ДАРИ ИМКОН БОЗ АСТ!

Таҳи чанд соли охир аз тарафи ҳукумати кишвар баҳри ҷавонон ва ояндаи дурахшони онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд.

Таҳи чанд соли охир аз тарафи ҳукумати кишвар баҳри ҷавонон ва ояндаи дурахшони онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд. Бинобар Панҷ ташаббуси роҳбари давлат  барои ҷавонони мо боз як қатор имтиёзҳо, аз ҷумла ҷалб намудани онҳо ба тадбиркорӣ, тиҷорат, ҷудо кардани қарзҳои камфоиза ва ғайра муҳайё гардиданд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои роҳбари давлат ва ҳукумати кишвар наврасони мо чӣ иқдоме пеш гирифтаанд. Рӯирост бояд гуфт, ки ҳоло дар байни онҳо як зумра ҷавонони соҳибистеъдод низ ҳастанд, ки ояндаи дурахшон доранд. Онҳо ҳам дар илму фан, ҳам дар варзишу дигар ҷабҳаҳо фаъолмандӣ зоҳир менамоянд. Ин, албатта, хуб аст. Зеро мақсади Панҷ ташаббусе, ки аз тарафи сарвари кишвар пешниҳод гардид, низ ҳамин мебошад. Наврасону мактабиён бояд вақти холии худро пурсамар гузаронанд. Ба китобу мутолиаи он, варзиш, санъату адабиёт ва ҳунарҳои миллӣ рӯй овардани ҳар як наврас натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод.
Муҳим он аст, ки дар ояндаи наздик онҳо соҳиби касбу кори дилхоҳ мегарданд ва ба ҷомеа бо ақлу заковат ва ҳунари волои хеш хидмат мекунанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳоло мардуми мо низ дар ҳоли карантин буда, бо эҳтиёт аз пандемия, ки тамоми дунёро ба риққат овардааст, амал мекунанд. Ҳукумат барои бекор намондани ҷавонон як миқдор замин ва қарзи имтиёзнок ҷудо намудааст. Ин ҳам аз ғамхориҳои ҳукумати кишвар мебошад. 
Ба ин хотир ҳар яки мо бояд шукргузор бошем. Шукри ин давлату шукри ин сарзамин ва мардумони бохирадаш кунем. 
Зеро тавре ки гуфтем, ҳоло дари имкон боз аст.

Ҳабиба ЁРОВА, 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: