МУЛОҚОТҲОИ МУФИДУ ЧОРАБИНИҲОИ ЗАВҚОВАР

  •  МУЛОҚОТҲОИ МУФИДУ ЧОРАБИНИҲОИ ЗАВҚОВАР
  •  МУЛОҚОТҲОИ МУФИДУ ЧОРАБИНИҲОИ ЗАВҚОВАР

Чун анъанае, ки се сол боз дар мамлакатамон роиҷ гуштааст, мулоқотҳои сайёри оммавӣ беш аз пеш вусъат пайдо намудаанд ва муваффақона идома меёбанд.

Чун анъанае, ки се сол боз дар мамлакатамон роиҷ гуштааст, мулоқотҳои сайёри оммавӣ беш аз пеш вусъат пайдо намудаанд ва муваффақона идома меёбанд.
Ин бор ҷонишини вазири корҳои дохила — сардори Департаменти бехатарии ҷамъиятӣ Бекмурод Абдуллоев дар мулоқоти сайёри оммавӣ иштирок кард, ки бо сокинони шаҳри Қӯқанд, ноҳияҳои Фурқат, Бешариқ, Данғара ва Ӯзбекистони вилояти Фарғона баргузор гардид. Бо вай ҷонишинони ҳокими вилоят, инчунин роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳои сатҳи вилоятӣ ҳамроҳӣ карданд.
Ин мулоқоти сайёр дар ҷамоати шаҳрвандони Чиркай, воқеъ дар маркази маъмурии ноҳияи Фурқат баргузор гардид. Он ба Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол бахшида шуд. Дар мулоқоти мазкур бештар аз 200 муроҷиат сурат гирифт ва мавриди муҳокимаву баррасӣ қарор гирифт.
– Хушбахтона, аксарияти муроҷиатҳои одамон ҳаллу фасл гардид ва онҳо аз ин мулоқот бо дили шоду табъи болида ба хонаҳои худ баргаштанд. Як қисми муроҷиатҳоро барои таҳқиқу баррасӣ ба идораҳои марбута фиристодем. Он мавриди назорат қарор гирифтааст, то ки дар фурсати наздиктарин муроҷиаткунандагони он аз ҳалли мусбати шикояту муроҷиаташон  қаноат ҳосил кунанд, – мегӯяд Абдуллоев.
Вай афзуд, ки барои ҳаллу фасли баъзе муроҷиатҳо пояҳои қонунӣ мавҷуд набуданд, барои ҳамин ба соҳибони он фаҳмонида шуд, ки ин муроҷиати онҳо қонеъ гардонида намешавад.
Ин мулоқоти сайёри оммавӣ ба он ҷиҳати худ аз баъзе мулоқотҳо фарқ менамуд, ки 27 нафар муроҷиаткунандагон соҳиби дастгоҳҳои дӯзандагӣ, 17 нафар соҳиби бухориҳои ширинипазӣ, 25 нафар маълӯлон соҳиби аробача, асбобҳои шунавоӣ, асобағалҳо шуданд. Ба 33 нафар сокинони шаҳри Қӯқанд, ноҳияҳои Фурқат, Бешариқ, Данғара ва Ӯзбекистон бар асоси барномаи “Ҳар як оила – соҳибкор”  қарзҳои имтиёзнок ҷудо карда хоҳад шуд, то ки онҳо ба ягон намуди соҳибкорӣ машғул шаванд. 
– Мо рӯзи мулоқоти сайёр ярмаркаҳои тиҷоратӣ низ ташкил намудем. Одамон бо нархи арзон маҳсулоти гуногун, аз ҷумла тухм, гӯшт, картошка, сабзӣ, пиёз, равғани пахтаву рустанӣ харидорӣ карданд. Ғайр аз ин, баргузории тӯйҳои суннати 20 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоат ин мулоқоти сайёри оммавиро шукӯҳи тоза бахшид, – мегӯяд ҷонишини ҳокими вилоят Файзулло Қосимов, — чорабиниҳое, ки барои гиромидошти қадри ҳазрати инсон роҳандозӣ мешаванд, беш аз пеш доман фарох менамояд. Яке аз ин чорабиниҳо маҳз хатнасурии 15 нафар кӯдакони фурқатӣ ва 5 нафар кӯдакони данғарагиянд. Онҳо фарзандони ашхосе мебошанд, ки дар ин ду ноҳия ба “дафтари оҳанин” шомил гардидаанд ва имкони хатнасурии фарзандонашонро надоштанд. 
– Ҳамаи ин хайру саховат ва эҳсонкунӣ бар асоси ташаббуси Президент ба вуқӯъ мепайвандад. Ин кӯдакон ояндаи мо ҳастанд ва аз ислоҳоте бархурдор мегарданд, ки имрӯзҳо дар саросари мамлакати паҳноварамон пиёда мешавад. Ба гуфтаи сарвари давлат такя карда мегӯям, ки мардум аз кори мо бояд розӣ бошанд, меҳру мурувват, саховату дасткушодии одамонамон аз ин ҳам бештар тавсеа ёбад ва роҳандозии чорабиниҳои зиёд дили мардумро ба имрӯзу фардои дурахшон гармтар созад, – мегӯяд ҷонишини ҳокими вилоят – сардори Садорати маҳалла ва дастгирии оила Баҳодур Холиқов. 
Ба таъкиди мавсуф он рӯз хоҳад расид, ки ҳамин кӯдакони хатнасуршуда аз инсонҳои ҷонфидо ва қобили эътимоди мардуми мамлакат ба воя расанду ба халқу мардуми он хидмат кунанд. 
Вақте ки ба кӯдакон туҳфаҳои гуногун супурда шуд, шодиву нишоти онҳоро ҳадду канор набуд. Либос, бозича ва велосипед боиси ин шодиву нишот гардиданд. 
Баъд дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Чиркайи ноҳияи Фурқат навбат ба чорабиниҳои варзишӣ ва маданӣ-маърифатӣ расид. Аввал як гурӯҳ низомиён дар доираи Моҳонаи ҳарбӣ-ватанпарварӣ пеши чашмони мардуми ҷамъомада намунаҳои машқу тамринҳои мухталифро нишон доданд ва сазовори кафкӯбиҳо шуданд. Баъд ҷавонони 18-30-сола ба майдони сабқат баромаданд. Онҳо тавассути мусобиқаҳои гӯштӣ, танобкашӣ, сангбардорӣ, тенниси рӯйи миз намоиш доданд, ки дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ низ метавонанд ширкат намоянд.
Баргузор шудани тренингҳо оид ба бизнес, дарсҳои омӯзиши компутер ва ярмаркаи китоб низ дар аксари иштирокчиён таассуроти амиқ боқӣ гузошт.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: