РӮҲИ САМАРҚАНД ДАР ҚАЛБИ МУСАВВИР

Дар арафаи оғози ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай барои ҳаводорони санъати тасвирӣ ва меҳмонони Самарқанд дар майдони Регистон – Нигористони Чорсу намоиши асарҳои мусаввири шинохта, академики Академияи бадеии Ӯзбекистон, соҳиби ордени «Дӯстлик» Аслиддин Исоев тантанавор оғоз ёфт, ки «Рӯҳи Самарқанд аз нигоҳи рассом» ном гирифтааст.

Аслиддин дар мактаби рақами 34-уми деҳаи Чоршанбеи ноҳияи Самарқанд таҳсил мегирифту вақтҳои холӣ лаби рӯди Дарғом рафта расм мекашид.

Муаллими нақшакашиаш Ёдгоров (рӯҳаш шод бод!) пас аз дидани ҳар як кори эҷодии шогирд таъкид мекард, ки расмҳои олиҷаноб, вале боз истеъдоди худро сайқал диҳад... Аслиддин аз таърифу ситоиш курта-курта гӯшт гирифта, пайваста бо расмкашӣ машғул мешуд. Меҳру муҳаббат ба нақшакашӣ ӯро баъди хатми мактаби ҳаштсолаи зодгоҳ ба омӯзишгоҳи рақами 8-уми шаҳри Самарқанд овард. Баробари он дар мактаби шабонаи коргару деҳқонони рақами 16-уми деҳаи Ӯрташайх хонд. 
Номаи камолро гирифту рахти сафар баст ва рост назди писари амакаш – Даврон Сафозода, ки дар маҷаллаи «Хорпуштак» ҳамчун рассом адои вазифа мекард, бо нияти нек рафтанӣ шуд. Модараш Ҳикоят Исомиддинова даст ба дуо бардошта, роҳи сафед ва иҷобат гардидани орзуи неки фарзандро талабид. Аслиддин дар Душанбе ба маънои том ҳаматарафа «пухт», аз мусаввирони номдор сабақ гирифт. 
Барои идомаи таҳсил ба сӯи Маскав парвоз намуда, ба Донишкадаи рассомӣ ва кинематография ҳуҷҷат супурд, вале бахташ натофт. Вай рӯҳафтода нашуда, дар намоишгоҳи Комёбиҳои хоҷагии халқи умумииттифоқ (ВДНХ) ба кор даромад. Дар ин ҷо тақдир ӯро бо зебосанами арманӣ Гулнорабону, ки ба санъати амалӣ таваҷҷуҳи зиёде дошту ҳам шеър менавишт, рӯ ба рӯ кард, ки сӯҳбату баҳс дар атрофи касби мусаввирӣ ба дӯстӣ, дӯстӣ ба муҳаббати ҳақиқӣ табдил ёфту дере нагузашта тӯйи никоҳии онҳо ба вуҷӯъ пайваст.
Акнун ҳамсари меҳрубонаш барои ӯ ҳам маслиҳатгар буду ҳам мунаққид. Шояд аз ҳамин сабаб эҷодиёти вай аз як асар ба асари дигар сайқал меёфт. Нахустин намоиши асарҳои ӯ дар бинои собиқ хоҷагии ҷамоатии меваю токпарварии ноҳияи Пасдарғами вилоят ба вуқӯъ пайваст, ки шоири рус Лев Ошанин дар нигористон ташриф фармуда, ба эҷодиёташ баҳои баланд дод. Сипас, ӯ ба чунин таърифу ситоиш ҳангоми намоиши асарҳои худ дар Маскав (1984), Тунис (1985), Прага (1986), Деҳлӣ (1990), Амрико (1991), Белгия, Италия, Фаронса, Латвия, Испания, Олмон ва ғайра соҳиб шуд. 
Имрӯзҳо вай дар Нигористони Чорсу беш аз 70 асари гулчини хешро ба намоиш гузоштааст. Ба ҳамин муносибат гирдиҳамоӣ шуд, ки дар он директори Осорхонаи санъати Ӯзбекистон Васила Файзиева, мудири шӯъбаи Иттифоқи рассомони кишвар Иброҳим Валихӯҷаев, раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар Самарқанд Нуриддин Калонов ва дигарон ба сухан баромада, ба фаъолияти рассоми рангинхаёл баҳои баланд доданд. 
Дар атрофи асарҳои «Мароқанд», «Модар», «Якдилӣ», «Бачагии ман», «Шаб», «Нон», «Тарс», «Гургҳо дар осиёби кӯҳна», «Оила» ва дигари рассом мухлисону мутахассисон  баҳсу мунозираҳои аҷиб доранд. 
– Камина ба намоиши асарҳои шахсӣ бесабаб «Рӯҳи Самарқанд аз нигоҳи рассом» ном нагузоштаам, – гуфт мусаввир Аслиддин Исоев. – Зеро ман дар Самарқанд таваллуд шудам, тарбия гирифтам ва истеъдодам сайқал ёфт. Рӯҳи Самарқанд дар қалби ман аст. 
– Аслиддин Искандарович, кадом асарҳоятонро бештар қадр мекунед? 
– Барои эҷодкор ҳар як асар мисли фарзанд азизу мӯътабар аст. Шоирон мегӯянд, ки «Ҳар кӣ сухан бар сухане зам кунад. Қатрае аз хуни ҷигар кам шавад». Дар мо – мусаввирон низ чунин аст. 
– Ғояҳои нав чӣ хел пайдо мешаванд? 
– Дар шоиру нависандагон чӣ хел, ба мо ҳам ҳамин тавр. Аммо ба назарам, Худои меҳрубон ғамхор аст, ки ҳар як бандаро ба муроди дил мерасонад. Фаромӯш накунем, ки Худо якто, ана барои чӣ чанде пеш асари «Якдилӣ» офаридам, ки гӯё рӯҳи пайғамбарони динҳои гуногун сӯҳбат мекунанд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: