МОДАРОН ДУОГӮЙИ ФАРЗАНДОН БОШАНД...

Модарро бесабаб ба фаришта намемонанд, чунки дуову ниятҳое, ки барои фарзандон мекунад, ҳамеша мустаҷоб!

Чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз мисолҳо бисёранд дар ин бобат.
Нейроҷарроҳи номвари дунё Бенямин Карсони амрикоӣ, ки бори аввал дугоникҳои сиамро (дугоникҳое, ки ҷисман ба ҳам часпида ба дунё меоянд) аз ҳам бомуваффақият ҷудо кардааст, ҳамаи дастовардҳояшро, ки дар давоми 70 соли умр муваффақ гардидааст, ба хайрхоҳиву дуоҳои неки модараш вобаста мекунад.
Модари ӯ кӣ буд? Омӯзгор, рӯҳшинос ва ё донишманди ягон соҳа? На, ӯ як зани одӣ буд. Зане буд, ки танҳо маълумоти ибтидоӣ дошт. Аммо зани бофаросату дурандеш.
Зане буд, ки ду писарро танҳо, бо яккадастӣ ба воя расондааст. Ӯ дар ду-се ҷой, ба қавли имрӯзиён, меҳнати сиёҳ мекард. Аммо ягон рӯз хонишу бо чӣ кор машғул будани фарзандон аз назараш дур намемонд. Гарчанд саводи кофӣ надошт, ҳар рӯз аз фарзандон мепурсид, ки имрӯз чиро мутолиа карданд. 
Агар Бенямин ва бародараш саргарми бозӣ шуда, хонишро «фаромӯш» мекарданд, аз ояндаашон ёдовар мешуд, ки онҳо чӣ тавр умр ба сар мебаранд.
Ва ё мушкилиеро ҳал карда натавонанд, онҳоро дилбардорӣ карда мегуфт, ки каме тафаккур кунанд, ҷавоби он албатта пайдо мешавад. Дар таърих чунин модарон бисёранд, дар ҳоле ки ному насаби онҳо дар манбаъҳои таърихӣ сабт нагардидаанд.
Паёмбарамон Муҳаммад (а) дар яке аз ҳадисҳо гуфтаанд, ки «Шубҳае нест, ки дуои се нафар қабул мешавад: дуои падару модар ба фарзанд, дуои мусофир ва дуои зулмдида». 
Яке аз модароне, ки дуойи хайраш нисбат ба фарзанд қабул шудааст, модари донишманди бузурги илми ҳадис Имом Бухорӣ мебошад. Номи ин зан дар ягон манбаъ қайд нашудааст.
Овардаанд, ки дар хурдсолӣ чашмони Бухорӣ нобино мегардад. Модараш бошад, барои сиҳат шудани чашмони ӯ беист ба Парвардигор дуо мекарду ашк мерехт. Ӯ рӯзе дар хоб Иброҳим (а)-ро мебинад. Иброҳим (а) мегӯяд, ки «Офаридгор ба ҳурмати дуо ва ашкҳои талхат  ба чашмони писарат аз нав нур бахшид». 
Ва дар ҳақиқат чашмони муҳаддиси оянда бино шуда буд. 
Имом Бухорӣ аз хурдсолӣ ҳадис меомӯзад. Доир ба ҳадисомӯзии ӯ чунин ривояте нақл мешавад: дар яке аз маҷлисҳои ҳадисомӯзӣ муҳаддиси замон Ад-Доҳилӣ ҳадисеро нақл мекунад. Бухорӣ бошад, ғалат будани санади ровии ин ҳадисро таъкид менамояд. Касе, ки аз Иброҳим чунин ҳадисро нақл кардааст, Абиъз Зубайр не, балки Зубайр ибн Адӣ аст, мегӯяд ӯ. Ад-Доҳилӣ санади ин ҳадисро азнав санҷида мегӯяд, ки ҳақ бар ҷониби Бухорӣ аст. Он гоҳ Бухорӣ 11 сола буд.
Солҳои пеш ҳадисҳо аз Расулуллоҳ (а) то ривояткунандаи охирини он пурра, як-як номбар мешуданд. Имом Бухорӣ дар ривояти нақлгардида хатои матнро не, балки иштибоҳ рафтани занҷири ровиёни онро таъкид мекунад.
Вақте модари Бухорӣ ба мақсади ҳаҷ роҳи Маккаро пеш мегирад, писаронаш ҳамроҳ мешаванд. Баъди ба ҷо овардани ибодат модар ба Ватан бармегардад. Бухорӣ бошад, барои омӯхтани илми ҳадис дар мусофират мемонад. Бо дуоҳои хайри модар дар ҳадисҷамъкунӣ беҳамтои ҷаҳон мегардад.  
Оиди иҷобати дуои волидайн боз чунин ривоят нақл мешавад:
Яке аз зердастони Муовия ибн Қурро писардор мешавад. Ба ӯ Иёс ном мегузоранд. Муовия ҳамаи шиносу хешу таборро зиёфат дода мегӯяд, ки «Худованд аз шумоён розӣ шавад, ки ба ҳаққи фарзандам дуо кардаед. Акнун ман писарамро барои муъмину доно шуданаш дуо мекунам, ки «омин» гӯед.
Вақте синни Муовия ибн Қурро аз 80 мегузарад, аз ин воқеа ёдовар шуда мегӯяд, ки «Он рӯз, ки ман фарзандамро дуо мекардам, саҳобагон «омин» мегуфтанд. Он гоҳ бар ҳаққи Иёс бо ниятҳои хуш дуо кардаам, ки дертар ҳамаашро бар он дидаам. Дуои бар ҳаққи фарзанд гуфтаи падару модар рӯзе сабаби донишманд шудани ӯ мегардад».
Пӯшида нест, ки имрӯз дар ҷаҳон шабакаҳои интернет ё телевизион барои ҳама – хурду калон кушод аст. Тариқи он гувоҳи воқеаҳое мешавем, ки ҳолатҳои нохуши зиндагӣ акси худро ёфтааст. Баъзеи онҳо офаридаи бадеии муаллиф бошад, баъзеаш аз воқеаҳои ҳаёт гирифта шудаанд, ки таъсири манфии онҳо ба фарзандон бештар аст... 
Агар фарзандон ба камбудӣ роҳ диҳанд, волидайн онҳоро бо таҳаммулпазирие, ки фазилати неки инсонӣ ба шумор меравад, бубахшанд. Роҳи дурусти баромадан аз мушкилотро нишон диҳанд. Бар ҳаққи фарзандон дуоҳои нек кунанд, ки шояд замоне мустаҷоб гардад.  

Набия НОДИРОВА. 
Суратгир: Р. ГАЛЕЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: