КОРОНАВИРУС (ТОҶВИРУС) МИСЛИ ВАБО ОФАТУ БАЛОИ НОГАҲОНИСТ!

Коронавирус, яъне Тоҷвирус низ мисли бемории вабо офату балои ногаҳонист, ки имрўз кулли мардуми олам азияташро мекашанд

“Пандемияи коронавирус барои аҳли башар як санҷиши Офаридгор аст. Мардум муттаҳид гардида, ба тамоми тавсия ва пешниҳодҳои шифокорон амал кунанд, дар мавриди карантин бе ягон зарурият аз хонадони худ набароянд, баробари муайян гардидани нишонаҳои аввалини беморӣ, онро пинҳон накарда, ба шифокорон саривақт муроҷиат кунанд мо ин бемориро албатта мағлуб мекунем!”           Шавкат МИРЗИЁЕВ.

Эй вируси “тоҷ” аз куҷо омадаӣ?

Чун дарду балои бедво омадаӣ.

Шояд, ки алайҳи нохудогоҳии мо,,

Чун барқ ба фармони Худо омадаӣ.

Нормурод КАРИМЗОДА.

Оре, коронавирус, ки имрўз саросари кишварҳои олам, минҷумла аҳли Камбоҷа, Хонконг, Маккао, Тайван, Тайланд, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Ветнам, Сингапур, Непал, Фаронса, Австралия, Малайзия, Италия, Испания, Эрон ва чандеи дигарро ба ташвиш овардааст, на ба айби Хитой ва дигар мамлакатҳост, ки “тамъ”-и ин бемориро пештар чашидаанд ва ё на айби шаҳрвандони аз Фаронса ва дигар мамолики хориҷа омада, ки боиси сирояти ин беморӣ гаштаанд, балки ин бемории умумибашарӣ буда, бо таъбире қудрати илоҳист. Паҳн гаштани ин беморӣ, яъне тоҷвирус аз як тараф беэҳтиётию ба қоидаҳои гигиенӣ риоя накардани фарзанди инсон бошад, аз тарафи дигар аҷаб не ин як санҷишу имтиҳони Худованд нисбати бандагонаш аст.

Коронавирус, яъне Тоҷвирус низ мисли бемории вабо офату балои ногаҳонист, ки имрўз кулли мардуми олам азияташро мекашанд ва ин маънӣ дар мисраҳои зер:

Эй вируси “тоҷ”, халқи маро хор мадор,

Бар ҳеҷ касе шиканҷу озор маёр,

Аз дасти ту аҳли олам омад ба ҳарос,

Аз ваҳми ту бас ҷаҳониён зору низор.

Ин ҷо лозим донистем, баҳри рўшанӣ андохтан ба маънии вабо ба луғатҳо дида дўзем. Вабо якчанд маъниҳоро дарбар гирифта, якеи онҳо офат, бало ва густариши бемории сироятии ҳалокатовари оммавӣ ба воситаи микробҳо, эпидемия мебошад, ки банда оиди ин беморӣ ҳанўз солҳои мактабхонӣ аз “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ бо хубӣ воқифам. Бинед, ки имрўз бошад, боз як намуди он офату балои ногаҳонӣ мардумро ба дод овардааст.

Бадбахтона аз ин бемории ҳалокатовар Ўзбекистони маҳбуби мо низ хушк намонд ва тоҷвирус аҳли мамлакатро ба ташвиш андохт. Ташвиши дохили мамлакат як сўю ташвиши дигар ба мамлакатамон сиҳату саломат баргардонидани шаҳрвандонамон аз кишварҳои хориҷа мебошад. Ва имрўз ҳамаи он аз хориҷаомадагон дар осоишгоҳу фароғатгоҳҳои кишвар дар карантини (чораҷўиҳои маъмурӣ ва тиббию беҳдоштӣ барои пешгирии паҳншавии касалиҳои сироятӣ ва барҳам додани манбаи онҳо) 14 рўза зери назорати пизишкон  қарор доранд. Аён, ки барои иҷрои ин амалҳо миллиардҳо пул сарф шудаву мешавад. Аммо аз ношукрию бефаросатӣ беш нест амали онҳое, ки имрўзҳо ба қоидаву қонунҳои карантин рахна мезананд.

Аз 25 март сар карда аҳли мамлакат ба режими ниқобпўшӣ гузашт. Роҳҳои равуо ба мамлакатҳои ҳамсоя ва дохили кишвар баста шуд. Бидуни мағозаҳои хўрокворӣ дари дигар дўконҳои савдо, чойхонаю ошхонаҳо ва ҳатто дари масҷидҳо баста шуданд, ки ин кори сахту сангин буда, албатта муваққатист.  Имрўз рафи мағозаҳо чун пештара банўр нест, нархҳо низ каме ҷунбидаанд. Коронавирус дар шаҳрҳо дари клубҳои шабонаю казиноҳоро низ баст ва бо ниқоб ҳамаро баробар карда монд. Ту амалдору ту коргари оддӣ, ту будагию ту нобудатар нагуфт, яъне одамонро ба тоифаҳо ҷудо насохт ва назди инсоният вазифа гузошт, то дарк намоянд, ки ниқоб танҳо барои худ набуда, балки барои ҳифзи саломатии атрофиёнамон низ мебошад. Ин аст, ки аз сухани духтурон набаромадан, ба маслиҳати мутахассису мутасаддиён гўш додан, бештарини вақтро дар хона гузаронидан, ба ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоб нарафтан, даст дода вохўрӣ накардан, дар таъзияхонаҳо баҳри дилбардорӣ аз китфгирӣ даст кашидан вазифаи ҳар як инсони соҳибақлу соҳибтамиз аст. Ҷояш омад ба занону духтарон низ гўшрас карданием, ки дар кўчаву гузар ва бозорҳо аз оғўш кушода вохўрдану бўсобўсии нозебон даст кашанд.

Аз фурсат истифода бурда, меҳри саршор аз меҳнатпазириҳоямонро нисбати духтурон, хосса он духтуроне, ки ба беморони гирифтори тоҷвирус гашта сару кор доранд, иброз доштанием. Чаро ки кори онҳо имрўзҳо басо сахту сангин аст. Бемор сиҳат шуда мераваду духтурон бошанд, то дафъи эпидемия дар ҷонбозиянд.

Дар хотима, кулли мардуми кишварро ба осоиштагию бардамӣ даъват мекунем.  Модоме, ки болои сарамон Парвардигори ҳаждаҳ ҳазори оламу пушту паноҳамон мамлакати пурқуввату сарвари оқилу доност, ҳоҷат ба ваҳму парешонӣ нест. Худо хоҳад, бандагонаш ин бемориро ба ақлу хирад, дониши мустаҳкам ва озодагӣ ба тезӣ дафъ хоҳанд кард. Он сон ки шоир фармуда:

Эй вируси “тоҷ” тоҷи туро пора кунам,

Дар арсаи худнамоӣ бечора кунам.

Ҷўям раҳи озодагиву ҳифзу дифоъ,

Бо ақлу хирад ҷанги ту бекора кунам.

Баҳриддин ТОҶИДДИНОВ, Узви шўъбаи вилоятии Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ўзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: