МАРКАЗИ ЗАБОН ВА МАДАНИЯТИ ФОРСӢ ТАШКИЛ МЕГАРДАД

Ректори Донишгоҳи давлатии забон ва адабиёти ӯзбек ба номи Алишери Навоӣ Шуҳрат Сироҷиддинов бо маслиҳатчии сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ӯзбекистон Муҳсин Пирмуҳсинӣ оиди боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаҳои ҳамкорӣ, ба амал баровардани лоиҳаҳои банақшагирифта суҳбат оростанд.

М. Пирмуҳсинӣ доир ба ҳамкории бароҳмондашуда, самараи он, махсусан, соли гузашта дар  Эрон такмили ихтисос намудани докторантҳои донишгоҳро таъкид намуд.
Ҳини суҳбат тарафайн дар Донишгоҳ ташкил намудани Маркази забон ва маданияти форсро маъқул шумориданд. Таъкид намудан ҷоиз аст, ки чунин марказ соли 2018 дар Донишкадаи давлатии шарқшиносии Тошканд низ ташкил гардидааст. Суратҳое, ки дар девори ӯтоқи барои Маркази забон ва фарҳанги форсӣ ҷудокардаи маскани таълимии мазкур ифодакунандаи дӯстиву ҳамкориҳои байни давлатҳои Эрону Ӯзбекистон мебошанд. Сафоратхона ба марказ маҷмӯи компутер, проектор барои намоиши навгониҳои маводи дарсӣ, китобҳои электронӣ ҳадя намуда буд. Ин ҷо барои барпо кардани вохӯриҳову чорабиниҳои гуногуни маданиву маърифатӣ муносиб мебошад. Чунин  чорабиниҳо дар омӯхтани забони форсӣ ва усулҳои нави омӯзиши он мусоидат менамоянд. 
Дар доираи вохӯрӣ ба мақсади вусъат додани ҳамкории байниҳамдигарӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳар сол ба курсҳои такмили ихтисос фиристондани 4-5 нафар донишҷӯёни донишгоҳ аҳду паймон намуданд. 
Сафоратхона ба ин муассисаи таълими олӣ маҷмӯи компутери замонавиро бо таҷҳизоти зарурӣ ҳадя кард.

Г. КАБИРОВА, хабарнигори
 «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: