МУРОҶИАТНОМА – РОҲНАМОИ ҲАЁТИ МАРДУМИ КИШВАР

Муроҷиатномаи Президенти мамлакатро аз рӯи мазмуну моҳият муроҷиатномаи таърихӣ унвон кардан мумкин аст.

Муроҷиатномаи мазкурро боз метавон аз он ҷиҳат нишонрас номид, ки ба дили ҳар як шаҳрванди мамлакат роҳ ёфт. Ҳамзамон он роҳҳои васеи тараққиёт ва дастовардҳои бештарро ба рӯямон боз намуд. 
Яке аз масъалаҳои барои ҷомеаи мо муҳим барқарор намудани адолат ва ба ҳаёт татбиқ шудани принсипҳои демократӣ мебошад. Дар ин замина сарвари давлат зимни суханронии худ ҳамаҷониба таваққуф намуд ва як қатор ташаббусҳоеро ба миён гузошт, ки маҳз ҳамин ҷанбаи ҳаёти мардуми моро фаро мегиранд ва баҳри ба таври ҳамеша барқарор гардидани адолат поя мегузоранд.
 Вақте ки маро аз Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат” ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис номзад пешбарӣ карданд, боз ҳам бештар ба умқи ҳаёти мардуми ҳамон қитъаи интихоботӣ ворид шуда, ҳаёт ва тарзи зиндагии онҳоро то қадри имкон омӯхтам. Ҳоло яке аз курсиҳои парлумонро ишғол кардаам. Дар Муроҷиатномаи Шавкат Мирзиёев ба парлумони нав вазифаву масъулиятҳои зиёд супурда шуд. Акнун моро лозим меояд, ки дар баробари эътимоди мардум, ҳамчунин ба боварии сарвари давлатамон сазовор гардем.
Дарвоқеъ, депутате, ки худомӯзӣ намекунад, намехонад, аз куҷо нерӯ мегирад? Гузашта аз ин, мо, депутатҳоро, ки Хонаи халқро намояндагӣ мекунем, лозим аст, ки ба мардум наздик бошем, ҳарчи бештар дарду доғ ва мушкилоти онҳоро омӯзем ва қонунҳое таълифу таҳия намоем, ки дардхӯри ҳамин халқ бошад.
 Батакрор ин нуктаро қайд мекунам, ки дар мулоқоту муоширату муносибат бо мардум кор калон будааст. Чаро? Роҳ ёфтан ба дили онҳо, ки солҳои дароз наметавонистанд ҳарфашонро озодона ба намояндагони мардумии интихобкардаашон бигӯянд, аз онҳо мадад пурсанд, танҳо ба воситаи ҳамин мулоқотҳову суҳбатҳо имконпазир мебошад. Пӯшида нест, ки  баъзе депутатҳо моҳҳову баъзан солҳо аз мулоқоту суҳбатҳо бо мардум канорагирӣ мекарданд. 
Нуктаи дигар ҳамин аст, ки ҳоло мардуми мо аз нигоҳи фикру ҷаҳонбинӣ хеле пеш рафтааст. Акнун онҳо мардуми чанд соли пеш нестанд, ки ҳарфашон дар дилашон нуҳуфта мемонад. Онҳо аз депутатҳои худ умедвориҳои калон доранд ва  ин умедвориҳои онҳо дар Муроҷиатномаи Президенти мамлакат низ хеле хуб акс ёфтааст.
Муроҷиатномаро тамоми мардуми кишвар, ҳатто шаҳрвандони мо, ки дар хориҷа кору истиқомат мекунанд, бо таваҷҷӯҳи хос гӯш карданд. Дар он ислоҳот аз пайи ислоҳот таъкид шудааст ва пиёда кардани он дар мамлакат амну осоиш, суботу барқарорӣ ва адолату фаровониро таъмин хоҳад кард. 
Президент Шавкат Мирзиёев солҳои охир ба фаъолияти журналистону блогерҳо низ диққати махсус зоҳир менамояд. Ин нукта дар Муроҷиатномаи ӯ низ қайд гардид. Ба фикрам, барои кори пурсамару бонатиҷа дар бобати омӯзиши пешниҳодҳои интихобкунандагон, муайян кардани муаммоҳову мушкилоти мардум, ҳиссагузорӣ дар қабули қарорҳо ва қонунҳое, ки бар дӯши депутатҳои парлумон аст, журналистону блогерҳо низ метавонанд саҳим бошанд.
Ба гуфтаи Президент Шавкат Мирзиёев омӯхтани осори фарҳангӣ ва илмие, ки Имом Бухорӣ, Абӯмансур Мотурудӣ,  Абӯ Мӯин Насафӣ, Баҳоуддин Нақшбанд барои мо ба мерос мондаанд, ҳамчунин ба ҷавонон омӯзонидани таълимоти онҳо бобати бомаърифат ва бомаънавият камол ёфтани онҳо хеле мусоидат менамояд. Аз ин сабаб масъулияти ҳар яки мо аз он иборат аст, ки дар тарғиби мероси илмӣ, ба мардум ошно намудани он, ба таври васеъ истифода бурдани он дар тарбияи наслҳои наврас  саҳми худро гузорем. Тавре ки дар Муроҷиатнома баён гардид,  «ваксинаи ҳалолу показигӣ» айнан дар ҳамин мероси бою ғании гузаштагон нуҳуфтааст.   Агар инсон ин покиро дар  қалб ва фитрати худ пайдо кунад, он гоҳ дар кору  зиндагии худ эҳсоси ҳалоливу покизагиро тараннум менамояд.
Нуктаи дигаре, ки дар Муроҷиатномаи сарвари давлат зикр шудааст, тараққӣ додани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ аз тариқи истифодаи технологияҳои замонавии иттилоотӣ ва гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ мебошад. Дар айни ҳол тамоми бахшу соҳаҳо ба технологияҳои замонавӣ эҳтиёҷ доранд. 
Тавре ки Президент таъкид кард, бояд ҷавонон ба ҳамон бахши таҳсил фаро гирифта шаванд, ки аз рӯи технологияҳои наву замонавӣ таълим дода мешавад. Он гоҳ мо ба сафи кишварҳои тараққӣ кардаву пешрафта дохил мешавем. Маҳз тарбияву таълими як миллион нафар ҷавонон дар соҳаи технологияҳои замонавӣ – барномасозҳо роҳандозии робитаҳои доманфарохро бо ҳамкорони хориҷӣ тақозо менамояд. Гузашта аз ин, ҳоло интернет бо вусъати том тараққӣ мекунад ва вақти он расидааст, ки депутати Олий Маҷлис бо интихобкунандагони худ аз ин восита низ истифода барад ва мустақиман бо онҳо дар робитаи ҳамешагӣ қарор дошта бошад. Он гоҳ мушиклиҳо сари вақт барҳам мехӯранд ва ҳаёт осудаву фаровон мегардад. 
Имсол аз тарафи Президенти мамлакат “Соли рушди илм, маърифат ва иқтисодиёти рақамӣ” эълон шуд. Моро лозим аст, ки дар баробари пайваста омӯхтан ва ҷалби ҷавонон ба илму маърифат, ҳамчунин аз ибораҳои нави иқтисодиёти рақамӣ низ комилан огоҳ бошем ва дар ин бахш низ дониши худро афзун кунем. 

Гулбаҳор САИДҒАНИЕВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси
Ҷумҳурии Ӯзбекистон.


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: