МОДАР ВА МАҲТОБ

Ба гардун моҳи нав чун дид модар,

Ба гардун моҳи нав чун дид модар,
Ҳамебинмуд омину дуо сар:
«Ба моҳи нав расондӣ, шукри беҳад,
Нигаҳ дор, эй Худо, то моҳи дигар».

Ба чашмам, моҳмомо, нур ҳастӣ,
Тасаллии дили ранҷур ҳастӣ.
Ба ҷои модар астӣ дар тасаввур,
Валекин дур ҳастӣ, дур ҳастӣ.

Турову баччагиро хоб дидам:
Ба  болои сарам маҳтоб дидам!
Давӣ чун тохтам, истам биистӣ...
Шудам бедор, дилро об дидам.

Дили ман об, эй маҳтоб, маҳтоб,
Баро маҳтоб, эй маҳтоб, маҳтоб.
Ба гардунҳо натобӣ, дар замин нест
Чу ман бетоб, эй маҳтоб, маҳтоб.

Маро ҳам буд модар мушкмӯе,
Ҷавонбахте, ба дил сад орзуе.
Ту донӣ, моҳмомо, як замонҳо,
Маро ҳам буд модар моҳрӯе.

Зи модармондаи хунгаштаам ман,
Ба меҳрат ташнаам ман, ташнаам ман.
Бароям, моҳмомо, кулча парто,
Ба нонат гушнаам ман, гушнаам ман.

Пару боли парӣ – нури сапедат,
Суруди дилбарӣ – шеъри сапедат.
Зи модармонда, гӯӣ, ширмаҳтоб,
Ҳамоно зинда бо шири сапедат.

Навоз, эй Зуҳра, чангу арғунунат,
Фирист, истора, шеъру шеъргунат.
Чу ман дилташнаро, эй ширмаҳтоб,
Чи сон ҷонбахш шеъри ширгунат!  

М. ШОДӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: