ЛАЗГӢ – ОИНАИ САНЪАТИ РАҚСИ КИШВАРИ МО

Лазгӣ – рақсест, ки рӯнамои ба худ хоси санъати рақси мо гардидааст.

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон бинобар тайёрӣ ба Ҷашнвораи II-и байналхалқии рақси «Лазгӣ», ки 25-30 апрели соли равон дар Хива баргузор хоҳад шуд, конфронси матбуотӣ ташкил кард. 
Ҷашнвораи мазкур бори аввал соли 2022 бо иштироки ҳунарпешагони беш аз 10 кишвар гузаронида шуда буд. Соли равон дар ҷашнвора иштироки намояндагони Фаронса, Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Белорус, Русия, Туркия, Қирғизистон, Сербия, Бразилия, Покистон, Ҷумҳурии Куриё, Индонезия, Миср, Эрон, Озарбойҷон пешбинӣ мегардад.   
– Ҷашнвора ба мақсади ҳифз кардан ва оммавӣ намудани рақси лазгӣ, зиёд кардани миқдори сайёҳон ба кишвари мо, намоиш додани имкониятҳои сайёҳии Хоразм ташкил карда мешавад, – гуфт муовини вазир М. Маҷидов. – Ин ҷашнвора таҳти васояти ЮНЕСКО гузаронида хоҳад шуд. Давраи авалини он дар аввали моҳи апрел гузашт. Ҳоли ҳозир бобати ташаккул додани ҳайати ҳакамоти байналхалқӣ кор бурда мешавад. 
– Дар соли равон иштироки намояндагони анқариб бист мамлакат пешбинӣ шудааст, – гуфт ректори Академияи давлатии хореографии Ӯзбекистон Шуҳрат Тӯхтасимов. – Академияи мо барои гузаронидани конфронсҳои илмиву амалӣ дар чаҳорчӯбаи ҷашнвора ҷавобгӯ мебошад. Ғайр аз таърихи лазгӣ, давраҳои рушд ва ояндаи он, ҳамчунин рақси халқҳои ҷаҳон муфассал баррасӣ мешавад. Ҳамватанони мо ва меҳмонони хориҷӣ имконият хоҳанд дошт, якҷо чорабиниҳои ҷашнвораро тамошо кунанд. 
Тавре ки дар конфронси матбуотӣ зикр гардид, иштирокдорон бояд рақси халқии худ, ҳамчунин намунаеро аз лазгӣ иҷро кунанд. Барои на фақат ҳамчун ҷашнвора, балки ба сифати вохӯрии нодири эҷодӣ, мулоқот ва шиносоии тарафайн гузаштани ҷашнвора эътибори махсус дода мешавад. Ҷашнвора ҳамчунин бо он хотирмон хоҳад буд, ки пули ба худ хоси фарҳангии байни халқҳо ба шумор меравад. 
Дар ҷашнвора барандаи Гран-при сазовори 7 ҳазор доллари ИМА, соҳибони ҷойҳои 1-ум дар номгӯйҳои «Беҳтарин рақс», «Беҳтарин ҷамоаи рақсӣ», «Беҳтарин намоишномаи рақсӣ» сазовори 5 ҳазор долларӣ, соҳиби ҷойи 2-юм 3 ҳазор доллар ва барандаи мақоми 3-юм 2 ҳазор доллар мешаванд. Ҳамчунин бо номгӯйҳои рағбатноксозӣ мукофотонидани иштирокдорон ба нақша гирифта шудааст. 
Бинобар натиҷаи ҷашнвораи байналхалқӣ, ки соли 2022-юм гузашта буд,  рисола ва китоб дар Ҷумҳурии Мисри Араб ва Ҳиндустон доир ба ин санъати рақси миллӣ интишор ёфтааст. Дар як қатор кишварҳои хориҷӣ конфронсҳо баргузор шуда буданд. 
– Таърихи рақси лазгӣ ба замони Авесто мерасад, – мегӯяд профессори Академияи давлатии хореографии Ӯзбекистон, олимаи адабиётшинос Ҳулкар Ҳамроева. 
– Бинобар ҳамин хориҷиён ба китоби Авесто низ рағбати зиёд зоҳир мекунанд. Мо ният дорем дар академияи худ барои васеъ омӯхтани 9 навъи лазгӣ маркази илмиву амалӣ боз кунем. Алҳол аз тариқи ин рақс ҷомеаи ҷаҳонӣ аз санъати миллӣ, анъана ва урфу одатҳои мо ва умуман Ӯзбекистон бештар воқиф мешаванд. Он чиз хушоянд аст, ки лазгӣ на фақат ҳамчун рақси зебову ҷаззоб эътибори ҷаҳониёнро ҷалб мекунад, балки дар асоси илмӣ омӯхта мешавад.
Дар конфронси матбуотӣ намояндагони расонаҳои ахбори оммавӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд.

Назокат УСМОНОВА, 
хабарнигори ӮзА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: