МУАССИСАИ ОЛИИ МУШТАРАК БА ТАҲСИЛ ДАЪВАТ МЕКУНАД

Донишкадаи муштараки байнисоҳавии ихтисосҳои амалии техникии Белорусу Ӯзбекистон, воқеъ дар шаҳри Тошканд, муассисаи таълими олие мебошад, ки 20 ноябри соли 2019 бар асоси қарори Президент дар назди Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд арзи вуҷуд намудааст.

Ректори донишгоҳ Садриддин Туробҷонов дар нишасти хабарӣ чунин гуфт:
– Дар чаҳорчӯби консепсияи Ӯзбекистони Нав барои мо хеле муҳим аст, ки имкониятҳои илмӣ-педагогӣ рушд намоянд, технологияҳо ва усулҳои таълим такомул ёбанд, тадқиқотҳои илмӣ гузаронида шаванд, дар соҳаи мошинсозӣ, механика, автоматикунонии истеҳсолот, биотехнология, обуҳавошиносӣ ва стандарткунонӣ, инчунин соҳаҳои дигари истеҳсоли саноатӣ лоиҳаҳои инноватсионӣ таҳти татбиқ қарор гиранд. Ҳамаи ин мусоидат менамояд, ки иқтисодиёти мамлакатамон боло равад, эътимод ва устувории бахшҳои истеҳсолот таъмин гардад.
– Донишгоҳи миллии техникии Белорус сипарӣ мешавад, – изҳор намуд директори Донишкадаи муштараки байнисоҳавии ихтисосҳои амалии техникии Белорусу Ӯзбекистон Игор Ганчеренок.
Директори иҷроияи донишкада Насриддин Ҷабборов қайд намуд, ки дар ҳамин ҳол ин муассисаи таълимӣ 747 нафар донишҷӯро дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибона аз рӯи 11 риштаи бакалавр ба таҳсил фаро гирифтааст.
Бино ба маълумоте, ки мутасаддиёни ин донишкадаи муштарак маълум карданд, дар ҳамин ҳол як гурӯҳ ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои мухталифи кишварамон барои таҳсил маҳз ҳамин донишкадаро интихоб кардаанд. 

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: