Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Покистон роҳҳои васеъ гардондани ҳамкориҳои амалиро баррасӣ карданд

Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 феврал дар рафти рӯзи дуюми барномаи ташриф дар шаҳри Пекин бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон вохӯрд.

Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ӯзбекистону Покистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Натиҷаҳои нахустини иҷрои созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафари Сарвазири Покистон ба Ӯзбекистон моҳи июли соли гузашта ба даст омада буданд, бо қаноатмандӣ қайд гардид.

Ҳамин тариқ, аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба 1,5 баробар афзуда, дар давоми сол зиёда аз 40 корхонаи муштарак таъсис дода шуд.

Дар минтақаҳои гуногуни кишварамон оид ба истеҳсоли доруворӣ, маҳсулоти кимиёвӣ ва нассоҷӣ лоиҳаҳои кооператсия амалӣ карда мешаванд. Дар соҳаи саноат, маориф ва кино як қатор лоиҳаҳои муҳим таҳия карда мешаванд.

Равобити байниминтақавӣ вусъат меёбанд – дар ин рӯзҳо ҳайати вакилони музофоти Панҷоб бо сардории губернатор Сарвар Чоудрӣ дар мамлакати мо меҳмон аст.

Зимни мулоқот ба дастгирии ташаббусҳои муштараки соҳибкорӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории ояндадор, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахши бонкиву молия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Доир ба масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.

Дар бораи идомаи кори амалии пешбурди лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар” созиш ҳосил шуд.

Ҳамчунин ҷадвали мулоқотҳои дар сатҳи баланд ва олӣ дарпешистода баррасӣ шуд.

Мулоқоти Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Покистон дар фазои анъанавии кушод, корӣ ва дӯстона сурат гирифт.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: