КУШОДАНИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТ ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН

27 сентябри соли 2020 дар ноҳияи Спитамен бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 мавриди истифода қарор гирифт.

27 сентябри соли 2020 дар ноҳияи Спитамен бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 мавриди истифода қарор гирифт.
Дар маросими ифтитоҳи бинои таълимӣ, ки дар асоси созишномаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо саҳми кишвари дӯст бунёд шудааст, вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шерзод Шерматов, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва фаъолони ноҳия иштирок доштанд.
Зимни ифтитоҳи бинои таълимӣ вазирони маорифи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо ёдоварӣ аз сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев таъкид доштанд, ки муносибатҳои дӯстонаи давлатҳо реша дар умқи таърих дорад. Маҳз бо кӯшиши сарони давлатҳо ҳамкориҳои ду давлат ба марҳилаи нав ворид гардида, боиси хушҳолии мардумони ду кишвар шуд.
Бинои нави таълимӣ дар деҳаи Андарсойи Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев ҷойгир буда, сохтмони он моҳи августи соли 2018 оғоз гардида буд. Сохтмон аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Ӯзбекистон темир йӯллари» ва ба маблағи зиёда аз 18 миллион сомонӣ анҷом ёфт.
Муассисаи мазкур барои 630 нафар хонанда пешбинӣ гардида, аз 3 ошёна, 28 синфхонаи таълимӣ, хуҷраҳои маъмурӣ, китобхона, ошхона бо 224 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ, китобхона, толори варзиш ва майдончаи варзиш иборат аст.

Маратҷон 
ҶАББОРОВ,
вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: