ОМОДАГИҲО БА МАЪРАКАИ МУҲИМ

Участкаи раъйдиҳии рақами 258-и ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё ба раъйдиҳии умумии бахшида ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки 30 апрели соли ҷорӣ баргузор хоҳад гашт, комилан омода шудааст.

Раиси участка Шаъбон Олимшоев гуфт, ки ҳамакнун панҷ дарсади варақаҳои раъйдиҳиро аъзои комиссияи раъйдиҳӣ дастрас кардаанд ва аз 19-уми апрел то 26-уми ин моҳ тибқи дастури раъйдиҳии ҷумҳурӣ раъйи пешакии мардуми маъзур пазируфта хоҳад шуд. 
Ин ҳамон қишри овоздиҳандагонро фаро мегирад, ки нақшаи сафарашон ба хориҷ аз кишвар қаблан барномарезӣ шудааст ва ё далели раднопазир доранд, ки ширкати онҳоро дар раъйдиҳӣ маҳдуд месозад. Гуфта мешавад, ин чорабинӣ ба он сабаб амалӣ мегардад, ки маросими раъйдиҳӣ ба зиндагии рӯзмарраи мардум мамониате эҷод накунад ва ба меъёрҳои ҷомеаи демократӣ ва мардумсолорӣ, ки дар Сарқонун зикраш рафтааст, созгор бошад.
Назар ба гуфтаи Ш. Олимшоев, участкаи раъйдиҳӣ дар мактаби рақами 45-и ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Чилгаз» воқеъ шуда, аз маркази ноҳияи Деҳқонобод дар масофаи 55 километр қарор дорад. Дар участка тамоми ҷиҳози зарурӣ: кабинаҳои овоздиҳӣ, мизу курсиҳо, аломатҳои самтнамо, дастури махсуси оид ба референдум дастрас шудааст. Аз ҷониби мутахассисони соҳа узви 11 нафараи комиссияи раъйдиҳӣ, ки иборат аз 5 нафар омӯзгор ва 6 нафар фаъолони ҷомеа ҳастанд, дар робита ба қоидаву қонуни баргузории чунин чорабиниҳои хеле муҳим омӯзонида шуданд ва кунун аз нозукиҳои кор воқиф ҳастанд. 
Ба участка мардуми чаҳор деҳаи ин минтақа – Обихешон, Каворагӣ, Чилгаз ва як қасмати аҳолии Қишлоқи Калон омадаву раъйи худро хоҳанд дод. Дар маҳаллаи «Чилгаз» 2468 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки 1248 нафари онҳо ҳуқуқи раъй додан доранд.
Раиси ҷамоаи шаҳрвандони маҳаллаи «Чилгаз» Шариф Норқулов гуфт, ки корҳои таблиғотӣ дар байни мардум ба таври бояду шояд ба роҳ монда шудааст. Дар ин авохир бо ҳузури 80 нафар бошандагони маҳалла дидорбиние барпо гардид, ки дар он муовини ҳокими ноҳияи Деҳқонобод Сайфиддин Темуров низ ширкат дошт. Дар вохӯрии мазкур сухан аз муҳим будани маъракаи раъйдиҳӣ ба ҷонибдории тағйиру иловаҳо дар Сарқонуни ҷумҳурӣ рафт ва ба ҷамъомадагон аз бартариҳои Конститутсия дар таҳрири нав маърӯзаҳо хонда шуд. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: