории тарафайн нигаронда шудаанд. Ҳамин тариқ, ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии директори генералии Агентии кинематография Фирдавс Абдухолиқов дар бораи лоиҳаҳои ҷорӣ маълумот додааст. Ба гуфтаи ӯ ин лоиҳаҳо бо Озарбойҷон – «Хоҷа Насриддин», бо Тоҷикистон – «Ҷомӣ ва Навоӣ» ва «Ситораи нопадид», бо Русия – «Туҳфаи Пери», «Барон» ва «Таъми офтоб» ва панҷ филми мустанад, бо Белорус – «Казбек» ва «Ӯзбек», бо Қазоқистон – «Ҳамсояҳо» ва «Эшелонҳо ба Шарқ мераванд» ва «Коркутота» мебошанд. 
Гуфта мешавад, бо шабакаҳои телевизионии Русия – “Культура” ва “РТР” як қатор филмҳои мустанад, аз ҷумла дар мавзӯи Мероси фарҳангии Ӯзбекистон офарида шудаанд. 
Ногуфта намонад, ки дар маҷлиси машваратӣ раиси Агентии кинематографияи Ӯзбекистон натиҷаҳои Фестивали 13-уми байналмилалии синамои Тошкандро муаррифӣ карда, нақшаҳои ҷашнвораи 14-умро ба ҳамтоёни худ эълон намуд, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад. 
Дар ҳошияи ҷашнвораи дарпешистода ва Рӯзҳои синамои ҷаҳонӣ, ки аллакай ба ҳукми анъана даромадааст, ташаббуси ташкили бозори филми кишварҳои ИДМ дар фазои он низ ба миён омад. Намояндагони 10 кишвари ҷаҳон сатҳи баланди баргузории Фестивали байналмилалии синамои Тошкандро дар соли 2021 қайд намуда, онро намунаи беҳтарини баргузории чорабиниҳои синамо дар кишварҳои ширкаткунанда тавзеҳ намуданд. Ҳайати Ӯзбекистон ҳамчунин хабар дод, ки дар ин рӯзҳо дар Тошканд нахустин ҷашнвораи филмҳои аниматсионӣ ё тасвирӣ баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки филми тасвирии «Хоҷа Насриддин» аз тарафи ширкати Bazelevs ва бо иштироки Ӯзбекистон, Русия ва Қазоқистон офарида мешавад. Дар бораи эҷоди ин филми аниматсионӣ дар ҳошияи ҷашнвораи байналмилалии синамои Тошканд ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст.
Дафтари матбуоти агентӣ ба он маънӣ низ тазаккур медиҳад, ки таҷрибаи мусбати ҳамкориҳои агентӣ ва кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла, дар самти ташкили истеҳсоли муштараки филмҳо боиси қайд мебошад. Директори генералии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён зимни суханронӣ гуфтааст, лоиҳаҳои муштарак ҳеч гоҳ ин қадар босуръат пеш нарафтааст. 
– Дар як муддати кӯтоҳ мо аллакай як қатор вохӯриҳо ва гуфтушунидҳои ташкилиро гузарондем ва ҳоло гурӯҳи якҷояи сенариянависони мамлакатҳои мо дар болои филмҳо кор карда истодааст, – иброз доштааст Маҳмадсаид Шоҳиён.
– Мо аз он хушнудем, ки дар филми аниматсионии «Хоҷа Насриддин» бо Агентии кинематографияи Ӯзбекистон ҳамкорӣ оғоз кардем, зеро ӯ қаҳрамони муштараки миллии мо мебошад. Мо аз Ӯзбекистон барои муколама ва ҳамкориҳои судмандаш изҳори сипос мекунем, – изҳор намудааст Нозим Ҳусейнов, директори Студияи давлатии “Озарбойҷонфилм” ба номи Ҷаъфар Ҷабборлӣ.
Бино ба дафтари Агентии кинематографияи ҷумҳурӣ иштироккунандагони маҷлиси машваратӣ ҳамзамон харитаи роҳҳои худро барои ду соли оянда пешниҳод кардаанд. 
Иштирокчиёни он дар бораи баровардани коллексияҳои тиллоии филми мамлакатҳои узви  ИДМ ва намоиши онҳо аз тариқи шабакаҳои телевизиони миллии худ низ мубодилаи афкор намуданд. Инчунин, ба миён омадани ташаббусҳо оид ба ташкили базаи ягонаи иттилоотии мутахассисон ва табодули коршиносон, воридшавии муштарак ба бозори байналмилалии синамо ва фестивалҳои синамо нуфузи ин маҷлисро хеле боло бурдааст. 
Ин ҷо ҷаласаи IV Шӯрои мудирони киностудияҳои кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи синамо ёдоварӣ шудааст, ки охири моҳи марти соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардид. Бар асоси он Ассотсиатсияи байналмилалии эҷодии киностудияҳои кишварҳои узви ИДМ ва Гурҷистон таъсис ёфтааст, ки қароргоҳаш дар Тошканд мебошад ва Фирдавс Абдухолиқов бо як овоз раиси ин ташкилот интихоб шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: