Президент Шавкат Мирзиёев дар чорабиниҳои байналмилалӣ дар Душанбе ва Ню Йорк ширкат хоҳад кард

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ, ки дар пойтахти Тоҷикистон Душанбе баргузор мешаванд, ширкат хоҳад кард. Котиби матбуоти Президент Шерзод Асадов дар бораи ҷадвали сафарҳои наздики хориҷии Сарвари давлат эълон кард.

Сухан дар бораи панҷумин солгарди Ҷаласаи машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ меравад, ки рӯзҳои 14-15 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин рӯзҳо ҳамчунин баргузории нишасти навбатии Шӯрои сарони кишварҳои муассиси Сандуқи байналмилалии наҷоти Арал дар назар аст. Интизор меравад, дар ин ҳамоиш сарони Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ ширкат кунанд.

Зимнан зикр гардид, ки Сарвари Ӯзбекистон дар ҷаласаи машваратӣ бо як қатор пешниҳоду ташаббусҳои муҳиму мубрам баромад хоҳад кард. Ҳамин тариқ, масъалаҳои таҳкими муносибатҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, нақлиёту логистика, иқтисодиёти «сабз», энергетика, об ва захираҳои об, экология, инчунин муборизаи муштарак бар зидди оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим матраҳ хоҳанд шуд.

Интизор меравад, ки дар натиҷаи Ҷаласаи панҷуми ҷашнии машваратӣ як қатор санадҳои муҳим қабул карда шаванд, ки яке аз онҳо Изҳороти муштараки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

Сафари дуюми муҳим ҳафтаи оянда ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар назар аст, ки дар он Президенти Ӯзбекистон дар мубоҳисаҳои умумии сиёсӣ ширкат ва дар ҳафтаи сатҳи олии иҷлосияи 78-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, ки аз 19 то 26 сентябр дар Ню-Йорк барпо мегардад, суханронӣ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Асадов, сарвари Ӯзбекистон ҷомеаи ҷаҳониро бо раванди ислоҳот дар кишвар, аз ҷумла бо натиҷаҳои таҷдиди ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ шинос карда, як қатор ташаббусҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавию ҷаҳониро низ ба миён мегузорад.

Дар ҳошияи иҷлосияи 78-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид 19-20 сентябр нахустин нишасти сарони давлатҳо дар формати “Осиёи Марказӣ – ИМА” (“С5+1”) баргузор мешавад. Интизор меравад, ки Президент дар ҷараёни сафараш ба ИМА бо раҳбарони институтҳо ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мулоқот анҷом диҳад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: