Чӣ гуна бе ташхис метавон фаҳмид, ки гирифтори омикрон шудаед?

Табибон нишонаҳои асосии омикронро ном бурданд, ки бидуни ташхис ҳам бемор метавонад пай барад, ки гирифтори омикрон шудааст

Комиссари Департаменти ҷамъиятии тандурустии Чикаго, Эллисон Арвади, мегӯяд, яке аз нишонаҳои аслии гирифторӣ ба омикрон дард дар гулӯ мебошад.

Арвади мегӯяд, дарди гӯлӯ то анҷоми ташхиси COVID-19 метавонад аз гирифтории бемор ба омикрон гувоҳӣ диҳад, навиштааст Газета.ру бо такя NBC Chicago.

"Мо хеле рӯшан мебинем, ки дард дар ҳалқ аз пешгӯикунандаҳои асосии мубталоӣ ба омикрон мебошад", - таъкид намудааст мутахассис.

Қаблан сироятшинос, Евгений Тимаков изҳор дошт, ки дарди сар, гулӯ, гирифтагии овоз ва мушкилӣ дар қазои ҳоҷат тақрибан нишонаҳои саддарсадии гирифторӣ ба коронвируси навъи ҷадиданд. Барои омикрон инчунин бехобӣ, ҳарорати баланду дарди шикам хос арзёбӣ шудаанд.

Штамми нави COVID-19 бори аввал дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана пайдо шуд. Он аз дигар навъҳо бо паҳншавии босуръат фарқ мекунад.

Тимаков ахиран гуфт, авҷи мизони ибтило ба коронавирус дар Русия метавонад миёнаҳои моҳи феврал фаро расад ва зимн афзуд, ки дар Маскав он каме пештар меояд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: