... МАНАМ УМРЕ САНОХОНИ САМАРҚАНД

  • ... МАНАМ УМРЕ САНОХОНИ САМАРҚАНД
  • ... МАНАМ УМРЕ САНОХОНИ САМАРҚАНД

Оре, саёҳат, сафар кардану оламу одам дидан шахсро ташаккул медиҳад.

Ҳавояш накҳати гулҳо шамида,
Навояш сози ушшоқ офарида.
Вафояш лутфу эҳсон офарида,
Манам умре санохони Самарқанд.

Оре, саёҳат, сафар кардану оламу одам дидан шахсро ташаккул медиҳад. Бахусус эҷодкорро. 
Дар чаҳорчӯбаи иҷрои Барномаи давлатии «Ба саросари Ӯзбекистон саёҳат намо» аз 30 апрели соли 2022, бо ташаббуси иттифоқи касабаи рӯзномаи «Овози тоҷик» сафари навбатии ҷамоа ба вилояту шаҳри бостонии Самарқанд буд. Субҳи 17-уми декабр аҳли ҷамоа бо қатораи тезҳаракати “Афросиёб” роҳи шаҳри куҳан ва ҳамешаҷавонро пеш гирифтем. Зиёрати маскани бузургон ва мутафаккирони илму фарҳанг, мақбараву мадрасаҳо, ки дар замири онҳо таърихи ҳазорсолаи халқ, зулму ситам, муборизаи қаҳрамононаи онҳо баҳри озодӣ, истиқлолият, ҳифзи диёру оила таҷассум ёфтааст, албатта, судбахш аст. 
Моро дар вокзали роҳи оҳани Самарқанд ҳамкоронамон ва дигар дӯстону наздикон самимона пешвоз гирифтанд.
Баъди ҷойгир шудан дар меҳмонхонаи “Диёр”, ки тозаву озода, барҳавову шинам буд, зиёратро аз гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Одамушшуаро, сардафтари адабиёти классикии форс-тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз намудем. Рӯдакӣ гӯё ба шаҳр салобату ҳашамати дигар бахшида буд. 
Ёди бузургони хирад Абулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, Мирзо Улуғбек намуда, ба пояи муҷассамаи онҳо гул гузоштем. Аз шеъру ғазалҳояшон қироат намуда, бори дигар аз бебаҳо будани хидматҳои онҳо дар тамаддуни ҷаҳонӣ ёд кардем. Гуфтан бамаврид аст, ки ҳангоми навиштани шоҳбайти зерини Абдураҳмони Ҷомӣ  ба хатогӣ роҳ дода шудааст. Умед мекунем, ки масъулон ислоҳ мекунанд:
Барои дӯст чонатро (ҷонатро) фидо кун,
Валекин дӯст аз душман чудо 
(ҷудо) кун.
Рӯзҳои анҷумани байналхалқии СҲШ дар маркази маҳаллаи Панҷоби Самарқанд пайкараи шоири тавонои форс-тоҷик, муаллифи асари безаволи «Шоҳнома» Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд, ки барои боздиди он сарвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва дигар меҳмонони олимартаба ташриф фармуданд. Аммо ҳайрати намояндагони «Овози тоҷик» дар он буд, ки дар майдони Фирдавсӣ ягон байт ба забони Ҳаким Фирдавсӣ нест. 
– Ин ислоҳпазир аст, – гуфт раиси гузар Равшан Ғуломзода, – зеро баъди солҳои тӯлонӣ муҷассамаи Фирдавсӣ пас аз муҷассамаи Рӯдакӣ пайдо шуд ва мо онро таъҷилан ба хотири ташрифи меҳмонон гузоштем.
Боиси хурсандист, ки дар назди масҷиди ҷомеи Панҷоб мактаби омӯзиши забони форсӣ ба роҳ монда шудааст. 
Мувофиқи барномаи сафар аз зиёратгоҳи намояндаи машҳури тариқати нақшбандия пири комили Ҷомӣ,  Навоӣ, Бобур... Хоҷа Аҳрори Валӣ, ки соли 1404 дар деҳаи Боғистони ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Тошканди кунунӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, дар таърихи 1490 дар Самарқанд вафот кардааст, дидан кардем. Дар ин қабристон манзили охирати журналисти соҳибистеъдод, ҷонсӯзи миллат Акбар Усмонов низ ҷойгир аст. Муовини имом-хатиби зиёратгоҳ Ҳоҷӣ Умархон ба хотири гузаштагон аз оятҳои Қуръон тиловат намуд. Писари Акбарбобо Беҳбуд Усмонов чанд китоби падарашро ба мо бахшид.
Шаҳри абадӣ – кирои диданӣ 

Бо ташаббуси роҳбари давлат дар як гӯшаи хушобу ҳавои Самарқанд Шаҳраки абадӣ бунёд гардид ва боз як маскани дидании шаҳр зиёд шуд. Дар беш аз 600 гектар майдон меҳмонхонаи серошёнаи замонавӣ, боғу хиёбонҳои зебову дилнишин, ҳавзҳо, ошхонаву мағозаҳо бунёд гардидаанд. Аҷибаш дар он аст, ки дар ин ҷо намунаи муъҷази ёдгориҳои таърихии Самарқанд офарида шудаанд, ки шаҳраке дар шаҳр аст. Ҳатто корхонаи хурди коғазбарорӣ вуҷуд дорад, ки диққати ҳар як инсони фарҳангиро ба худ мекашад. Маҳз дар коғазҳои қадимаи Самарқанд китобҳои муқаддас ва асарҳои безаволи бузургони Шарқ навишта шудаанд. Тамошои шаҳрак хеле хотирмон буд. Баъди чашидан аз чою нони Самарқанд ба «Олами китоб» рафтем.

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...

Маҷмӯаи «Олами китоб»-и Самарқанд барҳақ ба маркази илму фарҳанг табдил ёфтааст, ки дар ин маскан тақдимоти китобҳои тозанашр, вохӯрӣ бо шоиру нависандагон ва дигар чорабиниҳо баргузор мегарданд. Дар толори хушҳавои китобхона ҷамоаи «Овози тоҷик» бо аҳли илму адаби Самарқанд вохӯрданд. Ҷонишини сармуҳаррир, раиси иттифоқи касабаи рӯзнома Тоҷибой Икромов ба чорабинӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба тайёрӣ ба 100-солагии рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳарф зад ва чанд китоби муаллифонро ба директори мағоза Азизҷон Маҳмудов супурд. Эҷодкорон Абдулло Субҳон, Муҳаммадҷон Шодӣ, Солеҳи Саидмурод, Фаридуни Фарҳодзод доир ба муҳити адабии Самарқанд, риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду «Овоз» – «Овози тоҷик» ва «Овози Самарқанд» бо меҳру муҳаббати хосса изҳори ақида намуданд.
Дар ин маскани маърифату маънавият бахши алоҳидаи китобу маҷаллаҳои тоҷикӣ ҷой дошт. Аз китобҳои адибон, шоиру нависандагон – Ӯктам Иброҳим, Адаш Истад, Бахтиёри Ҷумъа, Абдурасул Иброҳимзода, Фаридуни Фарҳодзод ва дигарон бо худ гирифтем.

Дар меҳмонии Ҳоҷибибӣ

Журналисти хидматнишондодаи ҷумҳурӣ, муаллифи асарҳои ҷолиб Муайяна Хоҷаева қариб тамоми умр дар рӯзномаи «Овози тоҷик» фаъолият бурдааст. Гарчанд синни мубораки ӯ аз ҳаштод гузаштааст, ҳамон бо рӯзномаҳои тоҷикӣ ҳамкорӣ дошта, навиштаҳояш мунтазам рӯйи чопро мебинанд. Воқеан, дар сари як пиёла чой суҳбати мо бо ӯ хеле самимӣ буд. Соҳибхона аз хурсандӣ ҷойи нишаст намеёфт.
– Ҳар гоҳ ба шумораҳои нави рӯзнома дида дӯхта, аз он меболам, ки бо ҳайати таҳрири ин олами маънавият паҳлу ба паҳлу истода кор кардаам. Ҳамкорони фидоии ин даргоҳро, ки ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд, ба ёд оварда дилам фишурда мешавад. Умедворам, ки садсолагии рӯзнома дар савияи баланд хоҳад гузашт. Ваъда медиҳам, ки хотираҳои худро навишта ирсол менамоям.  
    
Ёди устод гиромӣ бод!

Рӯзи дуюм ба зиёрати осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ рафтем. Ҷамоаи осорхона бо роҳбарии инсони фарҳангдӯсту маърифатпарвар Амриддин Пӯлодӣ моро бо нону шириниҳо хуш пазироӣ намуданд. 
– Шукри Аллоҳ, бо ташаббуси роҳбари давлат соли 2019 Осорхонаи поягузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ аз нав таъмир карда шуд. Ҳоло ин ҷо ба маскани маҳфилҳои адабӣ, шеъру суруд, китобхонӣ, ҷашнвораҳои илмиву фарҳангӣ табдил ёфтааст. Гуфтан мумкин аст, ки маҳз дар ҳамин манзил асарҳои ҷовидонаи устод – “Ғуломон”, “Дохунда”, “Ятим”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Марги судхӯр”, “Ёддоштҳо” ва ғайра офарида шудаанд. То имрӯз аз якчанд мамлакати ҷаҳон намояндагони илму фарҳанг, адабиётшиносон ва ходимони давлатӣ ба ин даргоҳи муқаддас ташриф овардаанд, – гуфт  А. Пӯлодӣ. 
Сипас, мо ба ҳар як утоқи устод сар халондем. Қисми куҳнаи ҳавлӣ аз айвони дароз, утоқи кор, меҳмонхона бо даҳлез иборат буд. Назар ба гуфтаи ходими илмӣ Назира Ҷалолова, соли 1935 ҳукумати маҳаллӣ бо мақсади беҳтар сохтани шароити зиндагӣ ва эҷодии адиб аз рӯйи лоиҳаи худи устод чанд хонаи навро аз хишти пухта сохта, ба устод ҳадя кардааст. Дар шафати айвон аввалин утоқи кории нависанда ҷой гирифтааст. Устод дар ин хона солҳои 1923-1954 машғули кори эҷодӣ буданд. Маҳз дар ҳамин хона бо ходимони давлатӣ – Йӯлдош Охунбобоев, Файзулло Хоҷаев, Шароф Рашидов, шоирону нависандагони машҳури миллатҳои мухталиф – Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, адиб ва рӯзноманигор Юлиус Фучик, Алексей Толстой, Николай Тихонов, Абдулло Қодирӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Ғафур Ғулом, Ойбек, Ҷалол Икромӣ, Холиқ Мирзозода ва дигарон мулоқот доштаанд. 
Хонаи кории устод аз мизи таҳрир, давоти хатнависӣ, китоб, қаламу коғаз, кату курсӣ, ки устод аз онҳо истифода мебурд, иборат буд. Дар хонаи истироҳати устод палос, сандалӣ, кӯрпаю кӯрпача, чароғи керосинӣ, яктаҳу тӯпии ироқӣ ва дигар либосҳояшон чун ҳолати пешина нигоҳ дошта шудаанд. 
Ба дафтари рӯйи миз, ки дар он зиёраткунандагон навиштаҳои худро сабт намудаанд, назар меандозем: “Бузург аст он халқе, ки шоирони бузургро ба дунё овардааст. Садриддин Айнӣ дар қатори бузургон буд. Ташаккур ба самарқандиён, ки хотира ва маданияти бостонии хешро чунин эҳтиром мекунанд” (Владимир Санги, котиби раёсати Иттифоқи нависандагони Русия). “Ман бо ҳаяҷону изтироби зиёд хонаи устоди бузург Садриддин Айниро зиёрат менамоям. Сурудҳои бо шеъри вай эҷодшударо бо кайфияти болида месароям”. (Ҷӯрабек Муродов, Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС).
Дар ҳавлии устод адибон, шоирон, ҳаводорони каломи бадеъ ҷамъ омаданд.
– Вохӯрии мо бо аҳли қалами рӯзномаи дӯстдоштаамон “Овози тоҷик” дар ҳавлии Устод Садриддин Айнӣ боз як иқдоми нек аст. Устод дояи ин тифли навзод, ки он вақт “Овози тоҷики камбағал” ном дошт, буданд. Меҳмононро хайра мақдам мегӯем ва мехоҳем чунин вохӯриҳои хотирмон зуд-зуд ба амал ояд, – гуфт дар давоми суханаш сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Баҳодур Раҳмонов ва ба ҳар яки мо маҷмӯи китобу маҷаллаҳоро туҳфа намуд. 
Дар осорхона чашмам ба ҷавонзане афтид, ки ин сӯ-он сӯйи ҳавлиро саранҷом мекард. Ӯро ба суҳбат кашидам.
– Ман аз он мефахрам, ки фарроши ҳамин даргоҳи муътабар ҳастам. Хонаҳои устодро мерӯбам, ҷиҳозу анҷомҳоро аз чангу гард тоза мекунам. Рӯҳи устод ҳамеша шод бошад, – мегӯяд фарроши ҳавлӣ Маъмура Маматқулова.
Боздид аз осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ кӯтоҳакак бошад ҳам, мо як олам маънӣ гирифтем, гӯё аз суҳбати устод баҳра бардоштем.
Баъд аз ин маҷмӯи Регистон, мақбараи Ҳазрати Дониёр, расадхонаи Мирзо Улуғбек ва мадрасаи Бибихонумро зиёрат кардем. 
– Таассуроти мо як олам аст, – гуфт қабл аз бозгашт ҳамкорамон Гулҷаҳон Кабирова, – мо дар бадали ду рӯз кӯчаҳои ободу равон, иншооти хушсохту замонавӣ, чеҳраҳои шиносро дида, хеле хушҳол шудем. Мехоҳем чунин сафарҳои хотирмон зуд-зуд ба амал оянд.
Аз бозори машҳури Сиёб нону шириниҳо харида, бо як олам таассуроту хотираҳои фаромӯшнопазир ба Тошканд баргаштем.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
Саодат БЕКНАЗАРОВА,
Набия НОДИРОВА,
хабарнигорони 
“Овози тоҷик”.  
Вилояти САМАРҚАНД.
Суратгир: Д. АЗИЗОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: