НОМИ ЗЕБО – ҲУСНИ МАҲАЛЛА

Имрӯзҳо маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ идома доранд.

Бо ҳамин муносибат дар маҳаллаи Боғи сафеди шаҳри Самарқанд вохӯрии ходимони эҷодии рӯзномаҳои «Овози Самарқанд» ва «Овози тоҷик» бо муштариён баргузор гардид. 
Дар маркази маҳалла фаъолон ҷамъ омаданд. Аъзои кумитаи ҷамоати шаҳрвандӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд А.Воҳидов ба вохӯрӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. 
– «Овози тоҷик» овози мост, – гуфт хабарнигори рӯзнома дар вилоят Зоҳир Ҳасанзода. – Зеро дар он фармон ва қарорҳои Президент ба забони модарии мо чоп мегарданд. 
– Ана барои ҳамин ман аз нафақаам ба рӯзнома обуна мешавам ва дигаронро низ ба ин иқдоми нек даъват менамоям, – афзуд собиқадори соҳаи тиббиёт Абдураҳим Салоҳиддинов, – ин туҳфаи муносибест ба 95-солагии рӯзнома.
– Ҳамдиёрони гиромӣ хабардор ҳастанд, ки соли оянда рӯзномаи мо, ки минбари тоҷикони вилоят аст, 30-сола мешавад, – гуфт сардабири рӯзномаи «Овози Самарқанд», доктори улуми фалсафа Баҳодур Раҳмонов.  – Дар саҳифаҳои рӯзнома баробари навидҳо аз вилоят муаммоҳои мубрами рӯз, баҳсу мунозираҳои шавқангез, шеъру ҳикояҳо ва ғайра чоп мешаванд. Масалан, алҳол бобати ба танзим овардани маъракаҳо, алалхусус тӯй ва маросимҳои дафн, гузаронидани тантанаҳои оилавӣ матолиби ҷолибро чоп мекунем. Аммо барои мо шунидани фикру мулоҳизаҳои шумо низ фоидабахш аст. 
– Агар ба масъалаи номгузорӣ ба гузару маҳаллаҳо эътибор диҳем, кори савоб мешуд, – гуфт раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳалла Миролим Асадов. – Аз чӣ бошад, ки номи таърихии баъзе мавзеъҳои Самарқандро дигар мекунанд, ки нодуруст аст. Чанде пеш шунидам, ки номи гузари Кӯлро ба «Ташаббускор» иваз кардаанд, аммо мардум бо истодагарӣ боз номи аслии онро барқарор намуданд. Гузари Сафедӣ ҳам қариб дигар шуда буд, лекин баъзе бехабарони комиссияи номгузорӣ манзили моро Боғи Сафед гуфтаанд. Чаро? 
Афсӯс, ки чунин ҳолатҳои нохушро дар дигар гӯша ва канорҳои Самарқанд ва ноҳияҳои вилоят низ мушоҳида кардан мумкин аст. Аҷабо, чаро мо номи таърихии ватани хурдакаки худро бидуни андеша ва ягон тадқиқот дигар мекунем?
Албатта, қадршиносиву сипос кори хубу хайр аст, вале баъзан «қадршиносӣ»-ҳои мо ноҷову бемавриданд. Охир мо бисёр гузаштагоне дорем, ки ҳаёт ва фаъолияти ибратбахши онҳо таърих аст. Магар беҳтар нест, ки номи неки онҳоро зинда кунему дар қалби фарзандонамон нисбат ба авлоду аҷдод, таъриху фарҳангамон  ҳисси эҳтиром ва муҳаббатро бедор намоем, ки кори савоб мебошад.
Воқеан, номи кӯча ва гузарҳои нав низ бояд тарзе гузошта шаванд, ки хизмати шахсони таърихӣ ва касбу кори мардуми онҷоро инъикос кунаду муносиб бошад. Охир дар Самарқанд гузарҳои Кулолон, Дукчигӣ, Сӯзангарон, Қамчинон ва ғайра вуҷуд доранд?!
– Боз як масъалаи муҳим, – гуфт собиқадори таълими халқӣ Анзурат Шарифова, — бояд дар ёд дошт, ки дар Қомуси Асосии мо ҳуқуқи ҳамаи миллатҳои Ӯзбекистон зикр ва ҳимоя  шудааст. Ҳар як фарзанди мо ба забони модарии худ таҳсил гирифта метавонад. Хушбахтона, дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд бисёр гурӯҳҳои тоҷикӣ ҳастанд. Умед аст, ки «Овози Самарқанд» ба ин мушкилот низ дахолат мекунад.
Маърифат Рофеева, Равшан Исроилов ва дигарон низ ба сухан баромада, фикру мулоҳизаҳои худро бинобар беҳдошти рӯзномаҳои тоҷикӣ изҳор намуданд. 

Баҳодури ЗОҲИР,
вилояти САМАРҚАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: